06:49:22 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/28_--01-a-aaaaaashamsiddin226bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/28_--01-a-aaaaaashamsiddin226bbc.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/28_--01-a-aaaaaashamsiddin226bbc.jpg'

ҶОБИРОВ "ВИРУСИ ФАЛАҶ МАНШАЪИ ХОРИҶӢ ДОРАД"

Қарор аст аз аввали моҳи май дар Тоҷикистон корзори густардаи моякӯбӣ алайҳи фалаҷи кӯдакон оғоз шавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Сандуқи Кӯдакони СММ ҳудуди чаҳор милюн воксини мавриди ниёзи Тоҷикистонро барои анҷоми ин корзор бо дархости вазорати беҳдошти ин кишвар ворид кардааст. Ин хабар саволҳои зиёдеро, аз ҷумла дар мавриди ин ки чӣ гуна дар кишваре, ки дар он кӯдакон то 12-моҳагӣ панҷ бор алайҳи фалаҷи кӯдакон моякӯбӣ мешаванд, фалаҷи кӯдакон буруз карда ва расман то имрӯз боъиси фавти яке аз онҳо шуда, матраҳ кардааст.

 

Шамсидддин Ҷобиров, масъули бахши моякӯбии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, ба ин ва дигар саволҳои хабарнигорамон Шамсияи Қосим посух додааст:

 

-Оқои Ҷобиров, нахуст бигӯед, ки густариши фалаҷи кӯдакон дар кишвар то чи андоза ҷиддӣ аст?

 

-Аввалан, бояд бигӯям, ки ин бемории фалаҷи шалли ҳод (Acute Flaccid Paralysis, ки нишонаи эҳтимолии полиомиелит аст), ҳар сол дар кишвар сабт мешуд. Дар ин замина корҳое анҷом медодем, кӯдакони то синни 5-сола моякӯбӣ мешуданд. Умуман, Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки фалаҷи кӯдаконро решакан кардаанд.

 

Тибқи меъёрҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт як мавриди фалаҷи шалли ҳод дар миёни 100 ҳазор кӯдаки то 14-сола амре табиъӣ ва маъмул аст. Ва мо агар ҳамасола аз 36 то 40 мавриди ин бемориро пайдо кунем, ин вазъ ҳам табиъист. Аз ин бештар шавад, мо бояд чораи фаврӣ бинем.

 

Аммо аз авохири моҳи март ва аввали апрел ин ҳодисаҳо авҷ гирифтанд ва зиёд шуданд. Бояд таваҷҷӯҳ кунед, ки мо дар бораи бурузи фалаҷи шалли ҳод (Acute Flaccid Paralysis), на фалаҷи кӯдакон (полиомиелит), сӯҳбат мекунем. Ин вазъ моро ба ташвиш овард. Мо фавран ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт муроҷеъа кардем, то сабаби зиёд шудани бемориро муъайян кунанд.

 

Азбаски дар Тоҷикистон озмоишгоҳи вижа барои ташхиси полио ё фалаҷи кӯдакон вуҷуд надорад, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маркази вижаеро дар Маскав вазифадор кард, ки додаҳои 79 нафарро муъояна кунанд. Аз миёни инҳо ҳашт нафар таъйид шуд, ки дорои фалаҷи кӯдакон ҳастанд, аз миёни инҳо як нафар фавт кардааст. Имкон дорад то рӯзҳои оянда ин рақам афзояд.

 

Рӯзи 17 апрел ба кишвари мо мутахасисони вогиршиносӣ ва вирусшиносии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омаданд. Рӯзи душанбе мутахассиси дигаре аз Маркази назорат бар бемориҳои Иёлоти Муттаҳида ҳам омад. Инҳо муштаракан бо мутахассисони мо машғули таҳлили вазъият ҳастанд ва тавсия доданд, ки дар Тоҷикистон бояд ҳатман моякӯбии зидди фалаҷи кӯдакон роҳандозӣ шавад.

 

-Аммо оқои Ҷобиров, дар Тоҷикистон ҳамаи кӯдакон зидди фалаҷ моякӯбӣ мешаванд. Магар он моякӯбиҳо кӯдаконро зидди фалаҷ эмин нигоҳ надоштанд ва намедоранд? Чаро бояд дубора моякӯбӣ шаванд?

 

-Мо кӯдаконро бо воксинҳое фаро мегирифтем бар зидди навъҳои як, ду ва се (-и ин беморӣ). Аммо зидди вируси полиомиелити ваҳшӣ кӯдакони мо эм намешуданд, зеро вируси ваҳшии фалаҷи кӯдакон дар мо вуҷуд надошт. Ин вирус аз берун омадааст, тариқи мусофират ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ин дигар намуди вирус аст.

 

Вале бояд таъкид кунам, ки ҳоло кӯдаконе, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, умдатан кӯдаконе ҳастанд, ки тамоман зидди полиомиелит моякӯбӣ нашудаанд. Танҳо чанд маврид аст, вале онҳо ин бемориро сабук гузаронданд. Яъне вирус бештар кӯдаконеро таҳдид мекунад, ки аслан зидди полиомиелит эм нашудаанд.

 

Ҳарчанд эмкунии кӯдакон аз замони навзодиашон ҳамеша роҳандозӣ шудааст, ҳастанд падару модароне, ки ба далоили мухталиф фарзандони худро эм накардаанд.

