23:31:45 01-уми Июни 2025 сол

ШЕВАҲОИ ТАБЛИҒОТИИ ҲНИТ

Дар ихтиёри аҳзоби сиёсии кишвар ва ашхоси алоҳидае, ки худашонро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кардаанд, боз як шабонарӯзи дигар барои таблиғи барномаҳояшон боқӣ мондаасту халос. Як рӯз қабл аз интихобот маъракаи таблиғотӣ ба поён мерасад.

 

Ба назар мерасад, ки ин фурсатро беш аз дигарон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба манфиати хеш истифода бурда истодааст. Имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳру деҳоти кишвар мошинҳои сабукраверо дидан мумкин аст, ки дар дару тирезаҳои онҳо шиору даъватҳои таблиғотӣ часпонда шуда, дар болояшон баландгӯякҳо насб гардида пайваста ба таблиғи барномаҳои интихобтии номзадҳои ин ҳизб машғуланд.

 

Гурӯҳҳои таблиғотии ҲНИТ хеле серҳаракат буда, метавонанд дар ҳар як гӯшаву канори пойтахт (ҳатто дар маркази он) ва мавзеи дигари кишвар пайдо шуда, бо усулу шеваҳои ба худ хос таваҷҷӯҳи мардумро ба худ ва барномаҳои интихоботии ҳизб ҷалб  намуда, аз онҳо даъват намоянд, ки дар интихоботи рӯзи 28-уми феврал ба тарафдории онҳо овоз диҳанд.

 

Дар урфият мегӯянд «Шунидан кай бувад монанди дидан». Муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», хубтараш биёед, ба ин видеонавори кӯтоҳ таваҷҷӯҳ намоед. Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.

 

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ijtimo/1822-2010-02-25-20-45-59.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854