00:12:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

"Новеллазия": озмуни ғайримуқаррарӣ, ки эълон шудааст

Шабакаи интернетии"NewEurasia" иттилоъ дод, ки таҳти унвони "Новеллазия", озмуни нави адабиёти бадеӣ дар шакли хурд дар Осиёи Марказӣ" эълон кардааст. Ҳадаф кӯмак ба эътирофи байналмилалии муаллифони соҳибистеъдоди минтақа аст.

novellazia 54546655645Барои ширкат дар озмун шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон даъват карда мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд нависандагони нав шурӯъкарда, ки ҳоло чизе чоп накардаанд, адибони касбӣ, ҳамчунин блогнависон, журналистон, новелланависон ва дигар муаллифон бошанд.

 

Озмун маҳдудияте ба синну сол, ирқу нажод, ҷинс ва забон надорад, вале шарт он аст, ки ширкаткунандагон шаҳрванди яке аз ин кишварҳои номбурдаи Осиёи Марказиро буданро тасдиқ кунанд. Онҳо метавонанд асарҳои худро дар ҳар жанри адабӣ бошад: повест, қисса, маҷмуъи ҳикояҳо, новеллаҳо ва интишорот блогӣ ирсол намоянд. Вале шарт он аст, ки ҳатман онҳо бояд асарҳои бадеӣ бошанд. 

Дар ҷараёни озмун 5 нафар ғолибон муайян карда мешаванд ва онҳо ҳар кадом ба андозаи 300 евро мукофот мегиранд ва асарҳои онҳо, ки ба озмун фиристода шудаанд, бо забони инглисӣ тарҷума ва дар сомонаи  NewEurasia чун "блог-повест" интишор дода мешаванд. Ҳамчунин шакли электронии китобҳо бо забони инглисӣ ва забоне, ки он асар эҷод шудааст, интишор меёбад.

Асарҳои ҳамаи ширкаткунандагон баъди анҷом ва эълони натиҷаи озмун чоп мешаванд, вале танҳо бо забоне, ки навишта шудаанд.

Мувофиқи шарт асарҳое қабул карда мешаванд, ки то кунун дар ҷое чоп нашудаанд. Ҳаҷми онҳо на камтар аз 30 саҳифаи чопи компутарии А4 ва на бештар аз 100 саҳифаи ба ин монанд бошанд. Онҳо бояд чун  файлҳои MS Word.doc фиристода шаванд, на дар шакли pdf ва на rtf. Агар асарҳо бахшҳои садо ва видеоӣ дошта бошанд, пас ҳатман тарзи фиристодани онҳоро бо  NewEurasia машварат карда, баъд фиристанд. Муаллифон асарҳои худро то 1 апрел бо суроғаи Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.. ирсол кунанд.

Қарор аст ғолибон 1 майи соли 2014 эълон шаванд. 

Озмуни "Новеллазия" аз ҷониби хазинаи "HIVOS" (Нидерландия) пуштибонӣ шудааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №08, 26 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi