02:38:21 03-уми Июни 2025 сол

ЧАҲОР ГОЛИ БЕҶАВОБИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ИСПАНИЯ

Дирӯз дар гурӯҳи «С» ду бозӣ баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Испания бар дарвозаи дастаи мунтахаби Ирландия чаҳор голи беҷавоб зад. Аз дастаи мунтахаби Испания ду голро Фернандо Торес дар дақиқаи 4 ва 70-ум, як голи дигарро бошад, Давид Силва дар дақиқаи 49-ум ва Сеск Фабрегас дар дақиқаи 83-ум ба самар расониданд.

/images/stories/2012/06/15_spain-euro-2012.jpgДастаи мунтахаби Италия бошад, бо дастаи мунтахаби Хорватия ҳисобро мусовӣ 1: 1 анҷом доданд. Сараввал дар дақиқаи 39-уми бозӣ ҳамлагари дастаи мунтахаби Италия Андреа Пирло ҳисобро кушод. Ҳамин тариқ нимаи аввал ба фоидаи дастаи мунтахаби Италия ба анҷом расид. Дар нимаи дуюм бошад, дастаи мунтахаби Хорватия аз худ бозии касбӣ нишон дода, дар дақиқаи 72 –уми қисми дуюм ҳисобро баробар намуданд.

Баъди ду давра, дар гурӯҳи «С» бо чаҳор хол дастаи Испания дар ҷои аввал қарор гирифт. Дастаи Испания ба дарвозаи ҳарифон панҷ туб заданду як туб ба дарвозаи худ раҳо карданд. Дастаи Хорватия бошад, бо чаҳор хол дар ҷои дуввум қарор дорад. Ва дастаи Италия бошад, бо ду хол ҷои сеюмро ишғол намудааст. Бозии даври сеюми ду дастае, ки ба чорякфинал роҳхат пайдо менамояд, муайян месозад.

Имшаб боз ду бозии дигар дар гурӯҳи «D» баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Укроин бо дастаи мунтахаби Фаронса ва дастаи мунтахаби Шведсия бо дастаи мунтахаби Англия қувваозмоӣ хоҳанд намуд.

Сӯҳроби Бохтарӣ, махсус барои «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854