 

Мо аз соли 1994 дар кишвар ҳашт маротиба эмкунии омавӣ гузарондем. Мо мехостем соли 2001 бори дигар эмкунии миллии зидди фалаҷ гузаронем, аммо шароити молӣ набуд, ки ин корро анҷом диҳем. Фақат дар соли 2007 дар манотиқи наздик ба марзи Афғонистон барои кӯдакони то сесола моякӯбӣ гузарондем.

 

Бо ин вуҷуд эмгузаронии нақшавӣ (навбатӣ) ҳамеша идома дошт ва мо ҳеҷ гоҳ аз воксин барои эмкунии навбатӣ камбудӣ надоштем. Барои ин, давлати Жопун ба мо воксин медиҳад то соли 2014.

 

-Бори дигар фаҳмонед, ки фарқи байни эмкунии нақшаӣ ва миллӣ чӣ аст? Масалан волидайн метавонанд гӯянд, ки “Мо фарзандамонро зидди полиомиелит эм кардем, чаро бояд дубора эм кунем?”.

 

-Тавассути эмкунии нақшавӣ (барномаӣ) мо маъмулан то 90 ва 95 дарсади кӯдаконро фаро мегирем. Ба далоили мухталиф на ҳамаи падару модарон кӯдаконашонро барои эмкунӣ меоранд. Оҳиста-оҳиста теъдоди ин кӯдакони эмношуда зиёд мешаванд ва дар ҳолати мисли имрӯз, ки вируси ваҳшии полиомиелит дар Тоҷикистон омадааст, дар навбати аввал онҳо ҳадафи вирус қарор мегиранд. Дар ин ҳолат сарфи назар аз ин ки кӯдакон эмкунии навбатӣ шудаанд ё не, мо бояд эмкунии саддарсадӣ дар кишвар гузаронем.

 

-Ба назари мутахассисони тоҷик, ангезаи аслии бурузи ахири бемории фалаҷи кӯдакона дар Тоҷикистон чӣ аст?

 

-Ҳоло фақат инро метавонам гӯям, ки ҳам ба назари ман, ҳам ба назари мутахассисони хориҷӣ, овардани ин беморӣ аз берун аз эҳтимол дур нест. Зеро ин навъи беморӣ дар ҳудуди Тоҷикистон вуҷуд надошт.

 

-Аз берун, яъне, масалан Афғонистонро дар назар доред?

 

-Ман дақиқан ҳич чиз гуфта наметавонам. Мумкин аст Афғонистон бошад, мумкин аст Ҳинд ё Покистон бошад. Чӣ тавре ки медонед, ҳоло бисёр тоҷирҳо, соҳибкорон омада, дар инҷо зиндагӣ мекунанд. Ин ба сафарҳои шаҳрвандони мо ба хориҷ рабт намегирад, зеро кӯдакони то панҷсола ба хориҷа камтар сафар мекунанд.

 

-Ҳоло ин беморӣ дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон бештар мушоҳида мешавад?

 

-(Ба шумораҳое, ки дар рӯи нақшаи Тоҷикистон часпонда шудаанд, ишора карда мегӯяд) Чи хеле ки мебинед, дар наздикии марзи Афғонистон бештар аст. Масалан дар Қубодиён 22 мавриди эҳтимолӣ, Шаҳритус 16 маврид.

 

Акнун навоҳии атрофи шаҳри Душанберо бинед. Маҳаллаи Сомониён 16, Ҳисор 25, Кофарниҳон 7 мавриди эҳтимолӣ вуҷуд дорад. Бояд бигӯям, ки дар Кофарниҳон 47 кӯдаки афғон бо падару модарашон зиндагӣ мекунанд. Кӯлоб, чӣ тавре ки мебинед, як-ду ҳодиса сабт шудааст. Дар қисмати шимоли кишвар аслан нест, дар Бадахшон ҳам ягон маврид мушоҳида нашудааст.

 

Ҳоло мо тасмим гирифтем, ки тамоми ноҳияҳое, ки онҷо тоҷирон бештаранд ва аз хориҷа бо хонаводаҳояшон меоянд, бештар ба онҳо таваҷҷӯҳ кунем, зеро аз эҳтимол дур нест, ки онҳо воситаи ворид шудани вирус ба Тоҷикистон шудаанд.

 

-Оқои Ҷобиров, баъзан назарҳое мешунавем, ки мегӯянд “Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт воксинҳои худро дар Тоҷикистон меозмояд.” Шумо нисбат ба ин назар чӣ мегӯед?

 

-Ин дурӯғи маҳз аст. Мо ҳар воксине, ки дарёфт мекунем, аз ЮНИСЕФ мегирем, тамоми воксинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, онҳо аз ташхиси озмоишгоҳҳои байналмилалӣ мегузаранд. Воксине, ки ба Тоҷикистон ирсол мешавад, дар куллияи кишварҳои дигар ҳам ҳамон воксинҳо истифода мешаванд.

 

-Гуфтед, ки ташхиси додаҳои беморони Тоҷикистон дар озмоишгоҳе дар Маскав анҷом мешавад. Оё вақти он нест, ки дар Тоҷикистон чунин озмоишгоҳе таъсис ёбад?

 

-Дуруст аст. Мо ба чунин озмоишгоҳе ниёз дорем. На танҳо барои ташхиси бемориҳо, балки дар ин сурат мо метавонистем намунаҳои обу ҳаво ва муҳити атрофро низ тез-тез озмун кунем. Ин имкон медиҳад, ки мо тавонем зудтар ва дар марҳилаи аввал барои ҷилавгирӣ аз густариши вирус тадбирҳое андешем.

 

-Барои сӯҳбат сипосгузорам.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2220--q-q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854