14:16:33 01-уми Июни 2025 сол

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ

қисмати аввал

Қисмати дуввум

Қисмати саввум

 

terroristМарҳилаи нави рушди салафия бо номи Мухаммад ибни Абдулваҳоб (1703-1781) дар асри XVIII алоқаманд аст. Аз ин давра ба ин ҷараён истилоҳи «ваҳҳобия» илова гардид. Гарчанде байни ин ду ҷараён фарқиятҳои зиёде мавҷуд аст. Салафия дар мубориза бо сӯфия ва мӯътақидон ба зиёрати мақабараҳо, ки онҳоро «қубуриюн» меноманд шабоҳате бо ваҳҳобиён доранд. Вале дар бисёр масоили дигар бо онҳо мухолифанд.

 

Ишораи доимӣ ба авоили ислом яке аз хусусияти асосии наҳзати салафия аст ва аз ҳамин ҷост, ки муҳаққиқин салафиёнро мутаҳам ба «иътиёд ба гузашта» кардаанд. Истилоҳи «салафия» аслан нав пайдо шудааст. То ҳол салафиҳоро бо номҳои «Аҳли ҳадис», «Аҳли асар», «Ҳанбалӣ», ки дар ҳалли масоили динӣ дар фарқият аз аҳли раъй танҳо ба ҳадисҳо такя мекарданд, меномиданд. Ҳоло ҷамъияти салафиҳоро ба чанд гурӯҳ тақсим мекунанд:

 

1. Суруритҳо-ихвониён.

 

2. Салафиҳои албанӣ, ки пешвояшон шайх Носириддин ал-Албанӣ мебошад. Баъзе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки Албанӣ пайравони худро аз пойбандӣ ба ин ё он мазҳаб манъ мекунад. Албанӣ аслан моҳияти мазҳабҳоро инкор намекунад, балки ба муқобили пайравии куркурона аз онҳо мебарояд, махсусан ба муқобили чизҳое, ки баъд ба мазҳабҳо дохил шуда, ба Суннати Паёмбар ихтилоф доранд.

 

3. Салафиҳо-ҷамъиятиҳо (ҷомиюн) ё мадхалиҳо. Пешвояшон шайх Рабеъ ибни Ҳодии ал- Мадхалӣ мебошад.

 

Салафиҳоро дар маҷмӯъ ба се ҷараён тақсимбандӣ мекунанд:

 

1) такфириҳо, 2) ҷиҳодиҳо – ҷиноҳи радикалӣ, ки созмони террористии «Ал-Қоида» ба он шомил мешавад ва 3) салафиҳои бунёдгаро. Дар Тоҷикистон салафиҳо аз ибтидои солҳои 2000 пайдо шуданд. Дар ибтидо ҳукуматдорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кадом хатареро барои амнияти кишвар аз ҷониби онҳо эҳсос намекарданд, вале баъдҳо ихтилофот байни онҳо ва руҳониёни анъанавӣ, пайравони мазҳаби Имоми Аъзам зиёд шуд.

 

Баланд гуфтани омин, баланд бардоштани дастҳо дар ҳар такбири намоз, гузоштани дастҳо дар болои сина дар вақти намоз, аз ҳадд зиёд кушод доштани пойҳо дар намоз, нахондани Қуръон дар сари қабр барои арвоҳи гузаштагон, мухолифат бо барпо кардани мавлуди Паёмбари ислом ва хайру садақаҳои маъмулии мусулмонони кишвар ба тадриҷ норизоиятӣ ва эътирози кушоду равшани пайравони мазҳаби ҳанафиро афзоиш дод. Ин вазъият метавонист боиси сар задани низоъ байни мусулмонони Тоҷикистон гардад. Бинобар ин, Покуратураи генералӣ ба Суди олӣ барои манъ кардани фаъолияти салафиҳо муроҷиат намуд. Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон Муҳаммадӣ Раҳматулло мебошад.

 

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Яке аз унсури муҳим ва масъулиятноки пешгирии ифротгароӣ ва терроризм муайян кардани сабабҳо ва шароитест, ки ин падидаҳоро ба вуҷуд меоварад. Ба ғайр аз таҳияи сиёсати давлатии муқобила бо терроризм, ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти қудратӣ ва сохторҳои гражданӣ, мутаммарказ гардонидани роҳбарии фаъолиятҳои вобаста ба пешгирӣ ва муқобила бо терроризму ифротгароӣ ва ҳамчунон таъмини ҳамаҷонибаи чорабиниҳои низомӣ, махсус ва идеологӣ аҳамияти махсус доранд.

