00:48:43 03-уми Июни 2025 сол

ПЕШНИҲОДИ ИСЛОҲИ СИСТЕМИ БАҲОГУЗОРӢ

Коршиносони арсаи маориф ба таҳияи тарҳе барои ислоҳи системи баҳо ё нумрагузорӣ дар мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе оғоз кардаанд. Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон муътақид аст, ки системи роиҷи баҳогузорӣ, ки аз панҷ балл ё имтиёз иборат аст, дигар наметавонад бозгӯйи сатҳи воқеъии дониши шогирдон бошад.

 

Вале Вазорати маъорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар назар надорад чунин тарҳеро дар мактабҳои миёна дар саросари кишвар ба иҷро дароварад. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар иҷлоси ахири Маҷлиси шаҳри Душанбе ба ниҳодҳои зирабт дастур дода шудааст, то барои ислоҳи низоми баҳогузорӣ дар мактабҳои миёнаи шаҳр пешниҳодҳое таҳия ва ба масъулони шаҳрдорӣ ироа кунанд.

 

Ба гуфтаи оқои Саидов, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин ҷаласа гуфтааст системи баҳогузорӣ ё арзёбии дониши шогирдон дар мактабҳо, ки аз ду то панҷ имтиёз дорад ва аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст, чандон муассир нест. Шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ки ин систем бояд мавриди таҷдиди назар қарор бигирад ва ба бахши маъорифи шаҳрдорӣ ва ниҳодҳои дигари зирабт дастур додааст, ки бо истифода аз таҷрубаи кишварҳои пешрафта дар ин замина пешниҳодҳое таҳия кунанд.

 

Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ низ бар ин назар будаанд, ки ислоҳи системи баҳогузорӣ шогирдонро ба мутолеъаи бештар ташвиқ ва ба боло рафтани сатҳи дониши онҳо мусоъидат хоҳад кард. Дар сурати роҳандозии системи ҷадид муъаллимони тоҷик мумкин аст ба шогирдонашон ба ҷойи 2, 3, 4, ва 5, ки "бад", "қаноъатбахш", "хуб" ва "аъло" тавсиф мешаванд, нумраҳое монанди 8, 10, 13, 19 ва ғайра гузоранд. Албата, ин барои касоне, ки бо системи панҷбаллӣ одат кардаанд, номаънус хоҳад буд.

 

Вале ба гуфтаи Шавкат Саидов, ҳанӯз рӯшан нест, ки системи баҳогузории ҷадид бо бист имтиёз ва ё камтар аз он хоҳад буд. Вай афзуд, ки қарор аст дар ин мавзӯъ пешниҳодҳои коршиносони арсаи маъориф ва ҷомеъаи кишвар ба назар гирифта шаванд.

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо эъломи ин тасмим афзуда, ки ин ислоҳот дар чорчӯби омодагӣ ба соли оянда ба унвони "Соли маъориф ва фарҳанги фаннӣ", ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кардааст, анҷом хоҳад шуд. Шавкат Саидов афзуд, ки тасмим ба ислоҳи системи баҳогузорӣ танҳо ба мактабҳои миёнаи қаламрави шаҳри Душанбе рабт дорад.

 

Дар посух ба ин суол, ки ин амр то чи андоза бо қавонин дар бораи маориф ва низоми воҳиди омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон созгор аст, оқои Саидов гуфт, ки баррасии ин мавзӯъ ҷузви салоҳиятҳои Маҷлиси шаҳри Душанбе аст ва баъд аз ироаи пешниҳодҳо ин масоил низ ҳалли худро хоҳанд ёфт.

 

Дар ҳамин ҳол, Ноилшо Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, изҳор дошт, ки аз назарот ва пешниҳодҳо барои ислоҳи системи баҳогузорӣ дар мадорис иттилоъ дорад. Вай гуфт, ки қавонини Тоҷикистон роҳандозии системи ҷадиди баҳогузорӣ дар бархе аз мактабҳо ба таври озмоиширо иҷоза медиҳад. Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Нуралиев, ҷаласаи мушовараи Вазорати маъориф низ аз салоҳияти судури иҷоза барои чунин ислоҳоте бархурдор аст.

 

Аз сӯйи дигар, вай афзуд, ки Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар бораи ислоҳи системи баҳогузорӣ дар мактабҳои миёнаи куллияи кишвар то ҳол тасмиме нагирифтааст. Вале бисёре аз коршиносони арсаи маъориф мегӯянд, ки ислоҳи ин систем амре зарурист, зеро он сатҳи мутолеъа ва дониши шогирдони мактабҳои миёнаро бахубӣ мунъакис намекунад.

 

Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои Шӯравӣ, монанди Гурҷистон ва кишварҳои канораи Болтик аз муддатҳо қабл аз ин систем даст кашида ва системи ҷадидро ба роҳ андохтаанд.

 

Би-БиСи

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854