09:27:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30  

10 фатвои зиддунақиз: Гӯшти малах - "ҳалол", Бобои барфӣ - "ҳаром"

Фатвои як рӯҳонӣ аз Арабистони Саудӣ, ки сохтани “одами барфӣ”-ро ҳаром ҳукм кардааст, мавҷи баҳсҳоро дар атрофи ин масъала барангехт.

boboi-barfi-56214554.jpgВақте дар поёни ҳафтаи гузашта, дар қисмате аз Арабистони Саудӣ ба таври фавқулодда барф зад, бисёриҳо барои сохтани “одамаки барфӣ” ва “шутураки барфӣ”, ки дар ин манотиқ маъмултар аст, ба кӯчаҳо рехтанд. Вале вақте аксҳои ин махлуқоти сохтаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет нашр шуд, рӯҳоние бо номи Шайх Муҳаммадсолеҳ Ал-Мунаҷҷид алайҳи аз барф сохтани чунин “одамак”-ҳову “уштурак”-ҳо фатво дод.

Ӯ дар як сомонаи мазҳабӣ дар шарҳи ин фатвояш навишт, “сохтани ҳайкал аз барф, ҳатто ба хотири бозӣ ё хурсандӣ муҷоз нест.” Бино бар ин фатво, Ислом аз барф сохтани танҳо шакли ашёи беҷонро иҷозат медиҳад.

Ин фатво билофосила дар шумули фатвоҳои аҷибу ғарибе қарор гирифт, ки рӯҳониёни мухталиф дар замонҳои мутталиф дар ин ё он масъала -  сар карда аз варзиши бадан то сафар ба кайҳон –  содир кардаанд.

Манъи сафар ба Миррих

Бар асоси фатвои Саридораи умури исломӣ ва авқоф, як ниҳоди асосии масъули умури динии Имороти Муттаҳидаи Араб, агар шумо ба Миррих билети яктарафа бигиред, меъёрҳои Шариати исломиро поймол мекунед. Бино бар ин фатво, ки як сол пеш содир шуд, “сафар ба Миррих мамнӯъ аст ва агар дар он сайёра ҳаёт набошад, роҳи бозгашт надорад. Имкони мурдан дар Миррих назар ба зистан хеле бештар аст.” Ин фатворо баъди он доданд, ки як созмони ғайритиҷории Ҳолланд бо номи “Mars One” гуфт, мехоҳад то соли 2025 дар Миррих нахустин  шаҳраки зист барои инсониятро бино кунад.

Тавба аз тату (холкӯбӣ)

Як ниҳоди аршади исломии Туркия ба мусулмонҳое, ки баданашонро тату (холкӯбӣ) кардаанд ва ин холкӯбиҳо дигар намеравад, фатво додааст, ки тавба кунанд. Идораи масоили динии Туркия рӯзи 8 январ гуфт, дар сурати имконпазир, мусалмонҳо холкӯбиҳоро бояд аз бадани худ пок кунанд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар моҳи июли соли гузашта, вақте ҳанӯз сарвазири Туркия буд, на раиси ин ҷумҳурӣ, як футболбози 18-соларо, ки дар дасташ холкӯбӣ дошт, ҳушдор дода буд, ки тату метавонад сабаби бурузи саратони пӯст шавад.

Йога – машқи бадан ё намози ҳиндуӣ?

Шӯрои фатвои Малайзия дар соли 2008 ба мусалмонони ин кишвар гуфт, аз машғулият ба йога парҳез кунанд, чунки он ба дини ҳиндуӣ рабт мегирад. Раҳбари Шӯрои фатво бо судури як фатво иддао кард, ки сабки таронахонӣ дар йога метавонад сабаби маҳви имони мусалмонон шавад.

Ин Шӯро идҳои Ҳалловин, Рӯзи Валентин ва ҳатто шунидану иҷрои “death metal” – як навъи мусиқиии роиҷ дар Ғарбро барои мусалмонон манъ фармудааст.

Велосипедронии занҳо

Як рӯҳонии мусалмони Ҳинд дар соли 2010 велосипедрониро барои занону духтарони болиғ аз синни 13  манъ карда буд. Муфтӣ Аршад Форуқӣ гуфт, “вақте духтарони баркамол берун аз манзил велосипед меронанд, бадани худро намоиш медиҳанд.” Ба бовари ӯ, рондани велосипед ҳатто ба бадани духтарон осеб мерасонад.

