ҚУРЪОНСИТЕЗӢ ДАР АМРИКО

Дирӯз, 13.09.10, ба муносибати нуҳумин солгарди ҳодисаҳои11-уми сентябр , гурӯҳи кӯчаке аз масеҳиёни тундгаро дар назди Қасри сафеди Амрико ба пора кардани Қуръон даст заданд. Ба иддаои онҳо ислом дини дурӯғин будааст. Ронадол Терӣ як узви ин гурӯҳи шаш нафара гуфт: «яке аз сабабҳои қиём кардани мо бахотири он аст, ки ибораи «Ислом дини мусолиматомез аст» бояд боз дошта шавад. Ба иттилои сомонаи www.nassej.соm, Андрей Беком, як тани дигар аз ин гурӯх, ба тиловати даҳҳо ояти Қуръон машғӯл шуда, чунин гуфтааст: «Инҳо бадбиниро нисбати яҳуду насоро тарғиб мекунанд» ва сипас саҳифаҳои Қуръони бо тарҷимаи англисӣ дар дасташ бударо пора-пора кардааст. Ба иттилои ин манбаъ, ин қуръонпоракунӣ дар ҳузури 20-тан аз журналистон сурат гирифта, таваҷҷӯҳи даҳҳо сайёҳро низ ҷалб кардааст. Полиси маҳал низ дар масофаи чанд метр дуртар истода ин амали ширкаткунандагонро сабт кардааст.
Қуръонпоракунӣ дар ҳоле ба анҷом расид, ки Амрико аз нуҳумин солгарди ҳодисаҳои Ню Йорк ёд мекард ва Террӣ Ҷонс-роҳиби ифротии калисое дар Флорида, мардуми кишварашро дар ин рӯз ба қуръонсӯзӣ даъват карда буд. Раиси ҷумҳури Амрико, Борак Обома, низ нороҳатии худро баён карда гуфта буд, ман ашхосеро дидан намехоҳам, ки бо рафторҳои номақбули худ, ҳаёти амрикоиҳоро дар хатар мегузоранд.
Дар ҳамин ҳол духтари Терри Ҷонс, ки дар айни замон дар Олмон ба сар мебарад, дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии Шпигел гуфт: “Падарам ақлашро аз даст додааст ва ниёз ба кӯмак дорад”. ӯ дар идома афзуд: “Барои падарам емайл фиристодам ва ӯро тарғиб кардам, ки аз тарҳи хеш барои сӯзондани Қуръон даст бикашад, ки албатта ҳеҷ ҷавобе ба ин паёми ман надод”.
Вай бо ишора ба давраи ҳузури падараш дар Олмон чунин гуфтааст: “Аслан, рафторҳои падарам ҳеҷ иртиботе бо Инҷил надорад, падарам аз назари динӣ як фарди гумроҳи воқеӣ аст ва ба хотири баъзе корҳояш дар соли 2008 аз Олмон ихроҷ шуд ва ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргашт. Умедворам аз роҳе, ки пеш гирифтааст, бозгардад”.
Ҳамзамон, расонаҳои ахбори умум амалиёти эътирозгарони ИМА-ро аз чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда берун унвон карда навиштаанд, ки амрикоиҳо бо таҳрики ду роҳиби калисо ду нусха аз китоби Қуръонро ба оташ кашидаанд. Ин амал дар Тенис рух дода, тибқи иттилои манобеи мазкур, лаҳзаҳои гуногуни сӯзонидани Қуръон дар Ню Йорк, Канзас ва дуртар аз Қасри Сафед мушоҳида карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол «Форснюс» бо такя ба пойгоҳи интернетии «Маркази иқдоми байнулмилалӣ» навиштааст, ҳамзамон бо нуҳумин солгарди ҳамалоти ёздаҳуми сентябр ҳазорон нафар аз мардуми шаҳри НюЙорки Амрико дар ҳамоише бо унвони «Иттиҳод ва ҳамбастагӣ» алайҳи нажодпарастӣ ва иҳонат ба ислом тазоҳурот карданд. Теъдоди ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот ба даҳ ҳазор нафар расида, хеле бештар аз эътирозот ахири зидди давлатӣ дар Амрико арзёбӣ шудааст.
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3111-2010-09-14-04-33-30.html
-
22.03.2026 15:28
419
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
406
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
526
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
285
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
315
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
376
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
210
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
935
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
966
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
669
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1348
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2275
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
08.05.2026 19:18
256
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
08.05.2026 19:17
262
“Ҳамагӣ бояд масъул бошем!”
-
08.05.2026 19:14
243
“Назорати қонунгузориҳо дар самти энергетика!”
-
18.05.2026 19:15
148
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
326
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
507
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
852
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1167
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1117
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2263
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2319
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3354
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
483
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1836
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1980
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
944
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1135
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1107
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:03
268
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
15.03.2026 21:02
274
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1323
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
07.10.2019 10:46
4371
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4606
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4877
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































