ФАРЗАНДХОНӢ ДАР ИСЛОМ

Ҳакиме гуфтааст, бандагӣ мактаби сабр ва давои дарди бефарзандӣ аст. Бесабрӣ нисбат ба ин дард боис шудааст, ки бунёди чандин оила решакан шавад. Ҳамзамон чандин тифли ятиммонда ё бесарпаноҳ бо ин сабаб сазовори зиндагии беҳтар ва хубтар гардида ҳамчун фарзандхон ба воя расидааст. Ё ин ки оилае бо гузашти ду сол, дигаре баъд аз даҳ сол ва саввумӣ дар поёни умр фарзандор шуда, ин мактабро бо сарбаландӣ паси сар кардааст. Бо пайгирӣ аз ин мавзӯъ ногоҳ нигоҳам ба қиссаи ҳазрати Закариё афтод. Паёмбари Худо(а) аз пиронсолии худ, нозойии завҷааш ва таъхир дар фарзандёбӣ нигаронӣ карда бо Худои худ чунин муноҷот мекунад: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва сарам аз пирӣ сафед шудааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, бебаҳра набудаам.
Ман пас аз марги хеш аз хешовандонам бимнокам ва занам зоянда нест. Маро аз ҷониби Худ фарзанде ато кун, ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯ ро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандида гардон» (сураи Марям, ояи 4-6). Дар ҷои дигар Закариё (а) бо чунин алфоз Худоро ёд кардааст: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, ҳамоно, ки Ту дуъоро мешунавӣ» (сураи Оли Имрон, ояи 38).
Худои бузург низ дуои Паёмбарашро қабул карда, дар ҳол Пайки Ҳақ ба ӯ мужда мерасанад «Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем» (сураи Марям, ояи 7). Пире, ки чандин сари сол барои адои рисолат заҳмат кашида буд, ҳоло тавзех Пайки Ҳаққро ҷӯё мешавад: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам зоянда аст ва ман худ дар пирӣ ба фартутӣ расидаам». Пайки Ҳақ дар ҷавоб гуфт: «Парвардигорат инчунин гуфтааст: «Ин барои Ман осон аст» (ҳамин сура ояҳои8,9).
Дар мавриди авлодёбӣ ба ҳамин монанд Қуръони карим чанд қиссаи дигаре, ҳам дорад, ки бандагони назидики Худованд барои наслгузорӣ пеши Худо дуо кардаанд. Ҳамзамон Қуръон қиссаи дигаре ҳам дорад, ки бузургони кишвар ба монанди Фиръавн ва Азиз Миср талаби писархондагӣ кардаанд. Ин писарон низ аз мардуми омма не, балки яке паёмбари улулъазм- Мӯсо(а)-ро ҳамчун фарзанд дар хонаи худ роҳ додаст.
Зани Фиръавн (Осия) гуфт: «Ин мояи шодмонии ману туст. ӯро макушед, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ гирем» (сураи Қасас, ояи 9). Азизи Миср низ Юсуфро ҳамчун фарди судовар қабул кардааст: «Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем» (сураи Юсуф, ояи 21).
Қуръони карим дар сураи Аҳзоб мавзӯи фарзандхониро жарфтар пайгирӣ карда, таъкид кардааст, ки бояд фарзандон бо номи падарони худ номгузорӣ шаванд ва тағйири ном дар насаби онҳо ноинсофона аст. Ин ояи карима дар шаъни ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шудааст. Чун он Ҳазрат(с) ҳангоме, ки бо Хадиҷа бинти Хувайлид издивоҷ кардаанд, завҷаашон ғуломеро бо номи Зайд ба Паёмбари Акрам(с) тӯҳфа карданд. Мардум ин ғулом-Зайдро бо исми параш не, балки Зайд писари Муҳаммад ёд мекарданд.
Ин чиз ба Худои карим писанд наомад. Пайки Ҳақ чунин паём овард: «Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо омурзандаву меҳрубон аст! Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, магар он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Бошад ин ҳукм дар китоби Худо навишташуда» (сураи Аҳзоб, ояти 5,6).
Тавре дар боло ишора кардем, Қуръони карим дар ин сура мавзӯи фарзандхониро ба баҳс кашида, барои барқарории адолат дар ҳаққи фарзанд баъзе аз қонунҳои амалкунандаро ноисофона хонда онҳоро лағв кард. Яке аз онҳо ин фарзандхонӣ буд, ки дар он замон кас ҳуқуқ надошт ҳамсари фарзандхонашро ба занӣ бигирад. Зайд, то хабардор шудан ва омадани падараш ба Макка, дар хонадони Паёмбар ҳамчун ғулом ба воя мерасид.
Баъд аз он ки падараш, аз ҳазрати Муҳаммад(с) хоҳиш кард, ки фарзандаш ба ӯ бозгардонида шавад, Паёмбари ислом гуфт, Зайд худаш интихоб кунад, агар хоҳиш рафтан бо шуморо дошта бошад, бигзор равад ва агар бо ман бимонад касе ӯро маҷбур карда наметавонад, ки инҷо тарк кунад. Ҳангоме, ки Зайдро дар ин масъала пурсиданд, хонадони нубувватро аз хонаи падарии худ авлотар донист ва аз рафтан бо падараш худдорӣ кард. Баъд аз ин воқеа ҳазрати Муҳаммад Зайдро ҳамчун фарзанд қабул кард.
Мардум низ онро писари Муҳаммад гуфта садо мекарданд. Баъд аз балоғат Паёмбари ислом Зайнаб-духтари аммаашро ба никоҳи писархондаш даровард. Зайду Зайнаб, ки собиқаи насабӣ ва саргузашти зиндагиашон аз ҳам фарқ мекард, зиндагии оилавиашон созгор ва пойдор боқӣ монда натавонист. Қуръони карим қиссаи онҳоро чунин нақл мекунад:
Ва ту ва он мард, ки Худо неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ, гуфтӣ: «Занатро барои худ нигаҳ дор ва аз Худо битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро, ки Худо ошкор сохт, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ҳол он ки Худо аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузорад, ба ҳамсарии туаш даровардем, то мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони фарзандхондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, манъе набошад. Ва ҳукми Худованд шуданист» (сураи Аҳзоб, ояти 37).
Худо худаш беҳтар медонад, вале тавре аз ин пажӯҳиш ба мо маълум мешавад, Худованд бо ин носозгорӣ дар хонадони онҳо чанд ҳукм ва ҳикматеро баён дошт. Барои мисол, аз нигоҳи омӯзаҳои шариати ислом, хукми фарзандхонӣ мансух карда шуд. Дигар ин, ки кас метавонад ҳамсари фарзандхондашро ба занӣ бигирад ва он зан келини ҳақиқӣ ҳисобида намешавад. Аз нигоҳи омӯзаҳои шариати ислом фарзандхонд ҳеҷ гоҳ ҷои фарзандро гирифта наметавонад.
Писархондашуда аз мероси «волидонаш» ҳақбар буда наметавонад. Фарзандхон барои апаву акаву додару хоҳар ва модари онҳо шахси номаҳрам ҳисобида шуда, баъд аз балоғат робита гирифтани ӯ бо онҳо шаръан ҷоиз нест. Бо ин вуҷуд, роҳи дигаре ҳам дар ислом ҳаст, ки дар мавридҳои алоҳида кас метавонад, фарзанди каси дигарро маҳрам ва ба ҷои фарзанд барои худ қабул кунад. Яъне, дар ислом ширхорагӣ вуҷуд дорад, ки ба анҷом додани он фарзанди бегона ҳуқуқи маҳрамӣ пайдо мекунад ва аз тамоми ҳуқуқҳои фарзандӣ метавонад баҳравар шавад.
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3179-2010-09-22-05-11-58.html
-
22.03.2026 15:28
419
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
406
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
526
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
285
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
314
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
376
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
210
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
935
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
966
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
668
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1348
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2275
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
08.05.2026 19:18
256
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
08.05.2026 19:17
262
“Ҳамагӣ бояд масъул бошем!”
-
08.05.2026 19:14
243
“Назорати қонунгузориҳо дар самти энергетика!”
-
18.05.2026 19:15
148
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
326
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
507
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
852
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1167
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1117
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2262
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2318
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3354
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
483
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1836
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1980
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
943
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1134
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1107
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:03
268
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
15.03.2026 21:02
274
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1323
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
07.10.2019 10:46
4371
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4606
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4877
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































