ТӮРАҶОНЗОДА: "ХОЛИГОҲИ ФАЗОИ ДИНӢ БА ХУРОФОТ РОҲ КУШОД"
Сӯҳбати мо аз "Ҷойгоҳи зан дар ислом" - китоби нави рӯҳонии саршинос, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, оғоз ёфт. Дар ин китоб намунаҳо аз "Қуръон" ва ҳадисҳои паёмбари ислом дар бораи мақому манзалати зан дар ислом гирдоварӣ шудааст, ки барои занон таҳсилу кор ва ҳаққи каромати ҳамсариро шоиста медонанд. Дар ҳошияи ин сӯҳбат, нигоҳе ба фазои динии кишвар ва хатари хурофот ба ҷойи исломи ноб дар ҷомеа сӯҳбат шудааст.
БАРДОШТҲОИ НОДУРУСТ АЗ ИСЛОМ
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Ин китобро холис барои ризои Худо, ба умеди аҷру савоб ва барои дифоъ аз шариати муқаддаси ислом таьлиф кардаам. Худо хоҳад ҳамааш ройгон тақсим мешавад. Зеро дар ин замон мубориза бар зидди ислом аз тарафи душманони он ва ҳатто аз тарафи мусулмонзодагон ва дӯстони нодони ислом хеле зиёд шудааст. Ҳар камбудие, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ва ҷомеаҳои гирду атроф нисбат ба ҳуқуқи зан мешавад, мегӯянд, ки ин аз сабаби таълимоти исломист. Гӯё ислом гунаҳкор аст, ки бо занон чунин муомилаи бад сурат мегирад.
Ва гуё тибқи шариати ислом занон ҳаққи интихоби шавҳар, ҳаққи таҳсил, ҳаққи кор надоранд ва раъяшон дар умури оиладорӣ ҳеҷ эътиборе надорад ва умуман онҳо ҷойгоҳи муносиб ва ҳаққи ҳаёти шарофатмандона дар зиндагӣ надоранд. Мавҷуд будани хушунат дар оила, таҳдиду лату кӯби зан, талоқҳои бесабаб ва аз ҷониби падарон манъ кардани таҳсили духтарони ба балоғатрасида, ин ҳамаро аз ислом медонанд ва мутаассифона чунин бардошти ғалат мекунанд, ки гӯё ислом ҷойгоҳи занонро дар ҳаёт нисбат ба мардон хеле пойин қарор додааст.
Табиист, ки ба ҳайси як мусулмони боғайрату баномус, натавонистам, ин ҳама нофаҳмию тӯҳмату таҳқирҳоро нисбат ба дини муқаддаси ислом таҳаммул кунам. Аз ин рӯ, ин китобро, ки ҷойгоҳи занро аз нигоҳи Қуръон, суннати паёмбар (с) ва шариати муқаддаси ислом дар хонавода ва ҷомеа муайян мекунад, таьлиф кардам.
Ҳарчанд, медонам, ки нашри ин китоб дар ҷомеаи мо аз тарафи муғризон ва мухолифон тафсири дигар мешавад. Ҳатман «омӯзгор"-е, ё «сокини шаҳру ноҳия"-е ва ё идораҳое ёфт мешаванд, ки ин кори бандаро барои «шӯҳрат» ва «ҳадафҳои сиёсӣ» ва ғайра нисбат медиҳанд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама эҳтимолҳо, масъулият дар назди Худо, дифоъ аз дину оини муқаддаси ислом маро водор кард, ки ба гуфтаҳои ин тоифа мардум аҳамият надиҳам. Ҳарчӣ гӯянд, гуфтан гиранд.
Аз ҳамин хотир ба навиштани ин китоб шурӯъ кардам. Хушбахтона дар ин мавзӯъ дар олами ислом адабиёти зиёде нашр шудааст. Аз ин рӯ ман даъво намекунам, ки инҷо ҳар чизе овардам маҳсули шахсии банда аст. Шояд хидмати асосии ман дар он аст, ки ин мавзӯъи ниҳоят муҳимро ба шакли китоб бо забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ ва бо дар назар гирифтани баъзе хусусиятҳои Тоҷикистон таъиф намудам.
ҶОМЕАЕ ДАР БАНДИ ХУРОФОТ
-Ҷомеаи мо суннатӣ аст, аммо хурофот ба суннат табдил шуда истода аст ва дигар фарқ байни исломи ноб ва хурофот гузошта намешавад, чаро?
-Бале, мутаасифона, хурофот зиёд аст. Бо вуҷуди ин мо бояд мардумамонро маъзур дорем.
-Маъзур ба кадом сабаб ва барои чӣ? Ин ҳам дар ҳоле ки исломи аслӣ зери сояи хурофот меравад ва мазҳабу исломро хатарзо мекунад?
-Ба он хотир мардумамонро маъзур дорем, ки онҳо то имрӯз имкони донистани аҳкоми исломиро надоштанд ва имрӯз ҳам бо тавре, ки лозим аст, надоранд. Аз даврони аморати Бухоро, аксари мардуми мо бесавод буданд ва аз ҳамин сабаб аз аҳкоми исломӣ хабар надоштанд. Адади ками уламоҳое, ки буданд, дар замони советӣ бо таври физикӣ аз байн бурда шуданд ва қисми зиндамондаашон барои солҳои тӯлонӣ дар зиндонҳои Сибири яхбаста маҳбус шуданд. Хулоса қишри уламои воқеӣ, ки мактаби фиқҳии Бухороро гузашта буданд аз байн рафт, ба истиснои якчанд нафари ангуштшумор.
Дар 20-соли истиқлолият низ мардум фақат шаш ё ҳафт сол (1998 то 2005) аз баъзе озодиҳои нисбие, ки мавҷуд буд, истифода бурда, иддае фарзандони худро ба донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷ фиристоданд ва баъзеи дигар дар ҳар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳалқаҳои таҳфизи Қуръон ва омӯзиши таълими ибтидоиро ташкил намуданд. Мутаассифона ин озодиҳои нисбӣ низ аз байн бурда шуд. Имрӯз фақат як донишгоҳи исломӣ ва 10-15 мадрасаи расмии дигар фаъолият мекунанд, ки маҷмӯъи донишҷӯёнашон ба 3 ҳазор намерасад. Табиист, ки дар як муддати кӯтоҳ ва бо адади ками уламои исломӣ, ки минбари оммавӣ мисли родиё ва телевизион дар ихтиёр надоранд, намешавад мардумро аз аҳкоми динӣ бохабар кард. Хусусан бо манъ кардани занҳо аз масҷид зарбаи сахттаре дар роҳи густариши маърифтаи исломӣ зада шуд. Аз ин рӯ фазои динӣ холӣ шуд ва ҷои онро хурофот, фарҳанги бегона ва дину мазҳабҳои дигар гирифт.
-Яъне фазо холӣ буд ва замоне ҳам донишҷӯёни тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд ва ҳоло, ки баргаштанд, ин маънои онро надорад, ки аҳкоми исломро омӯхтаанд ва барои рафъи хурофот нақш мегузоранд?
-Бале уламо ва ҷавононе, ки дар ин муддати кӯтоҳ чӣ дар
хориҷ ва чӣ дар дохил таҳсили улуми исломӣ гирифтанд бо қадри имконоти ниҳоят ками худ ба мардум аҳкоми исломиро мефаҳмонанд. Манъ кардани мавъизаҳо дар маъракаҳову маҳфилҳо, манъ кардани пахши наворҳои исломӣ дар бозорҳо нишонгари он аст, ки уламоҳои бодиёнат ва баномуси миллат хомӯш нанишастанд ва ба қадри имконоти худ бо вуҷуди фишорҳову таҳқирҳо ва муҳокимаву ҷаримаҳои судӣ, ин даъвати илоҳиро ба мардум мерасонанд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам фазои динӣ холист ва хурофот, афкору мазоҳиби дигар ба ҷойи мазҳаби ҳанафӣ дар ҷомеа густариш ёфтааст. Масъалаи беэҳтиромии зан дар хонавода ва ҷомиа, таҳқиру иҳонат ба ҳақи онҳо, аз таҳсил ва аз кор манъ кардани онҳо аз ҳамин сабаб аст.
