06:11:50 04-уми Июни 2025 сол

ПУЛИСИ ҚУРҒОНТЕППА: САЛОМИ НИЗОМӢ Ё ОҒӯШСАЛОМ?

 

Кормандони пулиси Қурғонтеппа минбаъд барои фишурдани даст ва ё оғӯш кардан ба ҷойи арзи саломи низомӣ ё даст ба як сӯйи пешонӣ бурдан танбеҳ хоҳанд шуд.

 

Мақомоти интизомии Қурғонтеппа мехоҳанд аз ин роҳ саломи низомиро, ки бахше аз муқаррароти ҳар корманди интизомӣ ва низомӣ аст, дубора роиҷ кунанд. Зеро дар ин вилоят ин муқаррарот "тақрибан аз байн рафтааст". Кормандони пулис муваззаф шудаанд, ки минбаъд ин муқаррароти интизомиро ҷиддан ёд бигиранд, яъне вақте либоси низомӣ ба бар доранд, бояд ҳатман саломи низомӣ арз кунанд. Дар ин бора раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон хабар дод.

 

Суҳроб Саломов, муъовини раҳбари раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки саломи низомӣ ё арзи эҳтироми низомӣ дар миёни маъмурони пулис "тақрибан аз миён рафтааст, ва онҳо (пулисҳо) дар иваз, вақте ҳамкорон ва ё дӯстонашонро дар идораву хиёбонҳо мебинанд, даст мефишоранд ва ё ба онҳо оғӯш мекушоянд", ки ин амр бо либоси низомӣ ғайримуҷоз аст.

 

Оқои Саломов афзуд: "Бахусус, дар вилоят мушоҳида мешавад, ки пас аз фориғ шудан аз донишкадаи низомӣ арзи саломи низомӣ дар миёни кормандони интизомӣ оҳиста-оҳиста фаромӯш мешавад. Мо мехоҳем, ки минбаъд маъмурони пулис саломи низомиро дар ёд дошта бошанд ва дигар аз нақзи ин муқаррароти интизомӣ чашм намепӯшем. Кормандон барои нақзи ин муқаррарот танбеҳ хоҳанд шуд."

 

Аммо ба назар мерасад, ки аксари маъмурони пулиси шаҳри Қорғонтеппа равобити отифиро бар муқаррароти интизомиашон болотар медонанд ва мегӯянд, ки даст кашидани пулис аз фушурдани даст ва оғӯш кушодан ба сӯйи дӯстон кори саҳл нахоҳад буд. Яке аз кормандони пулис, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд: "Айб аст, ки бо дӯстон дӯстона салом накунӣ!"

 

Ин корманди пулис афзуд: "Ёд надорам ба касе саломи низомӣ арз карда бошам. Мо (пулисҳо) фақат дар идора ба роҳбаронамон саломи низомӣ арз мекунем. Ҳеҷ кас аз миёни ҳамкоронам бо мардуми одӣ саломи низомӣ намекунад. Охир вақте дӯстатро мебинӣ, чи гуна ба ӯ даст дароз накунӣ ё оғӯшаш накунӣ?"

 

Ин корманди пулис аз он нигарон аст, ки мардум мумкин аст худдории пулис аз дастфишориро як навъ беэҳтиромӣ ё такаббур талаққӣ кунанд: "Тараф дар бораи муқаррароти мо хабар надорад ва метавонад биранҷад. Аз сӯйи дигар, барои худи ман ҳам душвор аст, ки танҳо як саломи низомӣ диҳаму халос."

 

Аммо ба бовари Рустами Сафар, як сокини ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппа, агар пулис муқаррароти саломи низомиро иҷро кунад, эҳтироми мардум нисбат ба пулис зиёдтар хоҳад шуд. Вай мегӯяд: "Ман ҳеч намояндаи ниҳодҳои интизомиро надидаам, ки дар хиёбонҳо саломи низомӣ арз кунанд. Ба назарам, вақте як милиса бо либоси низомӣ ба як шаҳрванди одӣ арзи эҳтироми низомӣ мекунад, он шаҳрванд ба ёд меорад, ки пулис муҳофизи қонун аст ва дар хидмати қонун аст. Ин боварии сокинонро ба пулис зиёд мекунад."

 

Бо ин ҳол, Рустам мӯътақид аст, ки наҳваи салом додан муҳим нест: "Албатта чӣ гуна салом медиҳанд, чандон аҳаммият надорад, муҳим он аст, ки корашон хуб бошад. Аммо агар пулис саломи низомиро фаромӯш кунад, аз куҷо медонем, ки савгандашро низ фаромӯш накардааст?"

 

Дар ҳамин ҳол, мақомоти раёсати корҳои дохилии вилояти Қурғонтеппа, таъйид мекунанд, ки аз байн бурдани "расму русуми шарқӣ ё тоҷикӣ" ва роиҷ кардани одоби низомӣ дар миёни маъмурони пулиси шаҳри Қурғонтеппа кори осоне нахоҳад буд.

 

Онҳо мегӯянд, ки бахусус дар Қурғонтеппа, шаҳре хурд, тақрибан ҳама якдигарро мешиносанд ва кормандони пулис бояд хеле талош кунанд, то ба ҳамаи онҳо ба ҷойи саломи дӯстона саломи низомӣ арз кунанд. Дар ҳар сурат, мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Қурғонтеппа муваззаф шудаанд, ки дар оғози рӯзҳои корӣ ба куллияи кормандонашон дар бораи муққаррароти саломи низомӣ ёдовар шаванд.

 

Орзуи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2856-2010-08-09-09-53-38.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854