03:49:11 01-уми Июни 2025 сол

ҚАТЪИ НАШРИ БАРНОМАҲОИ СИМОИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН

Шоми гузашта ва субҳи имрӯз ягона телевизиони мустақил дар шаҳри Душанбе – Симои мустақили Тоҷикистон хомӯш буд. Сабаби тавқифи нашри барномаҳои СМТ қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ ба дафтари кор ва фиристандаи шабакаи телевизонии он унвон мешавад. То кунун масъулони ин шабака изҳори назаре дар ин бора накардаанд, аммо барномаҳои шом ва субҳи ин шабака рӯи басомаде, ки қаблан нашр мешуд, пахш нагардид.

 

Барои чанд моҳи ахир Симои мустақили Тоҷикистон бо мушкили фаннӣ ба иллати пахши муштарак дар як басомад ҳамроҳ бо Шабакаи аввали телевизиони Русия – ОРТ мувоҷеҳ буд ва бинанда имкони тамошои роҳати ягоне аз ин ду шабакаро надошт. Комиссияи давлатии тахсиси басомадҳои телевизионӣ як басомадро, басомади рақами 29-ро ҳам ба СМТ ва ҳам ба маркази фаннии пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон додааст, ки ин марказ аз ин басомад барномаҳои ОРТ-ро пахш мекунад.

 

То шоми дирӯз барномаҳои СМТ рӯи ин басомад дар қисматҳои шарқӣ ва шимолии пойтахт ва атрофи он ба хубӣ қобили дарёфт буд. Дар ҳоле, ки дар канораҳои ғарбиву ҷанубии шаҳр рӯи ин басомад бештар шабакаи ОРТ дастрас аст. Созмонҳои журналистии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд, ки бо гузашти чанд моҳ масъулин мушкилро ҳал накардаанд.

 

Симои мустақили Тоҷикистон дар баҳори соли 2007 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ кард. Муассиси ин шабакаи телевизионӣ Зинатулло Исмоилов, журналисти собиқадори телевизиони давлатии Тоҷикистон, мебошад ва феълан ҳам мудирии СМТ-ро бар дӯш дорад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2397-2010-06-02-10-15-22.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854