ИҚДОМИ МУҶАДДАДИ ТОШКАНД БА "МУҲОСИРАИ" ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ширкати "Роҳи оҳани Ӯзбакистон" аз панҷ рӯз пеш ба ин сӯ ҳаракати вогунҳои Тоҷикистон ба самти вилояти Хатлонро дубора ба таъвиқ даровардааст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар тӯли панҷ моҳи охир аз ин вилоят ҳеҷ вогуне ба хориҷ аз кишвар интиқол наёфтааст. Ин манобеъ мегӯянд, ки ба дархостҳои мукаррари худ аз ҷониби Ӯзбакистон барои дарёфти иҷозаи интиқоли вогунҳо аз Хатлон ҳамвора посух мегиранд, ки "иҷозаи убур нест".
Владимир Собкалов, муъовини аввали раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" (РОТ), рӯзи панҷшанбеи 5 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар панҷ рӯзи ахир ба вилояти Хатлон аз қаламрави Ӯзбакистон ҳеҷ вогуне ворид нашудааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, ҳоло дар манотиқи ҷанубии Ӯзбакистон 215 вогуни Тоҷикистон мунтазири иҷозаи вуруд ба вилояти Хатлон ҳастанд. Дар маҷмӯъ, ҳаракати беш аз 1100 вогуни борбари тоҷикистонӣ дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамчунон ба ҳолати таъвиқ дароварда шудааст.
Оқои Собкалов афзуд, ки аз 23-уми март ба ин сӯй ҷониби Ӯзбакистон барои тронзити вогунҳои Тоҷикистон аз қаламрави вилояти Хатлон иҷоза надодааст. Вай гуфт: "Дар ин муддат мо танҳо тавонистем ду вогуни ҳомили маводди башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳидро барои осебдидагони хушунатҳо дар ҷануби Қирғизистон аз вилояти Хатлон интиқол диҳем. Ҷониби Ӯзбакистон тронзити миқдори зиёди вогунҳо бо шумули панба ва анвоъи дигари тавлидоти кишоварзӣ аз вилояти Халонро иҷоза намедиҳад."
Ин амр боъис шуда, ки туҷҷор ва соҳибкорони тоҷик бо масрафи махориҷи изофӣ ва бо комюнҳо колои худро ба Душанбе интиқол дода ва сипас аз тариқи роҳи оҳан ба хориҷ аз Тоҷикистон фиристанд. Оқои Собкалов гуфт, ки мақомоти роҳи оҳан барои ҳалли ин мушкил пайваста ба ҷониби Ӯзбакистон муроҷиъа мекунанд, вале масъулони “Ӯзбакистон темир йуллари” мегӯянд, ки барои тронзити вогунҳо аз вилояти Хатлон ва баръакс "иҷоза нест".
Ин масъули РОТ афзуд: "Чунин вазъро метавон муҳосираи иқтисодии вилояти Хатлон арзёбӣ кард. Ҳарчанд дар сатҳи руасои ҷумҳур дар бораи рафъи мавонеъ дар роҳи тронзити вогунҳои Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, вале масъулони зирабти кишвари ҳамсоя аз иҷрои ин тавофуқ сарфи назар мекунанд."
Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи июн Тошканд хостори масдудияти роҳи оҳан аз шаҳри Тирмиз дар ҷануби Ӯзбакистон ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон шуда буд. Дар номае ба ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мақомоти роҳи оҳани Ӯзбакистон иддаъо карда буданд, ки фаъолияти ин бахши роҳи оҳан судовар набуда ва бояд баста шавад.
Ҷониби Тоҷикистон зимни радди ин пешниҳод изҳор дошта буд, ки омода аст махориҷи фаъолияти ин роҳро ба зиммаи худ бигирад. Вале ба ин пешниҳод ҷониби Ӯзбакистон посухе надодааст. Ҳарчанд ба гуфтаи Владимир Собкалов, интиқоли вогунҳо аз қаламрави Ӯзбакистон ба самти Душанбе "ба сурати маъмулӣ" идома дорад, вале ҳамчунон беш аз 800 вогун дар қаламрави кишвари ҳамсоя мондаанд.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки тавофуқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов, ҳамтои ӯзбаки вай, дар бораи ҳалли мушкилоти роҳи оҳан натиҷаҳои ҷиддие дар пай надошта ва давлати Ӯзбакистон ҳамчунон аз ҳаракати вогунҳои Тоҷикистон монеъ мешавад.
Ба эътиқоди онҳо, ҳалли ин қазия дар ояндаи наздик душвор ба назар мерасад ва давлати Тоҷикистонро лозим аст ба иҷрои тарҳи кашидани роҳи қатор, ки ин кишварро бо Эрон таввасути қаламрави Афғонистон пайваст мекунад, тавваҷӯҳи бештар кунад. Зимнан, интизор меравад баррасии ин тарҳ аз мавзӯъоти матруҳа дар мулоқоти раҳбарони се кишвари форсизабон дар Теҳрон бошад, ки рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2837-----qq--.html