МАНЪИ ДАЪВАТИ ХОНАНДАГОН БА МАСҶИД
Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба имом-хатибон дастур дода, то аз даъвати шогирдони мактабҳо ва донишҷӯён ба масоҷид худдорӣ кунанд. Ин амр ба манзури ворид накардани халал ба раванди таҳсили донишҷӯён иттихоз шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки рӯзҳои ҷумъа то панҷоҳ дарсади шогирдони мадорис ва донишгоҳҳо тарки синфхонаҳо карда ва равонаи масоҷид мешаванд.
Қобилҷон Боев, масъули бахши фатво дар Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран сару садоҳое паҳн шудаанд, ки бархе аз имом-хатибон зимни суханрониҳои худ ҷавонони мадорис ва донишгоҳҳоро ба масоҷид даъват мекунанд. Барои ҷилавгирӣ аз чунин вазъ, Шӯрои уламо қарор кардааст, даъвати шогирдон ба масоҷид дар вақти таҳсил манъ карда шавад, зеро таҳсил ва омӯзиш барои кӯдакону ҷавонон авлавияти бештар дорад.
Зимнан, бештаре аз масъулони донишгоҳҳо ва мактабҳои мутаввасит мегӯянд, ки воқеъан рӯзҳои ҷумъа бештаре аз ҷавонон барои адои намози ҷумъа тарки таҳсил мекунанд. Оқои Боев шоъеот дар бораи манъи вуруди шогирдони мактабҳо ба масоҷидро радд кард ва гуфт, ки дар вақти фориғ аз таҳсил онҳо метавонанд ба масоҷид биоянд ва тоъату ибодат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки аз се сол бад-ин сӯ дар Тоҷикистон вуруди кӯдакони то синни 12-сола ба масоҷид мамнӯъ шудааст. Қобилҷон Боев мегӯяд, ки “бештаре аз ин кӯдакон ва наврасон воқеъан ба тоъату ибодати бузургсолон халал ворид мекарданд, чун умдатан машғули бозиҳои кӯдаконаи худ мешуданд”.
Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иҷтимоъӣ бар ин назар аст, ки тасмими Шӯрои уламои дини Тоҷикистон барои манъи таблиғ дар миёни шогирдони мадорис ва донишгоҳҳо амри зарурист. Зеро ба эътиқоди вай, Тоҷикистон кишвари дунявӣ буда ва мазҳаб аз умури давлат ҷудо аст. Ба бовари ӯ, ҳоло мушоҳида мешавад, ки рӯзҳои ҷумъа то панҷоҳ дарсади шогирдон тарки мактабу донишгоҳ карда, барои адои намоз ба масоҷид мераванд.
Вай афзуд: “Ин мушкили иҷтимоъӣ аст. Зеро аз таҳсил канор мондани ҷавонон ба мавзӯъи амнияти кишвар низ рабт дорад. Зеро, дар пайи бесаводӣ, эҳтимоли пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро низ афзоиш меёбад”.
Коршиносон мегӯянд, дар ду-се соли ахир дар вақти намоз, бавижа рӯзҳои ҷумъа, ҳатто бархе аз кормандони муассисоти давлатӣ ва вазоратхонаҳоро низ дар маҳалли кор пайдо кардан душвор шудааст, чун бештаре аз онҳо машғули гузоштани намоз мешаванд. Дар ҳамин ҳол, Воҳидхон Қосиддинов, як масъули Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мегӯяд, ки агар қарори Шӯрои уламои дин дар бораи манъи таблиғот дар миёни ҷавонон танҳо ба манзури таъмини раванди таҳсил гирифта шуда бошад, пас вай аз ин тасмим ҷонибдорӣ мекунад.
Вале агар ин қарор манъи даъвати ҷавонон ба исломро ҳадаф дошта бошад, пас ин тасмим муғойири қавоиди ислом ва муқарарроти Қуръон аст. Зеро, ба гуфтаи ӯ "даъват ба тоъату ибодат ҷузъи вазифаи ҳар як мусалмон ва имом-хатибони масоҷид аст".
Ин дар ҳолест, ки тӯли як моҳи ахир Президент Раҳмон мукарраран аз афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба таълимоти мазҳабӣ изҳори нигаронӣ мекунад. Вай аз волидайни ҷавонон даъват кард, ки фарзандони худро аз таҳсил дар мадориси кишварҳои исломӣ бозхонанд. Ба бовари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, “онҳо дар он ҷо мулло намешаванд, экстремисту террурист мешаванд, хоини миллат мешаванд”.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3079-2010-09-09-01-44-19.html