Бархе расонаҳо ҳатто аз қавли рӯҳониён оварданд, ки гӯё дар сурати рондани велосипед духтар метавонад бакораташро гум кунад. Аммо рӯҳониёни дигар ин фатворо рад карданд. Мавлоно Ясуб Аббос, дабири кулли Шӯрои саросарии шиъаҳои Ҳинд гуфт, бархе муфтиҳо “мехоҳанд худро мавриди хандахариш қарор диҳанд.”

Талоқ бо СМС

Бо СМС ҷудо шудан аз ҳамсар, албатта, роҳи муносибе барои нуқта гузоштан ба зиндагии муштарак нест. Вале Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ин шеваро ҳамчунин мухолифи меъёрҳои Шариат ҳукм мекунад. Талоқ бо СМС дар ин кишвар баъди он ба мавзӯи доғ табдил ёфт, ки даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия  ҳамсарони худро тавассути телефон ва ҳатто бо ирсоли як СМС талоқ доданд. Аммо идораи умури исломӣ ва хайроти Дубай танҳо он талоқи матниеро, ки дар ҳолати ғазаб фиристода шудааст, ғайримуҷоз хонда, гуфтааст, дар боқӣҳолатҳо, матне, ки вожаи “талоқ”-ро дорад, ҳукми иҷро мегирад.

Мики Маус - "душмани халқ"?

Шайх Муҳаммадсолеҳ Ал-Мунаҷҷид, ки ахиран бо манъи сохтани ҷонварҳои барфӣ вирди забон шуд, дар соли 2008 алайҳи Мики Маус низ фатво дода буд. Нашрияи "The Telegraph" аз ӯ чунин нақли қавл карда буд: "Мики Маус ба як қаҳрамони маҳбуб табдил меёбад, дар ҳоле ки тибқи Шариати исломӣ, Мики Мацс бояд дар ҳар сурат кушта шавад.“ Ӯ баъдан талош кард, худро сафед кунад ва гуфт, ӯ на куштани Мики Маус, балки танҳо маҳви “ҷонварони зараровар, мисли мушу кӯрмуш”-ро дар назар дошт.

Гӯшти кенгуру ва малах - ҳалол, вале самури обӣ – на

Идораи умури динии Туркия дар моҳи марти соли 2014 фатво дод, ки тибқи Шариат, гӯшти кенгуру ва малахро “ҳалол”  ва ё барои хӯрдлан қобили қабул аст.  Аммо дар ин фатво гуфта мешуд, ки Ислом хӯрдани “гӯшти қашқалдоқ, савсор, миримушон, қундузи навъи бобёр ва самури обиро манъ фармудааст, чунки онҳо ваҳшиёни дарранда мебошанд.”

Занони ронанда

Ронандагии занон дар Арабистони Сауидӣ тибқи қонун ва бар асоси фатвое аз ибтидои солҳои 90 манъ шуда буд. Занони ин кишвар бо нашри аксҳову видеоҳо аз лаҳзаҳои ронандагии худ талош карданд, то ин фатвову ин қонунро ба чолиш бикашанд. Як зани саудӣ бо номи Манал Шариф ҳатто дар соли гузашта баъди нашри чунин видео зиндонӣ шуд, вале ӯро бо дарёфти ин ваъда, ки дигар чунин қонуншиканӣ намекунад, баъди 10 рӯзи боздошт раҳо карданд.

Шир додан ба мардони ҳамкор дар корхона

Як рӯҳонии маъруфи Миср бо такя ба суханони Паёмбар Муҳаммад (с) дар соли 2007 фатвое дод, ки шир додани занҳо ба ҳамкорони мардро иҷоза медод. Доктор Иззат Атия, раҳбари бахши ҳадис дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Қоҳира, фатво дода буд, ки агар зан ҳамкори мардашро дастикам 5 маротиба дар рӯз “бевосита аз синааш шир бидиҳад”, ӯ барояш маҳрам мешавад ва зан метавонад бо ин мард дар як ҳуҷра танҳо бимонад. Дар чунин сурат, ба гуфтаи ӯ, ин марди ҳамкор барои ин зан ширхора мешавад ва зан метавонад дарҳузури вай ҳиҷобашро бикашад. Иззат Атия аммо баъдан дар пайи мавҷи эътирозҳо дар Мисру кишварҳои дигар аз ин фатво даст кашид ва фатвои додаашро “тафсири номуносиби ин масъала” номид.

http://news.bbc.co.uk/2/hi/middle_east/6681511.stm



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi