НОРИЗОЯТӢ НИСБАТ БА ҲУКМИ ДОДГОҲЕ ДАР НОРАК
Баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе беш аз 200 нафар аз мардуми маҳаллӣ, умдатан ҷавонон, дар назди сохтмони додгоҳи маҳаллӣ дар шаҳри Норак гирдиҳамоии эътирозӣ барпо кардаанд. Эраҷи Амон, хабарнигори нашрияи "Нигоҳ", ки шоҳиди ин гирдиҳамоӣ буд, ба Би-би-сӣ гуфт мардуми маҳаллиро ҳукми додгоҳи шаҳри Норак алайҳи панҷ тан аз ҷавонони сокини ин шаҳр ба хашм оварда буд. Додгоҳ ин панҷ ҷавонро дар ғорати чанд мағоза ва дорухонаи шаҳрӣ муҷрим шинохта ва барои мӯҳлатҳои 5,5 ва 6-солӣ ба зиндон маҳкум кардааст.
Аммо мардуми маҳаллӣ ин ҳукмро "ғайриъодилона" хондаанд. Пас аз судури ҳукми додгоҳ мардуми маҳаллӣ баъд аз соъати 12 рӯз ба нишони эътироз нисбат ба ҳукми додгоҳ "шишаҳои панҷараҳои сохтмони додгоҳро шикастаанд." Пулиси маҳаллӣ натавонистааст мардуми норозиро ором кунад ва аз мақомҳои интизомӣ дар маркази Тоҷикистон дархости кумак кардааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки чанде баъд нерӯҳои бештари амниятӣ ва пулис, ки мусаллаҳ буданд, ба шаҳри Норак ворид шуданд.
Бархеҳо мегӯянд, ки ин нерӯҳо аз Ёвон ва Данғара ба Норак эъзом шуданд, вале мақомоти пулиси Тоҷикистон ин хабарро ҳанӯз таъйид накардаанд. Барои пароканда сохтани мардуми мӯътариз дар назди сохтмони додгоҳи шаҳри Норак аз мошини оташнишонӣ барои пошидани об ба сӯйи мардум истифода шудааст. Пас аз ворид шудани нерӯҳои изофӣ мақомоти интизомӣ тавонистаанд панҷ ҷавони маҳкумшударо бо комюне аз маҳалли додгоҳ ба боздоштгоҳ интиқол диҳанд. Як шоҳиди айнӣ мегӯяд, ки мардум аз паси мошинҳои пулис ва оташнишонӣ сангу кулӯх мепартофтанд.
Ҳодисаи ғорати даҳ мағоза ва дорухонаи маҳаллӣ дар шаҳри Норак шаби 5 ба 6 майи соли ҷорӣ рух додааст. Мақомоти додситонӣ панҷ ҷавони маҳаллиро, ки ҳувияти онҳо барои мо мушаххас нест, ба иртикоби ин ҷурм муттаҳам карда буданд. Додгоҳ онҳоро ба зиндон маҳкум кардааст. Норизоятиҳо нисбат ба аҳкоми додгоҳҳо дар Тоҷикистон амре маъмул аст. Бисёриҳо ба истиқлоли комили додгоҳҳо ва мунсифона будани аҳкоми онон чандон эътимоде надоранд. Вале эътирозоти густарда нисбат ба аҳкоми додгоҳҳо дар Тоҷикистон банудрат иттифоқ уфтодааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2977-2010-08-26-10-32-24.html