TOJIKAIR: БАҒОЧҲОИ МОРО ДАР ДОМОДЕДОВО МЕДУЗДАНД
Як гурӯҳи вижаи фурӯдгоҳи байнулмилалии Душанбе зимни баргузории як таҳқиқи густарда ба хулосае расидааст, ки бағочҳои ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав дуздида мешавад. Масъулини фурӯдгоҳ мегӯянд, аммо сирқати амволи бағочҳои мусофирони хатсайри Маскав—Душанбе фақат ба ҳангоми шаб ва танҳо дар ҳавопаймои Тоҷикайр сурат гирифтааст.
Талоши "сиёҳ" кардани Тоҷикайр
Иддае аз коршиносон ин вазъро боз як маъракаи «сиёҳ» кардани Тоҷикайр унвон мекунанд, аммо иддае ҳам бар онанд, ки ширкати мазкур дарвоқеъ ба сарнавишти мусофиронаш бетаваҷҷӯҳ аст. Қаблан ҳам «Тоҷикайр»-ро фурӯдгоҳи байнулмилалии Душанбе дар бетаваҷҷӯҳӣ ба сарнавишти мизоҷонаш муттаҳам карда буд. Мусофирони хатсайри Маскав - Душанбе ба ин суол, ки аз бағочи шумо чӣ гум шудааст, посухҳои гуногун доданд:
* «10 ҳазор дар даруни шарф, 20 ҳазор дар даруни рӯймол буд, ки нест».
* «Аз сумкаи ман 98 ҳазор рубли русӣ гум шудааст».
* «Як фотоаппаратамро гирифтаанд»
* «Як жемпер ва як курткаам нест»
* «Ними тилловориҳоямро гирифтаанд»
* «Телефони 60 доллара»
* «42 доллару 8 ҳазори русӣ»
Натиҷаҳои таҳқиқи гурӮҳи вижа
Гурӯҳи вижаи фурӯдгоҳ тайи даҳ рӯз хатсайрҳои Маскав—Душанберо таҳқиқ карда, 82 ҳолати ғорат ва осеб расонидан ба бағочҳоро ошкор кардааст. Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи ширкат гуфт, 23 маврид ғорати маблағу амволи бағочҳо буда, бақия даррондану кандани даставу бағалкисаҳои сумкаҳои мусофирон аст. Оқои Шодиев афзуд, ин ҷиноёт аз миёни даҳ рӯз танҳо дар рейсҳои шабонаи 16, 20 ва 24 август сабт шудаанд:
«Як бригада — бастае, ки дар фурӯдгоҳи Домодедово кор мекунад, бо ин корҳо машғул аст. Инро мо хулоса кардем ва наворҳо бардоштем».
Тибқи иттилоъи гурӯҳи вижа, аз бағочҳои мусофирони хатсайр аз 1 ҳазору 200 то 100 ҳазор рубли русӣ, муодил ба 40 то 3 500 доллари амрикоӣ маблағ дуздида шудааст ва хисороти боқимонда ҳисоб нашудаанд.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2978-tojikair-----.html