16:16:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Наимҷон: "Аз ман дар бораи модарам напурсед"

Наимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик, овозаи "порагирӣ"-и модарашро "эҷод"-и рақибонаш донист. Ӯ дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо мехоҳанд, монеи баргузории консерти наваш шаванд.

naimjon_89565445.jpgНаимҷони Сайдалӣ, овозхони ҷавони тоҷик, ки чанд сол пеш бо таронаҳои дилрешкунанда дар бораи муҳоҷирати кории тоҷикон ба саҳна по гузошта буд, сарусадоҳо дар бораи "порагирӣ"-и модараш аз як муҳоҷири депортшударо кори дасти рақибон донист. Ӯ рӯзи 31 январ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ин воқеаи куҳна асту бегуноҳии модараш ҳам исбот шудааст. Аммо, ба қавли Наимҷон, рақибонаш мехоҳанд, бо ин сарусадо андешаҳои ӯро машғул доранд ва монеи баргузории консерти наваш дар рӯзи ҳаштуми март, Рӯзи модарон, гарданд.

Ин овозхони ҷавони тоҷик афзуд, “намегӯям, ки ин овоза асос дорад ё не. Ман ба ин кор надорам. Умуман аз пушти ин хел фикрҳо намеравам. Маро дар бораи санъатам нависед. Ҳар рӯз дар бораи ман як овоза мебароранд. Агар аз пушти овозаҳо гардам, дигар корҳо мемонад. Шумо аз ман фаъолиятамро пурсед. Аз кори модарам напурсед. Ба кори модарам ман кор надорам.”

Наимҷони Сайдалӣ мегӯяд, рӯзи ҳаштуми марти соли ҷорӣ, дар Рӯзи модарон, нақшаи баргузории консерти калонро дорад ва ба он омодагӣ мегирад. “Баъзе аз рақибон мехоҳанд, ман ба фикрҳои дигар машғул бошаму ин консерт баргузор нашавад. Аз журналистон ҳам зиёд хоҳиш мекунам, дар атрофи ҳунари ман суҳбат кунанд, дар бораи сарояндагии ман бигӯянду ба наздиконам кордор набошанд”,-таъкид дошт ӯ.

Мақомот мегӯянд, Бибигул Собирова, ки ҳафт сол боз дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Бохтар кор мекардааст, барои тағйири номи як муҳоҷири депортшуда аз ӯ 3 000 сомонӣ гирифтааст. Дар ин бора ба мо аз Оҷонсии зидди фасоди вилояти Хатлон хабар доданд.

Ба гуфти намояндаи ин ниҳод, Бибигул Собирова, барои иваз намудани ному насаби як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки баъди ронда шудан аз Русия хостааст, бо насаби нав дубора ба муҳоҷирати корӣ равад 3000 сомонӣ гирифта, аз он 300 сомониро ба буҷаи давлат супурдааст ва 2700 сомонии дигарро аз худ кардааст.

Ному насаби сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки баъди ришва додан аз рӯи Бибигул Собирова ба кормандони Оҷонсӣ шикоят бурдааст, зикр намешавад, вале хонум Собирова забонхат додааст, ки то анҷоми қазия аз маҳалли зисташ берун нашавад.

Ин хабар мухлисони Наимҷони Сайидалиро, ки таронаҳои дардолуди ӯро муштоқона мешунавад, нороҳат кард, зеро ба гуфтаи онҳо ба ришваситонӣ муттаҳам шудани модари овозхон метавонад, маҳбубияти ӯро дар байни ҳазорон мухлисаш коҳиш диҳад. Аз сӯи дигар Оҷонсӣ мегӯяд, ки бо гузашти як моҳ аз иттиҳоми ришваситонӣ Бибигул Собирова ҳанӯз аз вазифааш озод нашудааст.

Ҷамшед Гулмаҳмадзода, сардори Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар вилояти Хатлон рӯз 30 январ дар суҳбати телефонӣ ба мо хабари ришваситонии Бибигул Собирова, корманди сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Бохтарро тасдиқ намуда, гуфт, зидди ӯ аз рӯи банди 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани пора, парвандаи ҷиноӣ омода ва ба Додгоҳи ноҳияи Бохтар фиристода шудааст:

“Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардем ва аз ӯ забонхат гирифтем, ки маҳалли зисташро то анҷоми тафтиш тарк накунад, барои ҳамин дар озодӣ гузоштем. Вай бояд дар вазифааш кор накунад, намедонам, ки барои чӣ дар вазифааш мондааст ва кор карда истодааст. Ҳоло шахсоне, ки аз Русия ронда ё депортатсия мешаванд, ному насабашонро иваз мекунанд ва дубора ба Росия мераванд. Ин амали ҷиноӣ аст.”- гуфт Ҷамшед Гулмаҳмадзода.

Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ мегӯяд, теъдоди занҳое, ки бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт мешаванд, зиёд нест, аммо азбаски Бибигул Собирова модари овозхони шинохта аст, ришваситонияш дар миёни мардум зуд сару садои зиёдро ба миён овард.

Худи Бибигул Собирова ба зангҳои пай дар пайи хабаринигори мо ҷавоб надод ва танҳо як дафъа гӯширо бардошт ва гуфт: “Шарт ва зарур аст гуфтани ман? Ҳозир ман дар як вохӯрии интихоботӣҳастам ва вақт надорам, манро мебахшед.”

Бибигул Собирова, дар миёни мансабдорони ҷануби Тоҷикистон ба хотири ҳунар ва маҳубубияти фарзандаш Наимҷони Сайдалӣ аз хонумҳои мансабдор ва садрнишин аст ва ҳар ҷое ӯ бошад, сухан ҳатман аз боби фарзандаш ва таронаҳои ӯ дар бораи модар, зиндагӣ, муҳоҷират ва ғарибӣ меравад.

Бештари мухлисони ҳунари Наимҷон мегӯянд, ки иттифоқе, ки дар хонаводаи як ҳунарманди маҳбуб рух медиҳад барои онҳо аҷиб аст, аммо ҳеҷ гоҳ ин ҳунармандро аз онҳо дур нахоҳад кард.

Фарзонаи Маҳмадулло, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки худро мухлиси сарсахти Наимҷони Сайдалӣ муаррафӣ кард, мегӯяд, ки пушти пардаи ҳунар бо ҳунармандон ҳодисаҳои зиёде мешавад, аммо ӯ танҳо ба ҳунар ва истеъдод баҳо медиҳад: “Дар хонаводаи ҳунарманд чӣ мегузарад ва ё чӣ хабар аст, барои ман муҳим нест, чун ҳунари хуб, истеъдод ҳунармандро аз мо дур намесозад. Наимҷон ҳам аз ҳунармандонест, ки ояндаи хуберо дар пеш дорад ва ман мухлиси ашадии ӯҳастам.”

Фаррух Ғафурзода, як масъули дигари Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Хатлон гуфт, ки онҳо ба Вазорати адлияи кишвар пешниҳод менависанд, ки ин Бибигул Собироваро бино бар иттиҳоми ришваситонӣ аз мақомаш барканор кунанд. Вай афзуд, ки соли 2014 ба ҷуз Бибигул Собирова, мудири сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Бохтар, ҳамтоёни ӯ аз ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Қубодиён низ ба хотири тағйир додани ному насаб дар ивази ришва боздошт шудаанд, аммо чун онҳо пули камтаре гирифтаанд, бо сабкудӯш шудан аз мақом аз пайгарди қонун раҳо гаштанд.

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия муҳоҷиранд, бо далели бубубоши ғайриқонунӣ дар хоки ин кишвар ё қонуншиканиҳои дигар ба Тоҷикистон ронда мешаванд. Дар ҳоле, ки гурӯҳе аз онҳо тан ба тақдир дода, мекӯшанд дар ватан ҷойи коре пайдо кунанд, гурӯҳҳои дигар бо истифода аз мақмодорони фасодкор ному насаби худро дар шиносномаҳояшон иваз мекунанд ва дубора ҳамчун як муҳоҷири нав ба Русия бармегарданд. Ожонсии зидди фасод ин эҳтимолро низ рад намекунад, ки бо бештар шудани сафи рондашудаҳо қонуншиканиҳое мисли иваз кардани ному насаб низ зиёдтар хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi