19:51:13 24-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо: боз ҳам бенатиҷа

Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштии дзюдо дар соли 2013, ки дар шаҳри Рио ди Жанейрои Бразилия тӯли як ҳафта идома дошт, рӯзи 1-уми сентябр ба охир расид. Дар ин сабқат варзишагарони тоҷик Расул Абдушарифов дар вазни 66 кило, Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило, Парвиз Собиров дар вазни 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни +100 кило бо ҳамтоёни худ аз дигар кишварҳои ҷаҳон қувва санҷиданд.

1 dzdo-455445Мутаассифона, ба ҳеҷ кадоме аз онҳо муяссар нашуд, ки дар ин қувваозмоии сатҳи баландтарини дзюдочиёни ҷаҳон ҷои намоёнеро ишғол намоянд. Ҳатто ҳеҷ кадоми онҳо ба қатори ҳафт гуштигири беҳтарини вазни худ дохил нагардид. Воқеан, Расул Абдушарифов қувваозмоиро аз даври дуввум шурӯъ кард ва дар ин давр гуштигир аз Анголия Ҳелио Зембуларо шикаст дод.

Вале дар даври саввум дар қувваозмоӣ бо Сиябулела Мабула аз Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ мағлуб шуда, аз ҳақи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд. Фарҳод Раҳимов, ки низ бидуни мубориза ба даври дуввум роҳхат гирифта буд, дар даври дуввум Кодо Наконоро аз Филиппин шикаст дод, вале дар даври саввум ӯро Иван Нифонтов аз Русия мағлуб сохт.

Парвиз Собиров ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошанд, дар даври аввал аз ҳарифони худ мутаносибан аз Валентин Грекови украинӣ ва Тедди Ринери фаронсавӣ мағлуб шуда, дигар аз ҳуқуқи идома додани қувваозмоӣ барои касби медалҳо маҳрум гардиданд.

Ҳамин тариқ барои дзюдочиёни тоҷик ин панҷумин чемпионати пай дар пайи ҷаҳон оид ба дзюдо буд, ки аз он бидуни медал онҳо ба Ватан бармегарданд. Воқеан охирин медалро аз чемпионати ҷаҳон дзюдочиёни тоҷик соли 2007 аз ҳамин Рио де Жанейро оварда буданд. Ҳамон сол паҳлавон Расул Боқиев дар вазни 73 кило дар чемпионати ҷаҳон ҷои сеюмро касб карда буд. Тибқи иттилои раиси федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллоҳ Лоиқов имсол Расул Боқиев, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекинро бино бар сабаби омода набуданаш ба қувваозмоиҳои ин чемпионат ба ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳамроҳ накарданд.

Хуб, фарз кардем, ки вазъи омодагии паҳлавон Расул Боқиев ба чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар сатҳи лозима набуд, вале паҳлавон Комрони Устопириён ҳамагӣ чанд ҳафта пеш дар Универсиада дар шаҳри Қазон ҷои сеюмро гирифта буд ва ба назар мерасид, ки омодагии хуби ҷисмонӣ низ дошт. Чаро ӯро ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил накарданд?

teddy-riner-930Дар посух ба ин савол Нуруллоҳ Лоиқов гуфт, ки Комрон ҳанӯз хеле ҷавон аст ва дар чунин мусобиқоте, ки дар онҳо бузургтарин ва қавитарин варзишгарони олам ширкат мекунанд, иштироки ӯ ба манфиати сабзиш ва ташаккулёбиаш нахоҳад буд. Зеро эҳтимоли лат хӯрданаш хеле зиёд аст. Рости гап, посухи раиси федератсияи дзюдои Тоҷикистон ҳарчанд ба назар мантиқан дуруст бошад ҳам, вале моро чандон қонеъ кунонда наметавонад.

Зеро мо медонем, ки ҳамин гуштигире, ки паҳлавони мо Муҳаммадмурод Абдураҳмоновро дар чемпионати имсолаи чаҳон оид ба дзюдо ба пушт хобонд, яъне Тедди Ринери 24-сола, ки имсол бори ҳафтум дар вазни +100 кило чемпиони ҷаҳон шуд, бори аввал дар 18-солагиаш, соли 2007 маҳз дар ҳамин Рио ди Жанейро чемпиони ҷаҳон дар миёни калонсолон шуда буд.

Комрони Устопириён фикр намекунам, ки  синни аз 18 сол камтар дошта бошад. Ҷавонони лаёқатманду боистеъдоди мо агар дар чунин чемпионатҳои ҷаҳон таҷриба нагиранд, боз кай ва дар куҷо соҳибтаҷриба мешаванд? Онҳоро аз наврасӣ ба рафъ намудани чунин мушкилот ва ғалаба кардан бар рақибони қавӣ омода накунем, кай дигар мекунем?

Дар ин сабқати ҷаҳонӣ тақрибан 680 варзишгари зану мард аз 123 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар ҷамъбаст дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷи) ҷойи аввалро гирифт. Фаронса бо касби 7 медал (2+2+3) дувум ва Куба бо касби 2 медали тилло севум шуданд.

elkhon-mamadov-4545Дар миёни дастаҳои мунтахаби мардон низ ҳамин дастаҳо ба тартиби болоӣҷойҳои якуму дуввуму саввумро гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ имсол Ҷумҳурии Озарбойҷон дастовардҳои хуберо ноил гардид. Паҳлавони ин кишвар дар вазни 100 килограмм Элхон Муҳаммадов бори аввал дар таърихи варзиши Озарбойҷон қаҳрамони ҷаҳон шуд. Боз як паҳлавони ин кишвар дар вазни 60 килограм Орхан Сафаров дар ин сабқати ҷаҳонӣҷои саввумро гирифт. Дар байни 23 кишвари ҷаҳон, ки паҳлавонони онҳо аз ҷумлаи мардон дар ин чемпионат соҳиби медал шуданд, дастаҳои мунтахаби дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Гурҷистон, Қазоқистон, Русия ва Украина ҳастанд.

Дар зер феҳристи 7-нафарӣ беҳтарин дзюдочиёни чемпионатро аз ҷумлаи мардон дар вазнҳои мухталиф пешкаши мухлисони ин навъи варзиш менамоем:

Дар вазни 60 килограмм

1.Наоҳиса Такато-Ҷопон

2.Амартувшин Дашдаваа-Муғулистон

3.Орхан Сафаров-Озарбойҷон

3.Вон Ҷин Ким-Кореяи Ҷанубӣ

5.Болдбаатар Гандбат-Муғулистон

5.Амиран Папинашвили-Гурҷистон

7.Асхат Телманов -Қазоқистон

7.Юлдуз Сметов -Қазоқистон

Дар вазни 66 килограмм

1.Масаши Эбинума-Ҷопон

2.Азамат Муканов-Қазоқистон

3.Гергий Зантарая-Украина

3.Масааки Фукуока-Чопон

5.Михаил Пуляев-Русия

5.Чарлз Чибана-Бразилия

7.Сугой Уриате-Испания

7.Наҷот Шейхализода-Озарбойҷон

Дар вазни 73 килограмм

1.Шоҳей Оно-Ҷопон

2.Уго Легран-Фаронса

3.Декс Элмонт-Нидерландия

3.Дирк Ван Тичелт-Белгия

5.Достон Якубов-Қазоқистон

5.Ниям Очир Саинҷаргал-Муғулистон

7.Рок Дракис-Словения

7.Рики Накая-Ҷопон

Дар вазни 81 килограмм

1.Луи Петри-Фаронса

2.Автандил Чирикишвили-Гурҷистон

3.Алан Смит-Фаронса

3.Иван Воробёв-Русия

5.Иван Нифонтов

5.Угаанбаатар Отгонбаатар-Муғулистон

7.Марсел Отт-Австрия

7.Ҷоахим Ботиё-Белгия

Дар вазни 90 килограмм

1.Аслей Гонсалес-Куба

2.Варлам Липартелиани-Гурҷистон

3.Иляс Илядис-Юнон

3.Кирилл Денисов-Русия

5.Ҷоаким Дварби-Шведсия

5.Кристиан Тот-Маҷористон

7.Каролис Бауза-Латвия

7.Селио Диас-Португалия

Дар вазни 100 килограмм

1.Элхан Мамадов-Озарбойҷон

2.Ҳенк Грол-Нидерландия

3.Дмитрий Петерс-Олмон

3.Лукас Крпалек-Чехия

5.Такаши Оно-Ҷопон

5.Уткир Қурбонов-Узбакистон

7.Сирий Марет-Фаронса

7.Рамзиддин Саидов-Узбакистон

Дар вазни аз 100 килограмм боло

1.Тедди Ринер-Фаронса

2.Рафаэл Силва-Бразилия

3.Андреас Тоэлзер-Олмон

3.Файсал Ҷабаллаҳ-Тунис

5.Александр Михайлин-Русия

5.Адам Окруашвили-Гурҷистон

7.Оскар Брайзон-Куба

7.Риу Шичиноҳе-Ҷопон

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi