ЗИЁРАТИ ҲАҶ - БАҲРАИ САРВАТМАНДОН
Рӯзи сешанбеи 16 ноябр мусалмонони ҷаҳон аз иди Қурбон ё Ид-ал-азҳо таҷлил карданд. Ҳарчанд ин иди ҷаҳонӣ аст, аммо таҷлил аз ин ид дар Макка, шаҳри барои мусалмонон муқаддас, бо шукӯҳу шаҳомати хоссе сурат мегирад. Дар ин шаҳр авҷи аълои ид, яъне рӯйдоди аслии ҳаҷ ё зиёрати муқаддасоти исломӣ баргузор мешавад. Зиёрате, ки ҳар мусалмон барои анҷоми он талош мекунад.
Дар мавриди наҳваи анҷоми ҳаҷ ва рафтори зойирон дар ҷараёни ҳаҷ назарҳо мухталифанд. Ҳатто намозгузорони як масҷид низ дар ин замина ихтилофи назар доранд. Ҳаҷ дар канори калимаи шаҳодат бар ин ки "нест худое ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад паёмбари ӯст" , панҷ вақт намоз, гирифтани рӯза дар моҳи рамазон ва закот ё кумаки молӣ ба фақирон, аз аркони аслии исломӣ маҳсуб мешавад. Рамил Содиқов, имоми масҷиди Таърихии шаҳри Маскав ба Би-би-сӣ дар ин бора гуфт: "Бар асоси қавонини дини мо, ҳар мусалмони доро ва аз лиҳози ҷисмонию равонӣ солим ҳадди ақал бояд як маротиба дар зиндагияш ҳаҷ кунад."
Имконоти молӢ
Доштани имконоти молӣ барои адои маросими ҳаҷ бисёр муҳим аст. Воқеъан, адои маросими ҳаҷ танҳо барои ашхосе воҷиб аст, ки бо сармояи худ ва бидуни кумаки афроди дигар ба сафари тӯлонӣ омодаанд. Дар назди масҷиди Таърихӣ ман бо чанд тан аз ҷавонони ингуш суҳбат кардам. Ин афрод зоҳиран ниёзманд ё фақир набуданд, аммо гуфтанд, ки бо вуҷуди хоҳиши зиёд наметавонанд ба зиёрати Макка раванд. Як нафар, ки худро Ислом муъаррифӣ кард, гуфт: "Бояд шахс худаш пул пайдо кунад. Бо пули қарз ҳам ба ҳаҷ рафтан мумкин аст, аммо бо пули бо арақи ҷабин ёфтшуда рафтан беҳтар аст."
Як ҷавони дигар гуфт, ки ин пул бояд "ҳалол" бошад. Ба гуфтаи вай, истифода аз пуле, ки аз тариқи дуздӣ, қаллобӣ ё ҷароими дигар ба даст меояд, барои адои маросими ҳаҷ макрӯҳ аст. "Танҳо бояд бо заҳмати ҳалол ба даст омада бошад."
Аммо ин муқарраротро на ҳама риъоят мекунанд. Яке аз намозгузорони масҷид гуфт, ки ҳамаи аъзои хонаводааш барои анҷоми маросими ҳаҷ маблағеро барои ӯ ҷамъоварӣ кардаанд: "Ин рӯйдоди бузурге барои хонаводаи мо буд." Дуруст аст, ки пас аз бозгашт аз Макка ӯ ин пулҳоро бозгардондааст. Вале имоми масҷид ин наҳваи адои ҳаҷҷро қобили қабул намедонад. Ба гуфтаи Рамил Содиқов, танҳо афроди бехабар аз қавонину муқаррароти ислом ба чунин амале даст мезанад. Зеро мумкин аст, ки ин шахс дар сафар фавт кунаду қарзи худро натавонад бипардозад ва ин амр "шоиста нест."
Баҳраи сарватмандон?
