06:21:33 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Э.Раҳмон: "Ориёиҳо оини парчамдориро ба вуҷуд оварданд"


Раиси
ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд. Ӯ парчами давлатии Тоҷикистонро чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик бисёр азизу муқаддас донист.

parcham 485477Дар паёми табрикии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ, ки шаби гузашта аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ қироат шуд, омадааст, ки "парчами давлатӣ барои мо як пораи одии матоъ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар, таҷассум гардидааст.»

Дар паёми оқои Раҳмон ҳамчунин омада, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам, маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллатро аз оғози таърих то ба имрӯз дорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, эҳтироми ливо -арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгон ва давлату давлатдорист. Аз ин хотир, раиси ҷумҳуи Тоҷикистон даъват кардааст, ки эҳтироми парчами миллӣ бояд дар миёни мардум ҳамчун муқаддасоти волои миллӣ, пазируфта шавад.

Ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ имрӯз дар саросари кишвар маъракаҳои гуногун дар назар гирифта шудааст. Аз ҷумла бо фармони шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид  Убайдуллоеев қарор аст, дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» аксияи «Садоқат ба Парчам», дар Кӯли ҷавонон «Орази Парчам», дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таърихи Парчам» ва дар майдони «800-солагии Москва» аксияи «Муҳаббат ба Парчам» доир карда шавад.

Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон шурӯъ аз 24-уми ноябри соли 2009-ум таҷлил мешавад. Ба унвони як рамзи муҳими давлати Тоҷикистон парчам, 20 соли пеш дар ҷараёни сесияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ тасдиқ шудааст. Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мешавад. Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст.

Ду сол пеш дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон, 9-уми сентябри соли 2011 Тоҷикистон азимтарин  парчамро дар ҷаҳон  дар милае ба баландии 165 метр барафрохт. Сохтмони ин миларо ширкати “Trident Support” ва маблағгузориашро "Талко" ба ӯҳда доштанд. Душанбе то ҳол эълон накардааст, ки барои сохтани ин мила чӣ миқдор пул сарф кардааст. Аммо коршиносон бо такя ба нархи милаи парчамҳои тақрибан ҳамсон дар Озарбойҷон ва Туркманистон мегӯянд, харҷи ин сохтмон зоҳиран на камтар аз 10 миллион долларро ташкил додааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi