13:33:51 17-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ

Семинар барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» рӯзҳои 17-18 сентябри соли 2013 дар толори меҳмонхонаи Ҳаятт Риҷенси Душанбе баргузор шуд.

flageu-pic4-452Ҳамоиши мазкурро Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон доданд. Ин ҷаласа ҳамчун форуми кушода ба таҳлили фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳамкории ӯ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон равона гардид.

Нишасти дурӯза беш аз 50 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари кишвар, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ӯ дар минтақаҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳайати дипломатиро гирди ҳам овард. Дар семинар инчунин коршиносони созмонҳои ғайридавлатии байнулмилалӣ, аз қабили Бунёди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Penal Reform International («Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо», PRI), Мушоракати ғайритиҷоратии «Маркази байниқавмии байнулмилалӣ» (Русия) ва Пажӯҳишгоҳи молдавӣ оид ба ҳуқуқи инсон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни семинар ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, афзоиши нақши онҳо дар пешбурду ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҳияи қонунҳои дахлдор ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масоили ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самтҳои таҳлил ва пешбурди сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар гурӯҳҳои осебпазир, инчунин пешбурди тавсияҳои СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон муҳокима шуданд.

Ҳамзамон иштирокдорон зарурати ҳамкории Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшидаи кишвар иброз доштанд. Зимнан таҷрибаи пешқадами байнулмилалӣ оид ба истифодаи муассир аз Механизмҳои миллии пешгирӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷамъбаст намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор тавсияҳоро қабул карданд, ки ба беҳтар гардонидани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон равона шудаанд. Мувофиқи таҷрибаи маъмулӣ, тавсияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардида, зимни ҷаласаи навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар охири соли ҷорӣ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи ҳамасола оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Муколама баъд аз тасдиқи Дурнамои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии навин» аз ҷониби Шӯрои Аврупо дар моҳи июни соли 2007 оғоз гардида, ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои мардумсолорӣ равона шудааст.

Иттиҳоди Аврупо аз 28 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад.

Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархурдор аст. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият бурда, ҳамасола барои рушди мамлакат ба маблағи тақрибан 25 млн. евро кӯмак фароҳам менамояд.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi