09:20:51 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

7 узви "Гурӯҳи 24" мунтазири истирдод ба Тоҷикистон

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ба Русия дархости истирдоди 7 шаҳрвандашро ирсол кардааст, ки дар чанд моҳи охир дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд.

istirdod_545466556.jpgВазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ба Русия дархости истирдоди 7 шаҳрвандашро ирсол кардааст, ки дар чанд моҳи охир дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд. Масъулин мегӯянд, ки умедворанд Русия дархости онҳоро иҷро ва боздоштшудаҳоро ба Тоҷикистон истирдод мекунад. Бинобар маълумоти расмӣ, дар чанд моҳи гузашта ҳудудан 10 узви ин гурӯҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави Русия боздошт шуданд. Маскав се тани онҳоро ба Тоҷикистон фиристод ва додгоҳҳо онҳоро ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон карданд. 

Яке аз қазияҳои ахир марбут ба Мақсуд Иброҳимов, як фаъоли созмони мухолифи ҳукумат бо номи «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» аст, ки моҳи июни соли равон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин ҳукмро ноодилона мехонанд.

Бино бар маълумоти дарёфтӣ, яке аз боздоштшудаҳо Абдураҳим Восиев, сокини ноҳияи Қубодиён аст, ки бо ҷурми ҳамкорӣ  бо “Гурӯҳи 24” 9 моҳи охир дар як боздоштгоҳи шаҳри Маскав ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон ин шаҳрвандро бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон  ба ташкили созмони экстремистӣ муттаҳам мекунанд.

Аммо Восиев, ки ахиран бо як нома ба додситонии Русия муроҷиат кардааст, худро гунаҳгор намеҳисобад. Абдураҳим Восиев эътироф мекунад, ки бо УмаралӣҚувватов, раҳбари ин гурӯҳи  мамнӯъ, ки моҳи марти соли равон дар паи як сӯиқасди тарҳрезишуда дар Истамбул ба қатл расид, сӯҳбатҳо дошт. Аммо мегӯяд ӯ, дар сӯҳбатҳо «аз аъзои ин гурӯҳ даъват кардааст, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи диаспораҳои тоҷик дар Русия талош кунанд».

Ҳоло ду узви дигари ин гурӯҳ дар хориҷи Тоҷикистон боздошт шуда, маълум нест, ки сарнавишти онҳо чӣ мешавад. Шабнам Худойдова моҳи июн дар Беларус ва Собир Валиев, муовини раиси ин созмон 11 августи соли равон дар Молдова бозошт шуданд.

«Гурӯҳи 24», як созмони мухолифи давлати Тоҷикистон аст, ки моҳи октябри соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ба унвони як ташаккули экстремистӣ мамнӯъ эълон шуд. Ин созмонро тобистони соли 2012 соҳибкори фирорӣ УмаралӣҚувватов таъсис дод. Ин соҳибкор, ки дар гузашта ба доираҳои ҳукуматӣ наздик буд, баъди ихтилофи назар бо шариконаш дар заминаи бизнес аз Тоҷикистон фирор кард ва ба як мухолифи сарсахти ҳукумати Тоҷикистон табдил шуд. Тарафдоронаш қатли Қувватовро дар Истанбул ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт медиҳанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi