02:43:13 03-уми Июни 2025 сол

ШИКАСТИ ПАЙДАРПАЙИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ҲОЛАНД

Дастаи мунтахаби Олмон, ки дар гурӯҳи «B» қарор дорад, рӯзи 13-уми июн дар даври дуюми Ҷоми Аврупо 2012, бар дастаи мунтахаби Ҳоланд бо ҳисоби 2:1 дастболо гардид. Голҳоро аз дастаи мунтахаби Олмон, дар дақиқаи 24, 38-ум ҳамлагар Мария Гомес ва аз дастаи мунтахаби Ҳоланд бошад, дар дақиқаи 73-ум Ван Персӣ ба самар расониданд.

/images/stories/2012/06/15_germany-holland_euro2012.jpgҲамин тариқ дастаи мунтахаби Олмон бо шаш хол дар зинаи аввал, дастаи мунтахаби Ҳоланд, аз ду бозӣ ягон хол ба даст наовард ва дар зинаи чаҳорум қарор дорад. Дастаи мунтахаби Дания, ки дар бозии аввал дастаи мунтахаби Ҳоландро шикаст дода буд, аз дастаи мунтахаби Португол бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид. Дар нимаи авали бозӣ ҳамлагарон аз дастаи мунтахаби Португол Пепе ва Поштигӣ дар дақиқаи 24, 36-ум ду туб ба самар расониданд, вале бозингарони даниягӣ тавонистанд то охири нимаи аввал як голи ҷавобӣ ба дастаи Португол равона созанд. Голро бошад, ҳамлагар Бетнер ба самар расонид.

Дар нимаи дуюми бозӣ баъди ҳамлаҳои пайдарпайи дастаи мунтахаби Дания ҳисобро мусовӣ намуданд. Тубро бошад, боз ҳамлагар Бетнер дар дақиқаи 80-ум ба дарвозаи Португол равона сохт. Се дақиқа то охири бозӣ Силвестре Варела, яке аз бозингарони бомаҳорати Португол, ки чанде пеш ба майдон баромада буд, бо як зарбаи сахт тубро ба дарвозаи дастаи мунтахаби Дания равона сохт. Ва ҳамин тариқ бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи мунтахаби Португол ба анҷом расид,

Дирӯз ду бозии дигар дар гурӯҳи «C» доир гардид, ки бозии аввал байни ду дастаи овозадор, дастаи мунтахаби Италия ва Харватия баргузор гашт, ки бозӣ мусовӣ, яъне 1:1  ба анҷом расид. Бозии дуюм бошад, байни дастаи Испания ва Ирландия баргузор гардид, ки ғолиби бозӣ дастаи Испания бо ҳисоби 4:0 дастаи Ирландияро шикаст дод. Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Харватия ва Испания бо чаҳор холӣ дар садри ҷадвал қарор доранд. Дастаи Италия бошад бо 2 хол ва дастаи Ирландия бошад беягон  хол дар ҷои чаҳорум қарор дорад.

Сӯҳроби Бохтарӣ, махсус барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854