06:08:59 04-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ ДОДГОҲИ ИСТИНОФИИ ГУРӮҲИ НИЗОМХОН ҶӮРАЕВ

Дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд додгоҳи истинофии гурӯҳе, ки ба Низомхон Ҷӯраев, тоҷир ва вакили собиқи маҷлиси вилоятӣ, муртабит хонда мешавад, дар пушти дарҳои баста оғоз шуд. Интизор меравад додгоҳи истинофӣ дар мавриди ҳукми Додгоҳи олӣ алайҳи 31 нафар аз сокинони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, ки ба таъсиси гурӯҳе ҷиноӣ муттаҳам шудаанд, таҷдиди назар кунад.

 

Дар гузашта Додситони кулли Тоҷикистон аз ҳукми Додгоҳи олӣ дар мавриди маҳкумияти ин афрод ба давраҳои тӯлонии зиндон интиқод карда ва изҳор дошта буд, ки агар додгоҳ дар ин замина таҷдиди назар накунад, вай водор мешавад алайҳи қозии Додгоҳи олӣ парвандаи ҷиноӣ боз кунад. Зимнан, муҳокимаи парвандаи ин гурӯҳи 31-нафарӣ 10 июни соли 2009 дар вилояти Суғд аз сӯйи Нур Нуров, қозии Додгоҳи олӣ анҷом ёфт.

 

Додгоҳ ин афродро дар иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла қатл, роҳзанӣ, нигаҳ доштани силоҳ, сирқати амвол, қаллобӣ ва пулшӯйӣ муҷрим шинохта ва онҳоро аз даҳ то ба 25 сол равонаи зиндон кард. Ҳамчунин додгоҳ ин афродро дар ташкили як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва даст доштан дар қатли Толиб Бобоев, муъовини вақти Додситони кул, муҷрим шинохта буд.

 

Гуфта мешавад куллияи ин афрод дӯстону наздикон ва ҳамкорони Низомхон Ҷӯраев, тоҷир, узви собиқи Маҷлиси вилояти Суғд ва раиси пешини корхонаи шимиёии Исфара будаанд. Оқои Ҷӯраев феълан аз сӯйи додситонии Тоҷикистон тавассути Интерпол ё пулиси байналмилалӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

 

Вале ба эътиқоди Бобоҷон Бобохонов, ҳукми Додгоҳи олӣ алайҳи 31 нафар, ки аз сӯйи додгоҳ “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” унвон шудааст, “беъадолатона ва ғайриқонунӣ мебошад” ва дар ин ҳукм бояд таҷдиди назар шавад. Соли гузашта Додситони кул изҳор дошта буд, ки дар таҷрубаи фаъолияти ҳирфаии худ “чунин ҳукми ғайриқонунӣ ва беъадолатонаро дар хотир надорад.”

 

Неъматулло Мирсаидов, сардабири ҳафтаномаи “Варорӯд” дар вилояти Суғд, ки аз оғоз раванди ин парвандаро назорат мекунад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки талошҳои хабарнигорони маҳаллӣ барои дарёфти иттилоъ дар бораи оғози додгоҳи истинофии ин афрод натиҷае дар пай надоштааст.

 

Масъулони додгоҳи вилояти Суғд гуфтаанд, ки ҷаласаи додгоҳи истинофӣ дар салоҳияти Додгоҳи олӣ аст ва онҳо дар ин замина иттилоъе дар ихтиёр надоранд. Манобеъи Додгоҳи олӣ дар шаҳри Душанбе низ аз ироаи иттилоъ дар ин замина худдорӣ карданд.

 

Дар ҳамин ҳол, Неъматулло Мирсаидов изҳори умедворӣ кард, ки додгоҳи истинофӣ ҳукми пешини Додгоҳи олиро лағв кунад ва бархе аз афроди маҳкумшуда озод хоҳанд шуд. Ба эътиқоди вай, бисёре аз ин афрод, ки тоҷир ҳастанд, ҷиноёти ҷиддие содир накардаанд. Дар сурати ҷуброни хисороти иқтисодие, ки бархе аз ин афрод ба он эътироф кардаанд, ҳатто шароити озодии онҳо фароҳам мешавад.

 

Дар ҳамин ҳол, ахиран Нур Нуров, қозии Додгоҳи олӣ ва ду нафар аз ҳамтоёни вай алайҳи Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъи чанд тан аз маҳкумшудагони ин парванда, ба додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят бурда ва тақозои пардохти як милюну 200 ҳазор сомонӣ ғаромат шудаанд.

 

Онҳо иддаъо доранд, ки Солеҳҷон Ҷӯраев дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳ онҳоро ба ришваситонӣ муттаҳам карда ва ба ин тартиб ба эътибори онҳо латма задааст. Ҳарчанд ҷузъиёти ин қазия эълом нашудааст, вале ҳадс зада мешавад, ки ин амр низ ба муҳокимаи гурӯҳи "Низомхон Ҷӯраев" рабт дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1530-oghozi-dodgohi-istinofii-guruhi-nizomkhon-juraev.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854