КАШФИ ПАРЧАМИ “АНСОРУЛЛОҲ” ДАР МАҲАЛЛИ ДАРГИРӢ ДАР РАШТ
Дар маҳалли кушта шудани Абдулло Раҳимов, раҳбари пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, парчами сиёҳе бо навиштаҷоти "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" кашф шудааст. Манобеъи амниятӣ ҳамчунин мегӯянд, ки дар амалиёти ахир алайҳи Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло”, 16 пайкорҷӯ, бо шумули чанд тан аз пайвандони эшони Зайнулобиддин" кушта шудаанд.
Ин амалиёт тайи се рӯз, аз 14 то 16 апрел, дар минтақаи Самсориқи ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон, ки минтақае кӯҳистонист, идома дошт. Номи “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” дар Тоҷикистон нахуст дар пайи ҳамлаи теруристӣ дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи сентябри соли гузашта пайдо шуд. Он замон бархе аз хабаргузориҳои хориҷӣ аз даст доштани ҷонибдорони ин гурӯҳ дар ҳамлаи Хуҷанд хабар дода буданд.
Нозирҷон Бӯриев, раиси бахши равобит бо ҷомеъаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19 апрел дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҳувияти бархе аз пайкорҷӯёни кушташуда мушаххас шудааст.
Аз ҷумла, дар миёни афроди кушташуда Сулаймоншо Маҳмадшоев, Айёмиддин Маннонов (бо лақаби “Умар”), Манучеҳр Маннонов, Давлат Нуриддинов (Маннонов), Муҳаммади Давлатҷон, ки бо лақаби "Холид" маъруф аст ва аз пайвандони эшони Зайнолобиддин, Меҳроҷиддин Муродов (“Абдулвосит”) ва Мирзоаҳмад Маҳмадов (мулаққаб бо “Хушвақт”) ва дигарон будаанд.
Ба гуфтаи оқои Бӯриев, бештари ин афрод сокинони ноҳияи Нуробод будаанд. Дар миёни афроди кушташуда Абдулло Раҳимови 61-сола, мулаққаб ба “Мулло Абдулло”, ки аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон дар замони ҷанги дохилӣ маҳсуб мешуд, низ будааст.
Дар маҳалли даргирӣ маъмурони амниятӣ ва интизомӣ миқдори зиёде аслиҳа, маводди мунфаҷира, ғизо ва дастгоҳи тавлидкунандаи нерӯи барқ, адабиёт ва шабномаҳои мазҳабӣ, дастурҳои таҳияи маводди мунфаҷира кашф кардаанд.
Оқои Бӯриев афзуд, ки аз ҷумла, дафтаре кашф шудааст, ки дар он нақшаи мунфаҷир сохтани як комюни “Камаз” таҳия шудааст. Давлати Тоҷикистон “Мулло Абдулло”-ро дар ҳамла ба ду комюни вазорати дифоъ дар дараи Камароб дар тирамоҳи соли гузашта, ки 26 кушта бар ҷой гузошт, мазнун медонад.
Нозирҷон Бӯриев афзуд, ки дар маҳалли даргирӣ парчаме бо ранги сиёҳ низ кашф шуда, ки дар он навиштаҷоти мазҳабӣ, аз ҷумла, “Ҷамоъати Ансоруллоҳ” зикр шуда буд. Бори нахуст исми ин гурӯҳи мазҳабӣ баъд аз анҷоми амали интиҳорӣ дар сохтмони пулиси вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар тирамоҳи соли гузашта зикр шуда буд.
Он замон як сойти интернетии вобаста ба шӯришиёни Чеченистон гузориш дода буд, ки ин созмон масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар Хуҷандро бар дӯш гирифтааст. Вале мақомоти интизомии Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро ба даст доштан дар ин ҳодиса муттаҳам карданд.
Дар ҳамин ҳол, Нозирҷон Бӯриев афзуд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар пайи амалиёти иктишофӣ маҳалли будубоши “Мулло Абдулло”-ро мушаххас карда ва нақшаи боздошти ӯро якҷо бо ниҳодҳои интизомӣ ва нерӯҳои дигари давлатӣ таҳия кардааст.
Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки баргузории тамриноти нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар ноҳияи Нуробод, ки 14 апрел оғоз ёфта буд, низ ҷузъе аз ин нақша ба манзури ҷалби таваҷҷӯҳи пайкорҷӯён ба ин тамринот будааст. Вале амалиёти аслии боздошти пайкорҷӯён дар 50-килуметрии маркази ноҳияи Рашт, дар маҳалли баландкӯҳе, сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки амалиёти зиддитеруристӣ дар минтақаи Рашт комилан анҷом ёфта, нерӯҳои эъзомӣ ба маҳалли доимии худ баргардонда мешаванд.
Вай афзуд, ки дар водии Рашт танҳо нерӯҳое боқӣ хоҳанд монд, ки барои таъмини субот дар ин минтақа таъсис шудаанд. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар маҳалли даргирии ахир аз сӯйи бозрасон таҳқиқот идома дорад.
Би-Би-Си