НАҚЗИ ҚОНУНИ ЗАБОН: 25 ҚАЗИЯ БА НАФЪИ КУМИТА ҲАЛ ШУД
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ки назорат бар иҷрои Қонуни забон аз аввали соли ҷорӣ ҷиддан ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи Профессор Додихудо Саймудинов, то ҳол 25 қазияи додгоҳӣ дар робита бо нақзи ин қонун муҳокима ва ба нафъи ин кумита ҳал шудааст. Дар натиҷа, созмонҳо ва муассисоте, ки қонуни забонро нақз мекунанд, ҳар кадом ба маблағи 529 сомонӣ ҷарима шудаанд. Мавзӯъи забон дар Тоҷикистон аз мавзӯъоти ҳассос ва баҳсбарангез аст ва интиқодоте дар мавриди корбурди вожаҳо ва ибороти номафҳум ва ё тарҷумаҳои ғайрисаҳеҳ матраҳ аст.
Ин мавзӯъ ва масоили марбут ба баҳсҳои забони меъёр, воридшавии истилоҳоти ҷадид ба забон, нуфузи эрониҳо дар муқобили русҳо бар забон, табдили алифбо ва пешнависи имлои ҷадиди забони тоҷикӣ дар мусоҳибаи ихтисосии Профессор Додихудо Саймуддинов бо ҳамкорамон Шамисияи Қосим матраҳ шудааст, ки фишурдаи он аз ин қарор аст:
Тақрибан як сол мешавад, ки кумитаи Шумо ба фаъолият оғоз кардааст. Дар ин муддат ин кумита чи тағйироте, буҳбудие тавонистааст дар раванди такмили забон анҷом бидиҳад?
Мо як шӯъба дорем ва вазифаи мо ин аст, ки назорат кунем. Истилоҳоте, ки қобили қабул нест, истилоҳотеро, ки бо меъёри забон мухолифат мекунад, дар як шӯрои машваратӣ бо ҷалби коршиносон аз дигар марказҳо мо таъйид мекунем ва бар асоси қонун дар бораи забони давлатӣ мо чора мебинем.
Дақиқан чиро назорат мекунед, он чи дар китобу расонаҳо чоп мешавад? Он чи дар родию ва телевизиюн пахш мешавад? Чиро дақиқан?
Ҳамаро, ҳамаро. Ҳар чи ки чоп мешавад, ин шӯъба назорат мекунад.
Чанд нафар корманд доред дар ин шӯъба?
Зиёд нестанд, панҷ нафаранд. Ва мо худамон пажӯҳиши истилоҳотро оғоз кардем. Барои чи дар тамоми дунё вақте як вожа вориди забон мешавад, расман сабт мешавад. Кай дар куҷо. Масалан, калимаи "перестройка" дар забони англисӣ ворид шудааст ва дар луғати онҳо рӯзи воридшавии ин калима ба забон ҳамон рӯзе сабт шудааст, ки Горбачев дар бораи он бори аввал дар родию ва телевизиюн суханронӣ кард.
Мо оморе дар даст дорем, ки тайи масалан 10 ё 20 соли ахир чи миқдор калимаи нав вориди забони тоҷикӣ шуд? Кумитаи Шумо ба ин раванд ҳам назорат мекунад?
Бояд арз кунам, ки Кумитаи истилоҳот дар Тоҷикистон бори аввал дар соли 1936 дар назди Вазорати маъорифи он давра таъсис шуд, барои сохтани истилоҳот. Баъдан вобаста ба Фарҳангистони улум шуд. Дар даврони Шӯравӣ хеле ҷиддӣ назорат мешуд, ки дар қабули истилоҳоти русӣ кадом камбудие рух надиҳад. Ман ахиран номае навиштам ба фарҳангистон, дархост кардам, ки бойгонии ин кумитаро ба Кумитаи забон ва истилоҳот таҳвил бидиҳанд. Аммо ҷавоб омад, ки ягон асноде аз ин кумита боқӣ намондааст.
Яъне ҳанӯз як сол нашудааст, ки Кумита аз вобастагии Фарҳангистон берун омадааст ва аллакай ҳеҷ аснод дар он ҷо нест. Ҳоло ман намегӯям, ки барои ман аснодро аз соли 1936 ба баъд биёранд, ҳамин солҳои ахирро. Бубинед беэътиноиро. Ман боз мегӯям, ки дар замони шӯравӣ ҳамаи калимаҳое, ки ворид мешуд, ҳамааш картотека мешуд. Онҳо куҷо шуд? Ҳоло аз мо интиқод мекунанд, дар ҳоле ки аз фаъолияти мо ҳанӯз як сол пур нашудааст.
Ахиран китобе бо номи “Истилоҳоти ҷадиди фаннӣ ва текникӣ” чоп шудааст, ки муаллифаш Пирмуҳаммад Норов аст. Назари Шумо ба ин китоб чист?
Ин китобро ман дидам ва қабул накардам. Барои он ки дар он истилоҳоти зиёде ворид шудааст, аммо манбаъи истилоҳот дар ҳеҷ куҷо ёд нашудааст, ки аз куҷо омадааст, аз кадом забон ворид шудааст, кай ворид шудааст. Ин хосси расми илм нест, ки мо ҳар чиро ба номи худамон гирифта нависем. Он вожа аз арабӣ ворид шудааст ё туркӣ ё форсии Эрон, бояд таъкид шавад. Аммо оқои Норов ин усулҳоро риъоят накардаанд ва ман китобро таъйид накардам. Бо вуҷуди ин, китобро чоп карданд.
То ҳол чанд мавриди ба додгоҳ кашидани афрод ё муассисаҳо барои нақзи қонуни забон сабт шудааст?
Муҳокимаи бисту панҷ парванда то ҳол дар додгоҳ поён ёфта ва созмонҳо ва муассисоте, ки қонуни забонро нақз карда буданд, ба маблағи 529 сомонӣ ҷарима шуданд. Ин маблағ, албатта, кам аст ва мо мехоҳем, ки мизони ҷарима афзоиш дода шавад. Гурӯҳи кории мо гузоришҳои бештаре ҳам таҳия кардаанд, ноҳия ба ноҳия гаштаанд. Нақзи қонун бештар дар заминаи навиштаҷоти созмонҳо ва ташкилотҳо мушоҳида шудааст, масалан талаботи навиштани номи муассисаҳо. Муассисаҳои мӯътабари давлатӣ дар ин замина қонунро риъоят намекунанд.
Шумо чи қадар нерӯ доред барои назорат бар ин умур?
Се шӯъба дорем, ки дар ин замина кор мекунанд, боз додситонии давлатӣ ҳам назорат мекунад.
Бо дарназардошти он ки то ҳол ҳатто байни мутахассисони забон дар мавриди истифода аз ин ё он вожа ва ё истилоҳ баҳсҳо вуҷуд доранд ва ҳатто дар родию ва телевизиюн баъзан иштибоҳоти ҷиддӣ мушоҳида мешавад, чи гуна метавонем аз мардуми одӣ интизор дошта бошем, ки иштибоҳ накунанд?
Мо ба забони гуфтории онҳо кор надорем. Қонун ба забони муъошират кор надорад, аммо агар дар навиштаҷоту лавҳаҳо иштибоҳ кунанд, ба маҳкама кашида мешаванд. Инҳо аз бепарвоӣ ва беэътиноӣ нисбат ба забон рух медиҳад. Баъзан гӯё махсус мекарда бошанд. Ҳар муассиса ҳуқуқшинос дорад ва бояд донад, ки қонунро бояд риъоят кард. Магар куҷояш мушкил аст, ки мо одитарин чиз - “г” аз “ғ” ё “к” аз “қ”-ро фарқ намекунем?
Ин иштибоҳоти имлоӣ аст, аммо агар ба шиъорҳо ва ё таблиғот мушоҳида мекунем, ки иборат ва ё ҷумлаҳоро аз забони русӣ калима ба калима тарҷума кардаанд, ки бо қоъидаи ҷумласозии тоҷикӣ мувофиқ нест ва баъзан ҷумлаҳои бемантиқ дар лавҳаҳои маркази шаҳр ба мушоҳида мерасанд. Ба ин ҳам Шумо назорат мекунед?
Дуруст. Шумо ҳоло аз забони таблиғотгарон шикоят мекунед, аммо ба баъзе лавҳаҳо дар Академияи улуми Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардаед? Навиштаҷоти зери лавҳаи хотираи устод Осимиро дар мармари сиёҳ хондед? Тавре навиштаанд, ки ҳеҷ фаҳмида намешавад. Ин дар ҳолест ки ҳар рӯз дар дохили ин маркази илм садҳо донишманд ва академик рафта меоянд, магар намебинанд?
Чи навишта шудааст?
Дар он ҷо омадааст: "Академик Муҳаммад Осимӣ аз соли 1965 то соли 1988 дар ин бино кор кардаанд ба сифати Президенти Академияи Улуми Тоҷикистон." Магар хандаовар нест? Ин навиштаҷот дар Академияи илмҳои Тоҷикистон солҳост, ки истодааст. Дар ҳамин ҳам русҳо гунаҳкоранд? Ин аст сатҳи илми ҷумҳурӣ.
Эрониҳои зиёде ҳастанд, ки кирилиро омӯхтаанд, онҳо мехонанд, магар шарм намедорем? Кумитаи мо назорат мекунад, дурустии онро қазоват мекунем. Мо дар ин бора гуфтем, акнун ислоҳ кардан кори онҳост. Агар ислоҳ накунанд ҳам, бигзор дар таърих монад.
Баҳс дар атрофи забони меъёри тоҷикӣ дар расонаҳо ва маҳофили забоншиносӣ зиёд аст. Мешавад барои хонандагон шарҳ диҳед, ки забони меъёри тоҷикӣ яъне чи?
Дар илми забоншиносӣ истилоҳот аст - забони гуфторӣ ё гуфтугӯӣ, навишторӣ, забони адабӣ ва забони меъёр. Забоншиносон муқаррар мекунанд, ки забони меъёр кадом аст.
Дар кишварҳои мухталиф натиҷагириҳо мухталиф мешаванд. Мо дар мисоли замони шӯравӣ медонем, ки забонҳое, ки собиқаи хаттии тӯлонӣ надоштанд, таърихи адабиёти тӯлонӣ надоштанд ва забонашон дар сатҳи гуфтугӯӣ ва лаҳҷаи қабилавӣ буд, онҳо алифбо интихоб карданд ва лаҳҷаро ба унвони забони меъёр қабул карданд ва ин қабилаҳо дарвоқеъ бурд карданд, соҳиби забон ва хатти расмӣ шуданд.
Аммо дар замони Шӯравӣ иштибоҳи хеле азим нисбат ба забони мо рӯй дод, зеро забони тоҷикиро дар радифи ҳамон забонҳои нав, ё забонҳое, ки таърихи тӯлонӣ надоранд, гузоштанд ва меъёри забони тоҷикиро низ мисли он забонҳо бар пояи лаҳҷа муқаррар карданд.
Яъне мо забони худро, ки таърихи давраи нави забони мо расман аз асри 9 оғоз мешавад ва бархе аз таърихшиносон мегӯянд аз асри 8 оғоз мешавад, бо забони қабилаҳои дигар дар Осиёи Миёна баробар кардем. Дар ҳоле ки забони меъёри мо бояд забони Рӯдакӣ мешуд, забони меъёрро мисли қабилаҳои дигар дар минтақа, бар пояи лаҳҷа эълон кардем. Лаҳҷаи Бухоро, Самарқанд... Дар ҳоле ки бори дигар мегӯям, забони меъёри мо, бояд забони клосикии ноби форсии дарӣ мешуд, на чизе дигар.
Пас, савол пайдо мешавад, дар ҳоле ки мо забони Рудакӣ ва Фирдавсиро бе тарҷума мефаҳмем, чи шуд, ки ба истилоҳ равшанфикрони мо ҳамаро фаромӯш карданд ва забони тоҷикиро дар радифи забонҳои мардумоне қарор доданд, ки суннати гузаштаи хаттӣ надоштанд ва лаҳҷаро асоси меъёри забон қарор доданд? Мутаассифона, баъзе аз равшанфикрони мо то ба ҳол дар сатҳи андешаи миллӣ ҷой нагирифтанд, инҳо саргардони лаҳҷаҳои худ ҳастанд.
Ба назари Шумо ангезаи аслии ин тасмим чи буд?
Ин як шиъори бисёр нодуруст ва содалавҳона буд, ки гӯё мо бояд забонро ба забони халқ наздик мекардем. Магар забони клосикии мо то ба имрӯз барои халқ бегона буд? Бузургии забони форсӣ маҳз дар ин аст, ки мо соҳибони забон, осори ҳазор сол пеши худро мехонем ва мефаҳмем ва ба тарҷума ниёз надорем. Дар ҳоле ки дар бештари забонҳо ин тавр нест. Дар дигар забонҳо мебинем, ки осори клосики худро дар тарҷума ба забони муъосир мехонанд. Инҳо нахостанд. Хостанд ва тавонистанд моро аз Эрон ва тамаддуни эронӣ дур созанд.
Аммо магар мушкилоти фаровон ва ҳарҷу марҷе, ки забони мо имрӯз бо он рӯбарӯст, танҳо ношӣ аз ин иштибоҳест, ки гуфтед?
Не, бояд гуфт, ки махлут шудани забон, яъне омезиши забон бо туркӣ ва узбакӣ аз замони Шӯравӣ не, балки ҳатто қабл аз он давра ҳам оғоз шуд. Ҳолати дузабонӣ, тоҷикӣ ва узбакӣ, дар ин ҷойҳо қабл аз омадани онҳо вуҷуд дошт. Ин ҳолат дар сатҳи савтии лаҳҷаҳои мо маҳсус буд, дар сатҳи истифода аз калимаҳо, дар сатҳи қолабҳои ибораву ҷумласозӣ дар забон вуҷуд дошт, ки мо то имрӯз ин сабкро дар асарҳои баъзе аз нависандаҳоямон мебинем. Ва гурӯҳе тавонистанд бо суиистифода аз ин ҳолат забони мардумро забони узбакӣ хонанд ва забони бегона пирӯз шуд.
Ҳамин тавр ки дар мақолаҳои илмӣ ва китобҳои таърихӣ, аз ҷумла китоби ахири Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ "Фитнаи инқилоби Бухоро" мехонем, ҳуруфи тоҷикӣ таҳти сиёсатҳои понтуркистии Шӯравӣ бо ҳадафи мунзавӣ кардани тоҷикон аз ҳамзабононашон нахуст ба лотинӣ ва сипас ба сириллик табдил шуд. Оё имрӯз дар дасти худи мо нест, ки алайҳи ин сиёсат иқдом кунем ва тоҷикиро аз роҳи бозгашт ба алифбои ниёкон ба лонаи форсӣ баргардонем?
Ин баҳсҳо, пешниҳодҳо аз ҷониби бархе аз равшанфикрони мо пешниҳод шуда буд. Ман ҳатто розӣ набудам, ки дар ин замони гузариш яку якбора алифбо табдил шавад. Барои он ки ҳамон иштибоҳе, ки дар замони табдили хат аз форсӣ ба лотинӣ ва баъд сириллик роҳ додем, набояд имрӯз такрор шавад.
Лекин равшанфикрони замони инқилоб, ки ба дунболи сиёсат мерафтанд, натавонистанд исбот кунанд, ки мо аз дигар қабилаҳои минтақа фарқ дорем ва хаттро табдил карданд. Ин ҳадафи сиёсӣ дошт, мо агар мехостем ё намехостем алифбоямонро иваз мекарданд. Табдили хат ба мардум таъсири хеле манфӣ расонд, хелеҳо бесавод маҳсуб шуданд. Босавод ба маънии одамоне, ки хонда ва навишта метавонистанд, буд. Баъдан, аз нигоҳи иқтисодӣ, ки инро ҳисоб кардааст? Хеле кори зиёд мехоҳад табдили хат. Дар шароити имрӯз ин маблағ аз куҷо пайдо мешавад?
Дувум ин аст, ки имрӯз сатҳи савод бо ҳамин хатти сириллик ҳам пойин рафтааст, агар алифборо табдил кунем, вазъият чи мешавад? Аммо сиёсати давлат ин аст, ки дар мактабҳо ҳамаи шароит фароҳам аст, ки хатти форсиро биомӯзанд. Касе, ки каме ҳам ифтихори миллӣ дорад, бояд омӯзад. Дар шароити феълӣ хаттро табдил кардан номумкин аст, то он замон, ки замина фароҳам нашавад.
Шароити фароҳам, яъне маблағ, пайдо шавад?
То замоне, ки ақаллан 70 дарсади мардум ин хаттро донад. Замоне ки дар ин бора баҳс мекардем, ман гуфтам қаламу коғаз бигиред, кадоме аз шумо ба форсӣ диктант навишта метавонед. Биёед воқеъӣ назар кунем. Табдили хат дар шароити имрӯз ҳадафи сиёсии бисёр хатарнок аст. Он шахсоне, ки даъвогари ин хат ҳастанд, медонанд, ки дар сурати табдили хат онҳо аҳли савод маҳсуб мешаванд ва то замоне, ки инҳо алифбо меомӯзанд, онҳо тамоми мансабҳоро мегиранд. Ҳадаф суиистифода аст.
Аммо агар фарз кунем, ки мо мушкили молӣ надорем ва заминаҳо фароҳам ҳастанд, мо аз табдили хат аз сириллик ба ниёкон бурд мекунем, дуруст?
Мушкилотро мардуми одӣ намедонанд. Идеологҳо як гурӯҳ ҳастанд, ки ҳадафҳои дигар доранд. Аммо агар мо ҳавсала дошта бошем ва ин хатро омӯзем, фақат як бурд мекунем - Тавассути осори гузашта, осоре, ки имрӯз дар Эрон аст ва нашр мешавад, зеро нашр он ҷо дар сатҳи хеле боло аст, забони форсӣ воқеъан ҷаҳонӣ аст, бо ин осор шинос мешавем. Мо ба он осор дастрасӣ пайдо мекунем, ба шарте ки аҳли мутолеъа бошем. Агар онҳо чоп кунанду мо нахонем, аз табдили хат ҳам ҳеҷ фоида нест.
Дувум ин, ки бузургии хатти форсӣ ин аст, ки дар имлои форсӣ ҳеҷ гуна унсури бегона ва ҷумлаҳои бегона, ки имрӯз бо таъсири русиву узбакиву туркӣ дар мо омадааст, дар он ҷо ҷой надорад. Иштибоҳ зуд ба чашм мехурад. Ҳоло масъалаи дигар, ин қадар китоби илмие, ки мо то ҳоло дорем, агар иштибоҳ ва ғалати онҳоро ангушт намоем, оё бародарони мо метавонанд ҳамаи ин китобҳоро аз сар чоп кунанд? Не, наметавонанд. Барои ҳамин мо бояд андеша кунем.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ҳоло забони тоҷикӣ, ҳамон тавре ки дар родию ва телевизиюн ва расонаҳо ва ё истифодаи мардум мушоҳида мекунем, бо ҳарҷу марҷ рӯбарӯст, оё ба назари Шумо роҳи бурунрафте аз бӯҳрони забон ҳаст?
Ҳар кас ҳар вожаро, чи тавре ки дилаш мехоҳад, ворид мекунад. Мо ҳар вожаро наметавонем қабул кунем. Масалан, дар бахши текникӣ. Ҷомеъа пешрафт кардааст. Мо наметавонем ҳамаи онро аз ҳисоби забони худ ё ҳамаашро аз забони арабӣ танзим кунем. Мо бояд ҳар вожаро бо савтиёти худамон мутобиқ кунем ва сипас қабул кунем.
Забонҳои арабӣ, форсӣ, фаронсавӣ таҷрубаи хуб доранд дар ин замина, аммо мо надорем. Бояд ҳамгунсозии истилоҳоти форсӣ миёни се кишвари форсизабони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон сурат бигирад. Аммо ин ҷо як масъала ҳаст. Масалан, манбаъи иқтибос дар Эрон бештар фаронсавӣ аст, дар Афғонистон инглисӣ, аммо дар мо русӣ ва туркӣ.
Мо наметавонем, як калимаи русиро, ки дар миёни мардум роиҷ шудааст, бардорем ва як калимаи хориҷии дигарро ба ҷойи он гузорем. Аммо калимаҳое ҳастанд, ки форсии ноб ҳастанд ва мо онҳоро сарфи назар кардаем. Ин гуна калимаҳо зиёданд, ман ин гуна калимаҳоро бо ҷону дил қабул мекунам. Аммо баъзе иқтибосҳо дар мо ғалат омадаанд. Масалан калимаи "чипта" аст, чи аст? Ҳамаи форсизабонони дунё "билет" мегӯянд, мо чаро "чипта" гуфтем? Бо ёди солҳои 1920, гӯё хеле ифтихор бошад, ин калимаро аз забони омиёнаи узбакӣ иқтибос гирифтем.
Калимаҳои ғалати туркию узбакӣ зиёд ба забони мо ворид шудааст, ки мо забонро бояд аз онҳо тоза кунем. Калимаҳои ғалат зиёданд, аммо ҳеҷ кас аз забоншиносон дар ин бора сӯҳбат намекунад, барои он ки онҳо аз кӯдакӣ одат кардаанд ба он калимаҳо. Ҳама бебарориҳои имрӯзи мо дар бахши истилоҳот ҳамчунин дар ин аст, ки алъон мо аз эрониҳо иқтибос мегирем, аммо бо иштибоҳ ё ноогоҳона. Манбаъҳои форсӣ дар мо зиёд ҳаст ва ба ном рисоланависон, дурусту нодуруст як шингил аз Эрон мегиранд, як шингил аз Афғонистон ва ба сириллик менависанд.
Пас оё дуруст нест, ки ҳоло фарҳангҳои истилоҳоти форсиро ба сириллик баргардон кунем ва онҳо мавриди истифода қарор бигиранд?
Бале, танҳо роҳи ошкор кардани инҳо, ҳамин аст, ки мо фарҳанги истилоҳоти эрониро чоп кунем. Аммо ин хел намешавад, ки мо бидуни ҳеҷ гуна таъйид ё тасдиқ ҳар калимаро бардорем ва нависем. Мо дар риштаи тиб бо профессор Мирҳусейни Миршоҳӣ сӯҳбат доштем, барои ҳамгунсозии истилоҳоти тиббӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон. Ҳайъате иборат аз эрониён, тоҷикон ва донишмандони Афғонистон ташкил кардем. Акнун қарор аст инҳо фарҳанги дуҷилдаи истилоҳоти пизишкиро барои мутахассисони тиб дар ҳарсе кишвар мунташир кунанд.
Иддаъо мешавад, ки дар сурати табдил наёфтани алифбои тоҷикӣ ба алифбои ниёкон, забони тоҷикӣ бо хатари нобудӣ рӯбарӯ мешавад. Шумо ояндаи забонро чи гуна мебинед? Ояндаи забони мо хеле хуб аст, равшан аст. Шумо худатон огоҳ ҳастед. Магар забони мо дар муқоиса бо забони солҳои 60 ва 70 ва то давраи истиқлол пешравӣ надорад? Ҳазор сару гардан пеш рафтааст. Зеро насли нав то ҷойе аз истифода аз ҳамон музахрафоту омилҳои омиёнаи лаҳҷавию бегона шарм мекунад.
Насли пешина бошад, даъво доранд, ки забон номафҳум шудааст. Ин иддаъоро умдатан афроде мекунанд, ки дар замони Шӯравӣ забони русиро болотар донистанд ва барои пешрафти мансабашон талош карда ва бештар русӣ хондаанд ва аз тоҷикӣ шарм медоштанд. Вақте ҳоло шикоят мекунанд, ман мешунаваму хурсанд мешавам, зеро медонам, ки ин нишонаи пешрафти забон аст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2985----25------.html