ТӮРАҶОНЗОДА: "ХОЛИГОҲИ ФАЗОИ ДИНӢ БА ХУРОФОТ РОҲ КУШОД"
"ЗАН- РОҲРӮБ" ТАҲҚИР БА КАРОМАТИ ЗАН АСТ
-Вале имрӯз, ки занони мо асосан пешхизмат, роҳрӯб дар пеши чашми ману Шумо ва ҳукумат ҳастанд , ки «зан- роҳрӯб» -ро ман дар Ғарб ва на дар Шарқ надидам. Ҳарчанд, ки ҳоло Ғарб дигар ба ҷойи ҷорӯб техникаро истифода мекунад ва мардони мо ҳам ба ҷойи занон техникаи кӯчарӯбиро ихтироъ намекунанд то занҳоро аз хиёбон ба дохил сари кампутар ва технология шинонанд?
-Бале ман бо шумо мувофиқам, аммо аз сабаби он, ки хоҳарони мо ҳуқуқҳои худро намедонанд ва аз ихтисосҳои лозима бархӯрдор нестанд ва ё шояд кори муносибе барои худ намеёбанд, ба чунин корҳои паст даст мезананд. Аз ин рӯ мо ҳамагӣ уламои ислом, зиёиёни миллат ва матбуот бояд ба хоҳарони худ бифаҳмонем, ки пеш аз ҳама боиффат ва соҳиби хулқи хуб бошанд, як шахси хубу муносибро аз ҷумлаи мардони баору баномус ва бодиёнат ба шавҳарӣ ихтиёр кунанд, то ки ин шавҳар аз ҳама ҷиҳат онҳоро таъмин намояд. Ва агар мехоҳанд кор кунанд, бояд ба корҳои муносиби ҷойгоҳашон кор кунанд.
Бояд фарҳанги масъулияти мардон дар назди занон низ аз тариқи матбуот ва масоҷид дар ҷомеа таблиғ шавад. То мардон ба ҳайси падар, бародар, фарзанд ва ҳамсар дар назди хонумон масъулиятшинос шаванд. Барои ба чунин ҳадаф расидан, бояд пеш аз ҳама, фарзандони мо худопарасту боимон тарбия ёбанд. Зеро инсоне, ки имони комил дорад, нисбат ба модар, духтар ва ҳамсараш беҳурматию таҳқирро раво намебинад ва занро дар ҳаққаш зулм намуда, дар чорроҳаи зиндагӣ танҳову саргардон намегузорад.
РОҲҲОИ ПЕШГИРИӢ АЗ ТАЛОҚҲОИ ГУСТУРДА ЧИСТ?
Аммо, воқеият чунин аст, ки на ҳамаи мардум худотарсу ботақво ҳастанд. Барои чунин тоифаи мардум шариат аз тариқи ақди никоҳ ба зан ҳақ додааст, ки шартҳои худро дар санади ақди никоҳ сабт намояд. Аз ҷумла занҳо метавонанд чунин шартҳоро гузоранд; таъйини маҳри муаҷҷал. Зеро маҳри муаҷҷал баъди талоқ ё вафот пардохт мешавад. Мисол, агар арусхонум маҳри муаҷҷали худро (боқимонда) 10 000 доллар таъйин кунад ва шоҳдомод онро дар ҳузури шоҳидон қабул намояд ва ин маблағ дар санади ақди никоҳ ҳамчун маҳри муаҷҷал зикр шавад, бовар кунед, ҳар як ҷавони сабукандеш ҷуръат намекунад, ки бо ҳар сабаби ночизе занашро талоқ кунад. Зеро бояд баъд аз талоқ 10 000 долларро пардохт намояд. Агар ба ихтиёри худ пардохт накунад, қонун ӯро маҷбур менамояд, ки пардохт намояд ё зиндон равад, ба шарте, ки ҳукумати мо ақди никоҳи исломиро ҳамчуни санади ҳуқуқӣ эътироф кунад.
Ман бовар дорам, ки талоқ дар ҷомиаи мо дар чунин ҳолат ниҳоят кам мешавад ва занҳои бепарастор низ кам мешаванд. Зеро бо ин маблағ зани талоқшуда то шавҳари дигар кардан як ҳаёти шарофатмандонае дошта метавонад. Агар ин тарзи ақди никоҳро дар кишварҳои ғарбӣ бо номи (брачний договор) 40 -50 сол пеш расмӣ намуда бошанд, исломи азизи мо 1 400 сол пеш аз ин ба занҳои мусалмон ин ҳаққро дода буд. Ва ин ҳуқуқи исломиро хоҳарони мо дар кишварҳои арабӣ ва Эрону Покистон, Туркияву Молезиё ва Индонезия татбиқ мекунанд. Чаро дар кишвари мо не? Барои он, ки меъёрҳои шариатро аз ҳаёти ҳамарӯзаи мо дур карданд. Ин мавзӯъ дар китоб бо таври муфассал баён шудааст. Умедворам хоҳарони мо аз ин ҳуқуқи исломии худ дар оянда истифода мебаранд.
ЗАН МЕТАВОНАД ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД...
-Дар ин китоб дар бораи дар кадом замоне роҳбари давлат будани зан ҳадис ва ривояте овардед ва гуфтед, ки дар шароити кишварҳои дунёвӣ роҳбар будани зан иҷоза аст, аммо дар хилофати исломӣ халифа будани зан ҷоиз нест?
-Бале, ба ҳайси халифа фаъолият намудани зан дар шариати
ислом ҷоиз нест. Зеро дар ислом халифа ҳам раҳбари динист ва ҳам раҳбари дунявист. Тибқи аҳкоми исломӣ зан имоми (пешво) динӣ шуда наметавонад. Аммо, агар низоми давлатдорӣ хилофат набошад, низоми ҷумҳурӣ бошад, агарчи низоми ҷумҳурии исломӣ ҳам бошад, зан метавонад президенти кишвар интихоб шавад.
-Табиист, ки мардон мехоҳанд, ки занон аз ҳақуқи худ ҳарчӣ камтар донанд, зеро ҳарчӣ кам донанд ин ба фоидаи мардон аст. Аммо, Шумо дар боло ишора кардед, ки шиддат гирифтани талоқ ин аз хурофот ва надонистани аҳкоми исломӣ аст. Ҳатто талоқ бо SMS мӯд шудааст ва ҳоло уламои мо зарфияти фатво додан дар мавриди онро надоранд, ин ҳам дар ҳоле, ки 99 дарсади ҷомеа мусулмон аст. Ҳатто, тавре гуфтед аз аҳкоми исломи бехабаранд, аммо соатҳо даҳони амри маъруфгаронро новобаста аз он, ки тундгуйи мекунанд, гӯш мекунанд ва барои амри маъруфгарон ҳам ашк мерезанду....?
-Мардуми мусулмони мо барои амри маъруфгарон ашк намерезанд. Балки аз мазмуни сӯҳбати баъзе суханварони исломӣ мутаассир шуда, ашк мерезанд. Боварӣ дорам, ки ҷавонҳои масҷидрав ба занҳояшон зулм намекунанд ва бо ҳар сабаби ночизе лафзи талоқро истифода намебаранд. Зеро онҳо то чӣ андоза гуноҳи кабира будани талаффузи ин лафзро аз уламо шунидаанд. Касоне, ки аз тариқи SMS занҳои худро талоқ медиҳанд агар таҳқиқ намоем, масҷидӣ нестанд. Ба ҳар ҳол ин кори бад мутассифона дар байни ҷавонони мо пайдо шудааст.
Шарҳҳо
RSS Обуна