АЗСАРГИРИИ ПАРВОЗҲО МИЁНИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН
Масъулини парвозҳои ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон гуфтаанд парвози ҳавопаймоҳо аз ин кишвар ба Русия ва аз Русия ба ин кишвар аз сар гирифта шудааст. Ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр” , яке аз ширкатҳои умдаи ҳавопаймоии Тоҷикистон бо интишори як баёния гуфтааст, ки мушкили таъхири парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар масири Тоҷикистон Русия ҳал шуд.
Беш аз як шабонарӯз, даҳҳо мусофири парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон ба сабаби таъхири парвозҳои ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар фурӯдгоҳҳои ин ду кишвар гир карданд. Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, ҳавопаймои мусофирбари ин ширкат парвозҳои рӯзи 27-уми март аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русияро ба таъхир гузошта буданд, ва ба гуфтаи сухангӯйи ин ширкат қарор аст, ин парвозҳо, баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 29-уми март аз сар гирифта шаванд.
Дар ҳамин ҳол субҳи рӯзи душанбе даҳҳо нафар аз мусофирони парвози ҳавопаймоҳҳо ба шаҳрҳои мухталифи Русия аз ҷумла, масири Душанбе-Маскав дар фурӯдгоҳи пойтахти Тоҷикистон гир мондаанд. Бархе аз онҳо мегуфтанд, ки ду рӯз боз мунтизири парвози ҳавопаймо ҳастанд. Қутбиддин мегӯяд, ки шаҳрванди Русия аст ва ба Тоҷикистон барои таҷлили аз Наврӯз омадааст.
Қутбиддин афзуд: “Имрӯз бояд ба Маскав парвоз кунам, вале субҳ ба мо гуфтанид ки ба далели номаълум парвози мо ба таъхир уфтодааст.” Иддаи дигаре аз мусофирон мегуфтанд, ки ҳарчанд билетро бо маблағи зиёде хардорӣ кардаанд, вале кайфияти хадамот дар ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон то ҳол ба роҳи хубе науфтодааст.
Масъулони ширкати “Сомонэйр”, гуфтаанд, ки сабаби таъхири парвозҳои ҳавопаймоҳоро адами иҷозаи парвоз барои онҳо аз ҳарими ҳавоии Русия унвон кардаанд. “Сомонэйр” танҳо ширкатест, ки дар мавриди таъхири парвози ҳавопаймоҳои хеш расман байония пахш кард.
Аз сӯйи дигар, ба навиштаи бархе аз расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон, масъулони фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав гуфтаанд, ки “сабаби аслии мутаввақиф шудани парвозҳо ба Тоҷикистон, имзо нашудани тавофуқоти ҷадид барои дарёфти иҷозаи парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аз ҳарими ҳавоии Русия будааст.”
Гуфта мешавад дар фурӯдгоҳи Домодедовои шаҳри Масков низ мусофирони зиёди тоҷикистонӣ ҷамъ шуда ва мунтазири иҷозаи парвозҳо ба Тоҷикистон ҳастанд. Зеро парвози ҳавопаймоҳо аз Русия ба ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд ва Кулоб низ қатъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол Олимҷон Бобоев, вазири роҳу таробарии Тоҷикистон гуфтааст, ки мушкили парвозҳои ҳавопаймоҳҳои Тоҷикистон ба Русия ҳал шуда ва баъд аз зӯҳри имрӯз ин парвозҳо аз сар хоҳанд гирифт.
Масъулини ин вазорат гуфтаанд, ки тайи ним соли ахир миёни шаркатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар машкилоти фанние ба миён омада буд ва аз ин рӯ тавофуқномаи идомаи парвозҳои ҳавопаймоӣ байни Русия ва Тоҷикистон имзо нашуд.
Онҳо мегӯянд тамоми рӯзи гузашта мақомоти ҳар ду кишвар саргарми музокирот будаанд ва пешрафтҳое дар ин замина даст додааст, ки иҷоза медиҳад парвозҳо ба ҳар ду кишвар аз сар гирифта шавад.
Парвозҳои ҳавопаймоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон барои суботи иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон муҳим талаққӣ мешавад, зеро садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели камбуди ҷойи кор дар ин кишвар ба манзури пайдо кардани ҷойи кор ва маъоши мувофиқ ба Русия мераванд ва даромадҳои худро барои хонаводаҳояшон интиқол медиҳанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2019-2010-03-29-16-17-27.html