02:44:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳси МБТИ бо пойгоҳи Русия дар Кӯлоб

Пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб ба идораи фаръии бақайдгирӣ(МБТИ) иҷозат надодааст, ки шиносномаи фаннии иншооти пойгоҳро таҳия кунад.

mintaqa-545466Баҳромшоҳ Раҷабов, сардори идораи МБТИ дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 4 сентябр ба мо гуфт, "дар асоси фармони ҳукумати Тоҷикистон барои ба қайд гирифтани тамоми иншооту биноҳо дар қаламрави минтақаи Кӯлоб, хостем пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кулоб ва тамрингоҳи Мумиракро аз қайд гузаронем ва шиносномаи техникӣ бидиҳем, аммо раҳбарияти ин пойгоҳ ба ин амали кормандони МБТИ монеъ шуданд ва иҷоза надоданд, ки ин кор сурат бигирад."

Баҳромшоҳ Раҷабов афзуд, ҳарчанд фармондеҳи пешини пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб ба ин кор мувофиқат карда буд, аммо фармондеҳи феълӣ комилан ба ин иқдоми, ба гуфтаи ӯ,  қонунӣ монеъ шуда ва сабаби иҷозат надоданашро "ба иншооти низомӣ будан ва сирри ҳарбӣ доштан”-и ин пойгоҳ рабт додааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Раҷабов мегӯяд, дар бораи бақайдгирии ҳамаи биноҳои сохташуда дар Тоҷикистон аз соли 1998 фармони ҳукумати Тоҷикистон мавҷуд аст ва ду соли пеш вазири мудофиа хоҳиш карда буд, то биноҳои ҳарбиро низ ба қайд бигиранд.

Ӯ афзуд: «Дар замони Шӯравӣ куллан махфӣ буд ва тамоман ба қайд гирифта намешуданд. Он замон махфӣ буд, вале ҳоло дар замони мо ин чизро қонун ба қайдгириашро ошкор эълон кардааст. Мо ҳам маслиҳат кардем, ки биёед мо ҳамонро плани генералӣ кунем ва танҳо таҳ ҷои сохтмон нишон диҳем. Агар дар дохили бино сирри ҳарбӣ бошад, мо ба дохили биноҳо кор надорем, фақат мо беруни онро сабт мекунем, вале ризо нашуданд.»

Ҷаноби Раҷабов мегӯяд, дар баробари таҳияи шиносномаи техникӣ барои пойгоҳ, инчунин тамрингоҳи «Мӯмирак», ки ба русҳо мансуб аст, аз қайди идораи онҳо бояд бигузарад. Ба гуфтаи раиси идораи МБТИ дар минтақаи Кӯлоб, дар ҳоле русҳо иҷозаи ба қайдигириро намедиҳанд, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон новобаста аз шакли фаъолият ҳама биноҳо ва иншоотҳои қаламрави минтақа бояд аз қайди техникӣ гузаронида шаванд.

Мақомоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин робита худдорӣ карданд ва муроҷиати моро беҷавоб гузоштанд. Масъулони сафорати Русия дар Душанбе низ ин суолро бепосух гузоштанд ва гуфтанд, ки ин масъала ба худи фармондеҳии пойгоҳи низомии Русия марбут аст.

Аммо масъулини идораи МБТИ-и шаҳри Кӯлоб мегӯянд, таҳияи шиносномаи техникӣ барои пойгоҳи низомӣ ҳатмӣ аст ва масъулони пойгоҳ низ бояд қонунҳои Тоҷикистонро итоат намуда, иҷозаи идомаи кор ба онҳоро бидиҳанд. Баҳромшоҳ Раҷабов, сардори ин идора мегӯяд, онҳо ҳоло ҳатто намедонанд, ки русҳо барои пойгоҳ ва тамрингоҳи худ чанд ҳектор замини Тоҷикистонро банд кардаанд:

«Вақте, ки мо шаҳодатномаи техникӣ мекунем, ҳам заминро нишон медиҳем ва ҳам иншоотро. Мо як замоне нуқтаҳои сӯзишвории пойгоҳро санад карда будем, вале дигар ба мо иҷоза надоданд. То мо шиносномаи техникӣ накунем, ҳатто намедонем, ки ҳудуди пойгоҳ ва машқгоҳ чанд гектарро ташкил медиҳад.»

Пойгоҳи низомии 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон, ки соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия таъсис ёфт, бо зери 7 000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи заминии нирӯҳои мусаллаҳи он кишвар дар хориҷ ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар канораи ҷанубии Душанбе ва шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоб мустақар шудаанд.

Полки русии воқеъ дар Кӯлоб ҳанӯз дар солҳои 30 - уми асри гузашта таъсис шудааст. Ҳамчунин тамрингоҳи низомии Мӯмирак, ки дар марзи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Шӯроободу Мӯъминобод воқеъ аст, бо фарогирии даҳҳо гектар замин низ ба полки пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб мансуб мешавад.

Замони будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон соли 2014 ба поён мерасад. Дар моҳи октябри соли 2012 руасои ин ду ҷумҳурӣ ба созишномае имзо гузоштанд, ки замони будубоши пойгоҳи 201-ро дастикам то соли 2042 тамдид мекунад. Вале бо онки ин созишнома аз ҷониби Русия пурра тасвиб шуд, ҷониби Тоҷикистон бо гузашти қариб як сол аз рӯзи имзояш ҳанӯз барои тасвиб ва ба иҷро даровардани он қарордод иқдом накардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi