Хазина аз
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон густариш меёбанд
Сиёсат
21.10.2013 17:47
901
21-уми октябр Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олимақомро дар назди Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.Дар рафти мулоқот ва музокирот доираи васеи мавзуъҳои аҳамияти тарафайн дошта, азҷумла масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат ...
Нимпайкараи Айтматов ва Фирдавсӣ дар китобхонаи Рудомино
Хабар
21.10.2013 17:45
902
Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи М.И.Рудоминои Маскав нимпайкараи адиби шинохтаи қирғиз Чингиз Айтматов гузошта мешавад. Дар ин бора РИА новости истинодан ба сафорати Қирғизистон дар шаҳри Маскав хабар дод. Пайкара аз ҷониби ҳайкалтароши машҳури рус Георгий Франгулян офарида шуда, дар галереяи пайкараҳои адибон ...
Анҷоми озмуни «Ҷомеа ва нашъамандӣ» дар театри Ҷавонон
Хабар
21.10.2013 17:43
869
Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ бо номи «Ҷомеа ва нашъамандӣ», ки дар театри Ҷавонони ба номи М.Воҳидов рӯзи 14 октябр оғоз гардида буд, ба анҷом расид.Дар озмун даҳ намоишнома аз театрҳои манотиқи гуногуни кишвар иштирок карданд. Аз ҷумла, ҳунармандони театри халқии ноҳияи Ҳисор намоишномаи «Модар маро бубахш»-ро пешниҳод ...
Таъхири дигарбораи мурофиаи Тутубалина ва Иттиҳодияҳои эҷодӣ
Хабар
21.10.2013 17:42
804
Мурофиаи додгоҳии иттиҳодияҳои эҷодӣ ва Олга Тутубулина аз сабаби ҳозир нашудани даъвогарони асосӣ бори дигар ба таъхир андохта шуд. Намояндаи ваколатдори сарварони Иттиҳодияҳои эҷодӣ Рустам Устобев гуфтааст, ки тибқи қонун онҳо ӯҳдадор нестанд ба мурофиа ҳозир шаванд.
“Сангчарх”-и бародарон чоп шуд
Хабар
21.10.2013 17:40
867
Нашриёти “Адиб” романи “Сангчарх”-и бародарон Шарифбек ва Ҳокими Азизро аз чоп баровард. “Сангчарх” романи детективӣ буда, пайгири як ришта ҷиноятҳои муташаккил дар деҳоти дурдасти кӯҳистон аст. Муаллифон бо офариниши саҳнаҳои хотирмони ҷиноӣҷасорат ва дониши фасеҳ доштани кормандони милитсияро нишон идодаанд.
«Оинаи беҷило» дар Корея
Хабар
21.10.2013 17:38
988
Дар миёни 299 филм аз бештар аз 70 кишвари олам, ки дар фестивали байналмилалии шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ пешкаш шуда буд, «Оинаи беҷило»-и коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов низ роҳ ёфт. Дар суҳбат бо хабаргузориҳо Носир Саидов аз истиқболи гарми бинандагон аз «Оинаи беҷило» изҳори хушнудӣ кардааст ва гуфтааст, ки ....
ЮНЕСКО “Ҷараёни озод”-ро нашр кард
Хабар
21.10.2013 17:35
823
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти кишвар ЮНЕСКО дар Тоҷикистон китоби мусаввареро бо номи «Ҷараёни озод» интишор додааст, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст.
ҲНИТ аз ширкат дар интихобот худдорӣ кард
Сиёсат
21.10.2013 12:26
1053
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр бо пахши як баёния эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ ширкат нахоҳанд кард.Дафтари матбуоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр ба мо гуфт, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва номзади ин ҳизб Ойниҳол Бобоназарова бо пахши як изҳороти ...
Ҳомиди Карзай вориди Душанбе шуд
Сиёсат
21.10.2013 10:50
818
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон бо як сафари расмии дурӯза вориди шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Барномаи сафари расмии Ҳомиди Карзай, аз истиқболи расмӣ дар саҳни Кохи Миллат шуруъ шуда ва дидору гуфтугӯи як ба яки вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва баъдан дар сатҳи ҳайатҳои ...
Бемайлии номзадҳо ба таблиғ ва ҷалби мардум
Сиёсат
21.10.2013 10:49
853
Бо вуҷуди онки то интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ним моҳи дигар мондааст, аммо номзадҳо барои ҷалби мардум ба тарафи худ шитоби чандоне нишон намедиҳанд. Дар кӯчаҳои Душанбе шиорҳои таблиғотӣ, ҳолнома ва ё акси довталабони курсии раиси ҷумҳурро бисёр кам мебинед.