20:37:57 18-уми Июни 2025 сол

ТӮРАҶОНЗОДА: "ХОЛИГОҲИ ФАЗОИ ДИНӢ БА ХУРОФОТ РОҲ КУШОД"

ТАЛОҚҲОИ ТЕЛЕФОНӢ ВА ҲУКМИ ШАРЪИИ ОН

-Бубинед ҳар сол даҳҳо хонаводаи ҷавон талоқ мешаванд, ҳатто бо ин “мӯди замонавӣ"-и SMS, пас ҳукми шаръияш чист ва аз ин падидаи номатлуб чи хел бояд ки пешгирӣ кард?

-Талоқи бо воситаи SMS мисли талоқи аз тариқи мактуб мебошад. Яъне, агар нависандаи он худаш ҳозир шуда эътироф кунад, ки ҳамон вақт SMS- ро ман фиристодам, аз ҳамон рӯзи талоқкардааш талоқ воқеъ мешавад ва аз ҳамон рӯз эътиборан иддаи шаръии хонум шурӯъ мешавад. Аммо, агар эътироф накунад ва гӯяд, ки шояд касе аз номи ман шӯхӣ кардааст, талоқ ҳисоб намешавад. Овардани лафзи талоқ бар забон гуноҳи бузург аст. Паёмбари Худо (с) дар як ҳадиси саҳеҳ фармуданд: «Аз талаффузи талоқ арши худовандӣ меларзад». Ё дар ҳадиси дигар фармуданд:

«Бадтарин лафзи мубоҳе, ки аз забони мусалмон мебарояд ин лафзи талоқ аст». Хусусан лафзи се талоқ. Ҷавонони мо бидонанд, ки бо талаффузи ин калима ҳамсаронашон барои онҳо бегона мегарданд, кӯдаконашон бепадар ё бемодар мемонанд. Аз ин рӯ аз истифодаи ин калима бояд, ки дур бошанд.

Талоқ, он ҳам бошад як талоқ дар ҳолате ҷоиз мегардад, ки зиндагӣ барои ҳарду ба ҷаҳаннам табдил шуда бошад ва тамоми роҳҳои мусолиҳа, сабру таҳаммул, миёнаравии афроди калонсоли хешу табор истифода шуда бошаду натиҷае надиҳад, дар ин сурат фақат як талоқ диҳад. Бо ҳамин як талоқ мард аз зан ва зан аз мард ҷудо мешавад ва ҳарду метавонанд оилаи дигар ташкил кунанд ва агар рафту пушаймон шаванд, боз метавонанд бо никоҳ ба якдигар бозгарданд. Ба ҳар ҳол ба фикри ман агар институти маҳри муаҷҷал дар кишвар ҷорӣ шавад, талоқ хеле ҳам кам мешавад.

"ҲАЛОЛА ҶОИЗ НЕСТ"

-Чун сӯҳбат аз талоқ рафт, имрӯз як падидаи зуҳур кардааст, ки зану шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд, боз дигарбора никоҳ мекунанд зиндагиро идома медиҳанд. Дар ҳоле, ки дар мазҳаби мо ин падидаҳо нест, ки баъди талоқ бидуни ба истилоҳ, "ҳалола" зан бо шавҳараш зиндагиро идома диҳад.Чаро чунин аст?

-Аслан "ҳалола" дар шариати ислом ҷоиз нест. Ҳаром аст. Зеро он никоҳе, ки ба мақсади ҳалола мекунанд, никоҳи муваққат аст ва никоҳи муваққат дар назди тамоми мазоҳиби аҳли суннату валҷамоат никоҳ ҳисоб намешавад. Аз ин рӯ ҳаром аст. Паёмбари Худо (с) ҳалолагар ва ҳалолакунро лаънат гуфта, онро ба таккаи мустаор, ки барои бордор кардани бузҳои ҳамсоя истифода мешавад, ташбеҳ кардааст.

Дар шариати исломӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ба хотири манофеъи умум, ҳифзи ҷон ва ҳамчунин ба хотири ҳифзи оилаву фарзанд истисноҳое вуҷуд дорад, ки уламоҳои варзида метавонанд аз ин истисноҳо истифода баранд. Аз ҷумла дар масъалаи талоқ дар ҳолати зарурат уламои мазҳаби мо метавонанд аз мазҳабҳои дигар фатво ёфта оиларо нигоҳ доранд. Дар ин масъала намехоҳам бо тафсил сӯҳбат кунам. Зеро масъалаи талоқ ин масъалаи ниҳоят нозук ва ҳассос аст, аз тариқи матбуот дар ин бора ба тафсил сӯҳбат кардан ба фоидаи омма нест. Ба ҳар ҳол олиме, ки фатво медиҳад рӯзи қиёмат худаш ҷавоб медиҳад. Мо набояд оилаҳоеро, ки аз тариқи фатво дубора никоҳ мешаванд, сарзаниш намоем.

 ЧАРО  ХОНУМҲОИ  РӮҲОНИЁН ТАҲСИЛКАРДА НЕСТАНД?

-Дар ин китоб дар мавриди таҳсил кардан ва мақом доштани занон дар ҷомеа ҳадисҳои зиёд овардед, вале чаро духтарон ва ҳамсари Шумо, шахсиятҳои рӯҳонии дигар, мисли Нуриву Ҳиматзода, Ҳоҷӣ Исмоилу Ҳоҷӣ Амонулло ва …....нохондаанд. Чаро шумо саъй намекунед то барои ҷомеа улгу шавед ва мардум ҳам донанд, ки ислом танҳо дохили масҷид ва зан танҳо барои кори хона ва фарзанд тавалуд кардан нест?

-Духтарони ман агарчанде, ки донишгоҳ хатм накарданд, вале алҳамдуллиллоҳ босавод ҳастанд. Осори гузаштагонамонро бо хатти форсӣ мутолиа мекунанд. Ҳамаи духтаронам дар Эрони исломӣ мактаб ва баъзеяшон дар донишгоҳ мехонданд. Мутаассифона дар кишвари мо фазо ва шароит барои таҳсили духтарони мутадаййин дар донишгоҳҳоямон вуҷуд надорад. Масалан ҳеҷ духтари худотарс розӣ намешавад, ки беҳиҷоби исломӣ байни ҷавонҳои бегона таҳсил кунад. Ҳамчунин падарҳои мутадаййин низ розӣ намешаванд, ки духтарони ба балоғат расидаашон байни ҷавонони бегона сару гардани луч, яъне беҳиҷоб таҳсил кунанд.

Хулоса аз он, ки духтарони мо ва амсоли мо дар донишгоҳҳои кишварамон таҳсил намекунанд, айби мо нест, айби масъулини кишвар аст, ки ба хотири ҷорӣ намудани анъана ва расму оини ғарбиҳо шуда ва ба хотири розӣ намудани онҳо аз худ садҳо, шояд ҳазорҳо духтари мусалмони тоҷикро аз таҳсил дар донишгоҳҳо маҳрум карданд, ки уболи нахонданашон дар гардани онҳост. Вақте муҳити муносиб барои таҳсили як хонуми мазҳабӣ вуҷуд надорад, чи тавр таҳсил кунад? Аз як сӯ ақидаи диниаш маҷбураш мекунад, ки ҳиҷоб дошта бошад, зеро ҳиҷоб фарзи қатъии илоҳист. Аммо аз сӯи дигар ҳукуматдорон маҷбур мекунанд, ки беҳиҷобу бесатр бошанд. Табиист, ки дар ин ҳолат духтари боимон сатру ҳиҷобро аз таълим боло медонад. Зеро сатру ҳиҷоб фарзи айн аст, таҳсил фарзи кифоя.

ИСЛОМИҲО АЗ ҲАМА ТАҲАММУЛПАЗИРТАРАНД?

-Яъне фазои таҳамулпазирӣ нест дар ин самт?

-Имрӯз аз ҳама зиёд уламои исломӣ таҳамулпазир ҳастанд. Паёмбарашон, Қуръони азимушшаън ва рамзҳои исломияшон таҳқир мешавад, таҳаммул мекунанд. Ҳуқуқҳои динияшон поймол мешавад, таҳаммул ва сабр мекунанд. Хусусан имомхатибони бечора. Ҳар ду ҳафта як бор дар маҷлисҳои се чор соатаи шаҳру навоҳӣ дар қатори дигар «чиновникҳо» бояд иштирок кунанд ва баъзан мавриди таҳқиру масхара қарор мегиранд. Тарзи ришмонӣ, либоспӯшӣ ва вақтҳои охир дар бораи бесаводияшон масъулин ошкоро онҳоро мазаммату таҳқир мекунанд.

Бо муҷарради зикри номашон бояд рост хезанд ва то иҷозаи шиштан ба онҳо надиҳанд, ҳаққи нишастан надоранд. Агар ягон нафар аз ин домуллоҳо, ки қадри худро медонад, мабодо аз ҷой нахезад ва ё ин ки бидуни иҷоза нишинад, раис аз боло итоб карда мегӯяд; "мара ҳурмат намекунӣ, вазифаи мара ҳурмат кун! Ман намояндаи Ҷаноби олӣ ҳастам!.." Бубинед, тафаккури мансабдорони моро, мардумро маҷбур мекунанд то ки онҳоро ҳурмат кунанд. Ҳоло он, ки ҳеҷ вақт ҳурматро аз тариқи зурӣ намешавад ба даст овард. Балки бо ахлоқи хуб, бо сухани хуб, бо муомилаи хуб, бо хидмати софдилона сазовори ҳурмат шудан мумкин аст. Ман гумон мекунам дар ягон кишвари дунё чунин беҳурматие, ки дар кишвари мо нисбат ба рӯҳоният мешавад, шояд набошад.

