06:12:45 04-уми Июни 2025 сол

ҚАРОРИ ШАҲРДОРИИ ПОЙТАХТ МАҚОМИ ҲУҚУҚӢ ПАЙДО КАРД

Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 августи соли 2010 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе» тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳти № 582 аз 12 августи соли 2010 ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод.

 

Бо дарназардошти амали мазкур ва мувофиқ ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2009 «Дар бораи тасдиқи тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ «Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» 14 августи соли 2010 интишор гардид.

 

Бояд зикр кард, ки дар давоми моҳи шарифи Рамазон(аз 11 август то 10 сентябри соли ҷорӣ) риояи ташаббуси соҳибкорону роҳбарони бозорҳои пойтахт дар қаламрави шаҳр ҷиҳати дар як сатҳ қарор додани нархи маҳсулот, аз ҷумла нархи 1 кг гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ, нархи 1 халта орди навъи якум то 90 сомонӣ ва то 15-20 фоиз паст намудани нархи равғани растанӣ, равғани маска, шир, тухм, биринҷ, шакар, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, карам, ангур ва харбузаю тарбуз, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ карда шудааст, ҳатмӣ мебошад.

 

Дар бобати воқеияти риояи ташаббус оид ба нархҳои иқдомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба фурӯш гузоштани маҳсулоти зикршуда,  телефонҳои боварии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 223-22-14 ва 221-26-95 барои сокинон дар даромадгоҳи марказии бинои шаҳрдорӣ ва почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фаъол карда шудааст, ки ҳар як шаҳрванд имкон дорад вобаста ба масъалаи танзими нархҳо муроҷиат намояд.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2909-2010-08-16-18-33-26.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854