13:36:33 02-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ ЯК ШАҲРВАНДИ РУСИЯ

Додгоҳи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон Ахмед Султонов, як шаҳрванди доғистонитабори Русияро барои узвият дар иттиҳодияи ҷамъиятие номи "Ҷамоъаи шариъат" ва даъват ба ҷиҳод нӯҳ сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Гуфта мешавад, ин созмон бо ҳаркати иртиҷоии Толибон робита дорад ва Ахмед Султонов, узви созмони мазкур дар Афғонистон омӯзиши ҷангӣ дидааст.  Ӯ дар баҳори имсол аз сӯи мақомоти амнитяии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

 

Ҳамчунин Толиб Солиев, як фаъоли ҲНИТ низ дар ҳамдастӣ бо ин шаҳрвадӣ Русия ва ҳамкорӣ иттиҳодияи «Ҷамоъаи шариъат» боздошт ва маҳкум шудааст. Аммо мақомоти ҲНИТ ҳамкории ин узви фаъоли худ бо созмони «Ҷамоъаи шариъат» -ро рад кардаанд. Онҳо мегӯянд, оқои Солиев марвиди тӯҳмади қарор гирифтааст ва узви ин созмон нест ва дар ҷинояте низ даст надорад.

 

Аммо мақомот мегӯянд, ки тафтишот собит намудааст, ки Толиб Солиев Ахмед Султонов ва як ҳамроҳи дигари ӯро вақти омадан аз Русия истиқбол намуда ва бо онҳо ҳамкорӣ кардааст. Рӯзи 20 август Додгоҳи олии Тоҷикистон шаш табаъаи дигари доғистонитабори Русия, аз ҷумла Ҷабраилов Казбек, Ахмедов Магамед Сулейманов Гусейн, Алиев Алӣ, Абиев Низамиро барои солҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

 

Онҳо дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон муҷрим шинохта шуданд. Аммо онҳо ҳамроҳ бо як гурӯҳи дигари зиндониён дар рӯзи 23 август тавонистан бо куштани панҷ нафар аз нигаҳбонони зиндон аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор кунанд. Таъқиби ин гурӯҳи зиндониёни фирорӣ то кунун натҷиае надодааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2984-2010-08-27-12-03-10.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854