ОҒОЗИ ТАРҲИ БУНЁДИ "ХОНАИ ЭРОН" ДАР ДУШАНБЕ
Исфандиёр Раҳим Машоӣ, мушовири олӣ ва раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, дар ҷараёни дидори худ аз Тоҷикистон хишти нахусти як муҷтамаъи фарҳангӣ ба номи "Хонаи Эрон" дар шаҳри Душанберо гузошт. Ба гуфтаи мақомҳои эронӣ, бунёди Хонаи Эрон дар Тоҷикистон нахустин тарҳ аз маҷмӯъи тарҳҳое барои бунёди хонаҳои Эрон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аст, ки ҳадаф аз онҳо муттаҳид кардани ҷамъиятҳое аз эрониёни бурунмарзӣ ва муъаррифии фарҳангу тамаддуни эронӣ ба хориҷиён унвон мешавад.
Аввалин "Хонаи эрониён"
Дар маросими кулангзанӣ ё гузоштани хишти аввали Хонаи Эрон дар Душанбе, ки баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 11 июл дар маҳаллаи "Гулистон"-и шаҳри Душанбе, дар муҳавватаи корхонаи собиқи "Тоҷикатлас" зери садои даф ва карнай баргузор шуд, ҳамчунин Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадшарифи Маликзода, дабири кулли Шӯрои олии умури эрониёни хориҷ аз кишвар, чанде дигар аз мақомоти эронӣ ва теъдоде аз эрониёни муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.
Он гуна ки Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфт, бунёди "хонаи эрониён" дар Тоҷикистон аз ибтикороти Исфандиёр Раҳим Машоӣ, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон будааст, ки мехост аввалини ин гуна хонаҳо дар Тоҷикистон бунёд шавад.Вай афзуд: "Дуруст як моҳ пеш аз ин буд, ки дар иҷтимоъи эрониёни муқими Тоҷикистон ҷаноби оқои муҳандис Машоӣ дар аснои фармоишоташон фармуданд, ки дар ояндаи наздик мо хонаи эрониёнро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ё кулангзанӣ хоҳем кард. Ва он рӯз мо ҳақиқатан тасаввур намекардем, ки ин базудӣ дар мақулаҳое ба ин бузургӣ дар фосилаи якмоҳа иттифоқ биюфтад."
Муҳаммадшарифи Маликзода, дабири кулли Шӯрои олии умури эрониёни хориҷ аз кишвар, ки дар сафари серӯзаи оқои Машоӣ ба Тоҷикистон ӯро ҳамроҳӣ мекунад, низ дар ин маросим ширкат ва суханронӣ кард. Вай сиёсатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эронро, дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи эрониёни муқими хориҷ аз ин кишвар "комилан тахассусӣ, илмӣ ва амалиётӣ" номид ва бо ишора ба суханоне аз ӯ гуфт, ки "ҳар эронӣ дар ҳар куҷои ҷаҳон, ки бошад, бояд ҳақ ва ҳуқуқаш пайгирӣ шавад."
"Бо ҳар нигариш ва шеваи фикрӢ..."
Оқои Маликзода таъкид кард, ки дар ин авохир давлати Эрон сиёсатеро пеш гирифтааст, ки боъиси таҳаввулоти бузурге дар ҳавзаи эрониёни хориҷ аз кишвар шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, давлати Эрон ахиран ниҳоде таҳти унвони "Маркази шабонарӯзии расидагӣ ба умури эрониёни хориҷ аз кишвар" роҳандозӣ кардааст, ки он ба таври шабонарӯзӣ посухгӯйи дархостҳои тамоми эрониёни ҷаҳон роҷеъ ба масоили иқтисодию сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва расонаӣ, улум ва фанновариҳои навин, масоили пизишкӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Оқои Маликзода афзуд: "Иншоллоҳ, ки хонаи эрониён хонаи умеди эрониён дар ҳар куҷои ҷаҳон бишавад.
Хонае бишавад, ки таъомулот, иртибототу ташрики масоии ҳамватанонамон дар ҳавзаҳои мухталиф дар он иттифоқ биюфтад. Хонае бошад, ки ҳар касе бо ҳар нигарише ва бо ҳар шеваи фикрӣ битавонад дар ин хонаҳо биёяд ва барои сохтани Эрони бузурги исломӣ гом бардорад."
Хонаи эрониён дар Душанбе танҳо маркази гирдиҳамоии эрониёни хориҷ аз Эрон нахоҳад буд. Давлати Эрон зоҳиран тасмим гирифтааст дар бисёре аз кишварҳои дигари дунё низ, ки дар он ҷоҳо эрониён ба сар мебаранд, чунин хонаҳое бунёд кунад.
"ЭронӢ бияндешем, эронӢ амал кунем..."
Исфандиёр Раҳим Машоӣ, ки ҳамзамон ҷонишини раисҷумҳур дар Шӯрои олии умури эрониёни хориҷ аз кишвар аст, дар маросими гузоштани хишти аввали "Хонаи эрониён" дар Душанбе гуфт бунёди чунин хонаҳо фурсате барои гирдиҳамоии эрониёни хориҷ аз кишвар, посдошти арзишҳо ва имтиёзоти таърихии миллати Эрон дар ҳар нуқтае аз ҷаҳон аст, ки онҷо эрониён ҳастанд. Вай афзуд: "Ин як фурсат аст барои ҳамватанонамон дар хориҷ аз кишвар, ки зиндагӣ мекунанд, бояд эронӣ зиндагӣ кунанд, эронӣ бимонанд, эронӣ фикр кунанд, эронӣ дӯст бидоранд, эронӣ бияндешанд, эронӣ амал кунанд.
Ин фақат як баҳси ҳувиятӣ нест, таърифу тамҷид аз худ нест. Эронӣ яъне намоди арзишҳои инсонӣ ва арзишҳои илоҳӣ дар таърихи башарият аст." Ин мақоми эронӣ гуфт, ки вақте сухан аз Эрону эронӣ меравад, маънояш ин аст, ки ин мардум бояд аз усул ва арзишҳои инсонӣ, илоҳӣ ва ахлоқӣ дифоъ кунанд: "Эронӣ ҳамон касест, ки зулмро намепазирад, хилофи инсониятро намепазирад. Пас агар дар шиносномаи касе ҳам, ки эронӣ бошад, касе ки зулмро барметобад ё меписанадад, мо ӯро эронӣ намешиносем."
Ба гуфтаи оқои Машоӣ, хонаи Эрон бояд як намоди тамом айёри паёми Эрон бошад ва ба интишори ин паём мубодират варзад ва фурсате эҷод кунад, то миллатҳои мухталиф бо ин фарҳанг ошно шаванд. Он дар канори гирдиҳам овардани эрониёни муқими хориҷ ҳамчунин бояд фаъолиятҳое барои ошноии мардуми ҷаҳон нисбат ба ҷуғрофиё, таърих ва фарҳанги Эрон анҷом диҳад. Исфандиёр Раҳим Машоӣ ва мақомҳои дигари эронӣ дар маросими кулангзании муҷтамаъи "Хонаи Эрон" дар Душанбе таъкид карданд, ки ин хона бояд на танҳо маҳалли гирдиҳамоии эрониёни муқими ин кишвар, балки маҳалли рафтуомади "тоҷикони бофарҳанг" низ бояд бошад.
Оқои Машоӣ аз ҷумла гуфт: "Мо бояд фурсат бидиҳем, ки хоҳарон ва бародарони тоҷики мо дар ин ҷо ба таври комилан барҷаста ва равшан дар рафтуомад бошанд. Ин ҷо агар хонаи Эрон аст, фаромуӯш накунем, ки Эрон хонаи бисёре аз миллатҳои ҷаҳон аст, Эрон сарзамини модар аст, фарзандони бисёр бузургеро дар таърих тарбият кардааст ва имрӯз дар сарзаминҳои бузурге зиндагӣ мекунанд."
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>