ЗАНИ МУСАЛМОН ДАР БАНДИ ХУРОФОТ. ЧАРО?
-Шумо дар китоб аз ҷойгоҳи ислом барои зан бо такя ба ҳадисҳои бисёр далел овардед ҳатто мутобиқ шудани зан дар шароити кишварҳои секулёрӣ, аммо чаро бо ин ҳама занони ҷомеаи мусулмони дар банди хурофот боқӣ мемонад ва пешаи корҳои вазнину номуносиб мекунанд?
-Мутаассифона, аксари занҳои тоҷик дар замони шӯравӣ ва имрӯз низ машғули кор ҳастанд. Вале мутаассифона қисми зиёди онҳо ба корҳое машғул мешаванд, ки ба табиат ва хилқати онҳо созгор нест ва дар баъзе ҳолатҳо аз ғуломҳо ҳам беҳуқуқтар ҳастанд. Инҷо мо, уламои исломӣ вазифадорем бо баёни аҳкоми шариат дар бораи ҳуқуқи зан ба онҳо кӯмак намоем то, ки ҳуқуқҳояшон дар ҷомиа аз тарафи падар, шавҳар, масъулини мактабу донишгоҳҳо ва корфармоҳо поймол нагардад. Бале, тибқи шариат занҳо ҳақи кор кардан доранд, аммо касе ҳақ надорад, ки онҳоро ба кор кардану пул ёфтан маҷбур намояд. Духтар аз рӯзе, ки таваллуд мешавад, то сини балоғат ва то ба шавҳар баромадан падараш вазифадор аст, ки тарбия ва таъминаш намояд.
Баъди хонадор шуданаш, шавҳар вазифадор аст, ки зиндагии хубу муносибро барои ӯ таъмин кунад. Агар рафту худое накарда аз шавҳар ҷудо шавад, боқимондаи маҳраш то замони шавҳари дигар карданаш зиндагии шарофатмандонаи ӯро таъмин мекунад. Аслан ислом зани бешавҳар ва марди безанро мавриди накӯҳиш қарор додааст. Агар бе узри шаръӣ хонадор нашаванд, гунаҳкор мешаванд. Зеро яке аз роҳҳои пуртаъсири пешгирӣ аз фасоди ахлоқӣ, никоҳ мебошад.
Агар зан фарзанди болиғ дошта бошад, фарзандон вазифадор ҳастанд, ки модарро эҳтиром ва таъмин кунанд. Агар зан фарзанд ва падар надошта бошад, амакаш бояд таъмини ӯро ба зимма гирад. Агар ин ҳамаро надошта бошад пас тибқи шариат давлат вазифадор аст, ки агар зан кор карда тавонад бо кори муносиб таъмин намояд ва агар кор карда натавонад эҳтиёҷоти зарурии зани бепарасторро аз ҳисоби байтулмол (буҷа) таъмин намояд.
Зеро зан дар ислом азизу мукаррам аст. Агар кор кардан ҳам мехоҳад, бояд дар касбҳое кор кунад, ки ба латофату зебоӣ, ҳаёву иффат, отифаву табиат ва қудрати ҷисмониаш муғойир набошад. Мисли табиб, мураббӣ, муаллима, ҳуқуқшинос, хабарнигор, ҳисобдор, корманди бонк ва ғайра. Лек дар саҳро кетман задан, кӯчарӯбӣ, пешхизмати ресторанҳо будан, ин ҳама таҳқир ба каромати зан аст.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>
Шарҳҳо
RSS Обуна