Мансабдорони мо фикр намекунанд, ки имомхатибон корманди давлат, маошхӯр ва зердасти онҳо нестанд, ки онҳоро ҳар вақт се чаҳор соат дар маҷлисҳои худ нигоҳ доранд ва агар яке аз онҳо ба хотири гузаштани вақти намоз аз маҷлисгоҳ барояд, боз таҳдидашам мекунанд. Худатон қазоват кунед кӣ таҳаммулпазир ҳасту кӣ бетаҳаммул? Дар солҳои ахир дунявигароёни мо барои таҳмил намудани дидгоҳҳои худ аз воситаҳои давлатдорӣ истифода бурда, онро ба мардум таҳмил мекунанд. Баъзеашро аз тариқи қабули қонунҳо ва баъзеи дигарро аз тариқи супоришҳои шифоҳии ғайриқонунӣ. Аммо, уламои исломӣ ба касе аҳкоми шариатро ба зӯр таҳмил накардаанд, маҷбур ҳам намекунанд. Фақат ҳукми шаръро баён мекунанд. Касе хоҳад амал мекунад, нахоҳад не.

«МИЛЛИОНҲО »-И ИСЛОМИҲО ВА САРМОЯҲОИ ХОРИҶӢ?

-Соли 2010  хабарҳо аз тариқи почтаҳои хусусӣ ба доираи хабарнигорӣ фиристода шуд, ки нерӯҳои исломии Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ маблағҳои ҳангуфт доранд, ҳатто аз Муҳиддин Кабирӣ як миллиардер сохтанд ва гуфтанд, ки  дар бонкҳои Тошканд ҳам миллионҳо дорад. Аммо, Шумо ба ин сармояҳо бовар доред ва Шумо дар бонкҳои хориҷӣ чӣ қадар маблағ доред?

-Ман ба ин суханҳо бовар надорам. Ин ҳама идомаи ҳамон тӯҳматҳост нисбати Муҳиддин Кабирӣ, ки як шахсияти воқеан ҳам исломӣ, мӯътадил ва миллӣ аст. Ин ҳама бофтаи душманони ислом ва душманони шахсиятҳои исломии Тоҷикистон аст. Ба хотири сиёҳ кардани онҳо дар ҷомиа. Худи ман дар ягон бонки хориҷӣ сармоя надорам.

НАҚЗИ ОЗОДИҲО МАРДУМРО БА ХИЁБОН МЕБАРАД

-Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва иддае аз шаҳрвандон мегӯянд, ки ҳақи озодиҳои фитрии мардум дар кишвар нақз мешавад, ки ин хатар дорад. Аммо бубинед дар кишварҳои шарқ ҳақи фитрии динӣ озод буд, дари масҷид ба руйи намозгузорон боз, аммо мардум қиём кард ва талаб доранд, ки шеваи зиндагӣ ва ҳукуматҳо дигар шаванд, чаро?

-Дар кишварҳои арабӣ низ солҳои зиёд озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон нақз мешуд. Дуруст аст, ки дарҳои масоҷид боз буд ва аксарияти мардум намозҳои худро адо мекарданд. Аммо дар Мисру Тунис бо ришу ҳиҷоб дар корхонаҳои давлатӣ кор карданро манъ мекарданд. Мутахассисони беҳтаринро бо сабаби узвият дар ҳаракатҳои исломӣ иҷозаи фаъолият дар мансабҳои давлатӣ ва ҳатто ширкатҳои бузурги хусусӣ намедоданд. Натоиҷи интихоботро таҳриф мекарданд. Хулоса маҳдудиятҳои сиёсӣ, мушкилоти иҷтимоӣ, ҳукуматсолории як ҳизб ё як фард дар муддати тӯлонӣ ва фасоди ошкорову беадолатӣ мардумро ба хиёбонҳо баровард.

-Ташаккур.

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 07.06.2011 18:05
Офарин! Мешудастку бе ягон ҳизби ба ном исломӣ дифоъ аз ҳуқуқи мусалмонон кардан! Аммо ҳизбиҳо ба ҷуз талош ба курсӣ, дигар ягон мароми исломӣ надоранд. Аз ҳамин шахс ақаллан ибрат гиред! Ин шахс узви ягон ҳизб нест, вале ба қадри тавоноӣ хидмати Дин мекунад, на монанди шумо ҳизбиҳои иғвогар!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