 

Масъулияти асосӣ дар кори мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ба дӯши давлат аст ва маҳз давлат бояд ташаббускори рӯи даст гирифтани ҳар гуна чораҳои зарурӣ барои ҳифзи ҷомеа бошад. Чорабиниҳо оид ба мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм бояд ба характер ва вусъати таҳдидҳо мутобиқат намоянд. Дар ин ҷо ҳам бояд ба ифроту тафрит роҳ дода нашавад.

 

1. Чораҳои ниҳодию ҳуқуқӣ доир ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ташхиси ифротгароии диниро аз рӯи 3 самти асосӣ муайян намоянд: таҳдид ба асосҳои конститутсионии давлат (принсипи тамомияти арзӣ), таҳдид ба манфиатҳои миллии кишвар, таҳдид ба ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон.

 

Ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина корҳои мушаххасеро ба анҷом мерасонад. Чуноне дар боло ишора рафт 30 марти соли 2006 дар натиҷаи ташхиси падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ 10 созмонро террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон манъ кард. 11 марти соли 2008 Суди Олӣ»- «Ҳизбу-т-таҳрир»-ро ва январи соли 2009 «Салафия»-ро созмони террористӣ эътироф намуд. Таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба мубориза ва пешгирии терроризм ва ифротгароӣ идома дорад.

 

Дар Тоҷикистон соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», Моҳи марти соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул шудаанд, ки дар онҳо мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо, самтҳои асосии мубориза бо ин падидаҳо муайян шудаанд.

 

2. Чораҳои сиёсию ташкилӣ. Мӯҳтавои онҳо бояд ба дастгирии сохторҳои анъанавии исломӣ равона шуда бошад. Кӯшиш бояд намуд, ки онҳо таҳким ёбанд. Ба ташкили конфронсу маҷлисҳо дар бораи мубориза бо ифротгарорӣ ва хатари он бо ҷалби қишрҳои васеи аҳолӣ гузаронида шавад.

 

Дар ин замина ҳам Ҳукумати Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд рӯи даст гирифтааст. Яке аз ин чорабиниҳо ҷашнгирии 1310 солагии Имоми Аъзам ва соли 2009-ро эълон намудани Соли бузургдошти ин фақеҳи бузург ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Аз ин тариқ рӯҳониёни анъанавӣ, пайравони мазҳаби Имоми Аъзам пуштибонӣ мешаванд. Гузаронидани конференсия ва семинару машваратҳои гуногун дар бораи Имоми Аъзам, чопи мақолаю китобҳо бешубҳа, як навъ дастгирии сохторҳои анъанавии исломӣ мебошад.

 

3. Маҷмӯи чораҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки моҳияти онҳо аз  байн бурдани асосҳои иқтисодии ифротгароён,  ҳам сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ иборат аст.

 

4. Чораҳои маъмурию зӯроварӣ. Чораҳои маъмурию зуроварӣ бояд ба он равона гардад, ки:

 

- сарчашмаҳои молиявии созмонҳои ифротгаро ва террористӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар муайян ва нест карда шаванд;

-террористон аз сарчашмаҳои ҷалби маблағ, яроқу аслиҳа, воситаҳои моддӣ ва ғайра маҳрум карда шаванд;

- марказҳои таъминоти идеологӣ ва дастгирии террористон, марказҳои тарбияи онҳо мушаххас ва аз байн бурда шаванд;

- маҳдуд намудани имконияти истифодаи террористон ва ифротгароён аз ВАО.

 

Маълум аст, ки васоити ахбор яке аз воситаҳои дастраси таъсиргузорӣ мебошанд, ки террористонро ҳамроҳи мекунанд. Онҳо бисёр манфиатдоранд, ки аз ВАО истифода намоянд, то ки аз як тараф имиджи худро ҳамчун «муборизон барои озодӣ» ташаккул диҳанд ва идеяҳои худро паҳн намоянд ва аз тарафи дигар аҳамият ва ҳайсияти худро нишон дода аҳолиро ба тарсу ваҳшат биёранд.

 

5. Чораҳои пешгирӣ. Корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, чопи китобҳо, тарбияи динӣ ва ғайра. Ҷойи муҳимро дар пешгирии ифротгароӣ ва терроризм пешгирии паҳншавии идеологияи ифротгароӣ дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, махсусан ҷавонон ва навҷавонон мебошад, ки ба таблиғоти ифротгароён тезтар дода мешаванд. Имрӯз давлат ва ҷомеа ба ин масъала диққати ҷиддӣ намедиҳанд, ки аз ин камтаваҷҷӯҳи нерӯҳои дигар истифода мекунанд. Лозим аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷо бо созмонҳои ҷамъиятӣ кумитаҳои маҳаллӣ, аҳли ҷомеа барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ корҳои амалиро анҷом диҳанд.

 

Ҳамин тариқ ифротгароӣ, террор ва терроризм бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур намуда инсониятро аз давраҳои қадим таъқиб мекарданд. Авҷгири ин падидаҳо дар шароити муосир, ин натиҷаи рушди тамаддуни худи инсоният аст, ки аз тариқи шӯришу қиёмҳо, ҷангҳои хунин, инквизитсия, инқилобҳо ва шоҳу раҳбаркушиҳо гузаштааст. Моҳияти терроризм иборат аст аз ба таври фаъол истифода намудани шеваҳои тарсу ваҳшат ба хотири маҷбур намудани қабули шартҳои террористон аст.

 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишҳои миллӣ ва динии худро, анъаноти худро зери хатар мебинанд. Ғарб ба ин халқҳо на танҳо арзишҳояшро таҳмил мекунад, балки аз роҳи низомӣ фишор моварад. Аз ин рӯ, сабабгори авҷи ифротгароӣ аз бисёр ҷиҳат равандҳои афзояндаи ҷаҳонишавӣ мебошанд. Шеваҳои ифротгароӣ дар тамоми динҳо истифода мешаванд, гарчанде мо муътақидем, ки ифротгароӣ ва терроризми динӣ буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароие мавҷуд буда метавонад, ки шиорҳои диниро ниқоб менамояд. Барои ҳамин ҳам вақте дар ин ҷо сухан дар бораи ифротгароии (экстремизми) динӣ ва терроризм сухан меравад муаллиф танҳо экстремизм ва терроризмеро дар назар дорад, ки зери пӯшиши ғояҳои динӣ баромад мекунанд.

 

Имрӯз мусаллам аст, ки танҳо бо роҳи зурӣ решакан намудани терроризм номумкин аст. Бояд бо омилҳои барангезандаи терроризм мубориза кард. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз тариқи музокирот ва муколимаи байни давлат ва созмонҳои динӣ ва аҳзоби сиёсии исломӣ метавон масоили мушкили сиёсӣ ва иҷтимоиро ҳал карда, ба низоъҳо хотима бахшид. Имрӯз Тоҷикистон дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ягона давлатест, ки ҳизби хислати динӣ дошта («Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»)-ро расман ба қайд гирифтааст ва бо он ҳамкорӣ мекунад.

 

АДАБИЁТ

1. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон// ( Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, № 9, мод. 68; №22, мод. 306; соли 1999, №12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149, 167; соли 2002, №11, мод. 675, 750; соли 2003, № 8, мод. 456, 468; соли 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452- 453; соли 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640)

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 № 846//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод. 275

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм(ифротгароӣ) аз 8 декабри соли 2003 № 69//Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003, №12, мод. 697.

 4. Договор между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, и Республикой Узбекистан о совместных действиях по борьбе с терроризмом, политическим и религиозным экстремизмом, транснациональной организованной преступностью и иными угрозами стабильности и безопасности Сторон. Ташкент, 21 апреля 2000 г.

5. Шанхайская конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом. Шанхай, 15 июня 2001 г.

6. Искандаров Қ. Афғонистон: толибон ва ташаккули марказҳои террористӣ.-Душанбе: «Ирфон», 2003.

7. Капитонов К.А. Террор. Война без правил. Израилско-палестинское противостояние. М.:АСТ: Восток-Запад, 2006.- 526 с.

8. Кеппель Жиль. Джихад. Экспансия и закат исламизма.- М.: Научно-издательский центр «Ладомир», 2004.- 467 с.

9. Косиченко А.Г., Ашимбаев М.С., Султанов Б.К., Шоманов А.Ж., --Бегалиев Н.К., Нурмухамедов Б.Ж. Современный терроризм: взгляд из Центральной Азии.- Алматы: Дайк-Пресс, 2002.-213 с.

 10. Назиров Д. Проблемы терроризам и религиозного экстремизма в условиях глобализации. Ч.1.- Душанбе: Ирфон, 2009.

11. Назиров Д. Проблемы терроризма и религиозного экстремизма в условиях глобализации. Ч.2.- Душанбе: Ирфон, 2009.

12.Пластун В.Н. Эволюция деятельности экстремистских организаций в странах Востока.- Новосибирск:»Сибирский хронограф», 2002 г.- 712 с.

13. Требин М.П. Терроризм в XXI веке. Минск: Харвест, 2004.- 816 с.

14. Ғоибов Ғ. Ҳизби таҳрир чӣ мехоҳад. Душанбе, 2004.

15. Ҳалабӣ Алиасғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ- сиёсии муосир. Теҳрон, 1384.

 

Искандаров Қосимшо, доктори илмҳои таърих, мудири шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Назаров Носир, доктори илмхои ҳуқуқшиносӣ, муовини аввали Сардори Академияи ВКД ҶТ

Абдуллоев Раҳматулло, ходими илмии шӯъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/4543-asoshoi-hukukii-muboriza-bar-ziddi-ekstremizm-va-terrorizm.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854