Ба гуфтаи Рамил Содиқов, ҳазинаи сафари ҳаҷ дар Русия ҳоло ҳудуди 100 ҳазор рубл ё 3300 дулори омрикоӣ аст. Бархе аз намозгузорони масҷид мегӯянд, ки бо 60 ҳазор рубл ҳам ба зиёрати Каъба рафтан мумкин аст. Аммо ин маблағ ҳам барои сокинони миёнаҳоли Русия гарон аст. Имом меафзояд: "Оре, воқеъан ҳам ҳаҷ баҳраи сарватмандон аст."
Зимнан, дар ислом накӯҳиши афроде, ки имкони молии сафар ба Маккаро надоранд, раво нест. Роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо кардан мумкин аст. Масалан, як шахс метавонад аз дигаре бихоҳад, ки ба ҷойи ӯ низ маросими ҳаҷҷро анҷом диҳад, аммо ба шарте, ки ин фард пештар ҳаҷ карда бошад.
Аз сӯйи дигар, ҳарчанд ҳаҷ аз аҳдофи ҳар мусалмон аст, аммо ба гуфтаи Абдулвоҳид Ниёзов, раиси Маркази фарҳанги исломии Русия "инсон бояд барои ба даст овардани имконоти молӣ барои ҳаҷ талош кунад, аммо ин вазифаи шахс нест, вазифаи шахс талош барои анҷоми сафари ҳаҷ аст."
Имкони дигаре низ барои анҷоми сафари ҳаҷ мавҷуд аст. Ба гуфтаи намозгузорон ва имоми масҷид, ҳар шахсе метавонад ба гунаи қарнҳои гузашта пиёда ба Макка сафар кунад. Рамил Содиқов мегӯяд, ки имрӯз низ афроде ҳастанд, ки аз ин тариқ фаризаи ҳаҷҷро адо мекунанд. Теъдоди ин афрод андак аст ва онҳо дорои обрӯву эътибори вижае ҳастанд.
Ба сафари зойирони пиёда дар кишварҳои исломӣ ба таври расмию ғайрирасмӣ кумак мекунанд. Аммо ин роҳ албатта бисёр хатарнок ва аз лиҳози ҷисмонӣ душвор аст. Имом мегӯяд: "Ин кори душвор аст ва одами имрӯзӣ ба анҷоми он омода нест. Фарди имрӯзӣ наметавонад роҳи тӯлониро тай кунад ва дар ду рӯз пойҳояш комилан хаста мешаванд."
Фанновариҳои ҷадид
Зимнан, адои ҳаҷ имрӯзҳо ҳарчи роҳаттар мешавад. Ҳоло тақрибан ҳеч касе пиёда ба Арабистони Саъудӣ намеравад. Ҳамаи расмиёти идориро ширкатҳои вижаи ҷаҳонгардӣ анҷом медиҳанд ва дар маҳалли ҳаҷ зойиронро намояндагони ширкатҳо пешвоз мегиранд ва дар меҳмонхона ҷой медиҳанд.
Ширкати иртибототии Арабистони Саъудӣ барои iPhone барномаи вижаи “Ал-Ҳаҷ”-ро таҳия кардааст, ки бо кумаки он зойирон бидуни фаромӯш кардани чизе боғоҷи худро омода мекунанд. Ҳамчунин, дар ин барнома феҳристи фароизи ҳаҷ дар рӯзҳои мухталиф ҷой дода шудааст. Дар ниҳоят, баҳрабардорӣ аз роҳи оҳане, ки амокини муқаддас дар шаҳри Маккаро ба ҳам мепайвандад, аз ҷумлаи навовариҳои ахир дар ин замина маҳсуб мешавад.
Дар сурати фаъол шудан бо зарфияти комили худ дар соли оянда ин роҳи оҳан метавонад дар як соъат 72 ҳазор мусофирро интиқол диҳад. Аммо маълум нест, ки ин роҳи оҳан имкони интиқоли ҳамаи зойиронро хоҳад дошт ё хайр. Тибқи баровардҳои мухталиф, дар соли ҷорӣ ба шаҳри Макка аз 2 то 2,5 милюн зойир ворид шудаанд. Мумкин аст дар оянда ин рақам ба таври қобили мулоҳизае афзоиш ёбад.
Павел Аксенов, Би-Би-Си, Маскав
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3587-2010-11-16-16-08-45.html