ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ "AIRBALTIC" ДАР ДУШАНБЕ
"AirBaltic", ширкати ҳавоии мутаалиқ ба Латвия фаъолияти худро дар Тоҷикистон пас аз вақфаи нимсола аз сар гирифт. Тибқи иттилоъи масъулони ин ширкат, парвози ҳавопаймоҳои "AirBaltic", миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳодияи Урупо аз субҳи зуди 24 март оғоз мешавад.
"AirBaltic" ширкати ҳавопаймоии мутаалиқ ба Латвия парвозҳои худро миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳодияи Урупо аз сар гирифт. Гуфта мешавад қимати муносиби билетҳои ширкати AirBaltic, яке аз омилҳои муҳим барои касби муштарии зиёд тавассути ин ширкат дар Тоҷикистон шуда буд ва сокинон ва меҳмонони ин кишвар аз саргирии парвозҳои ин ширкатро аз дер боз мунтазир будаанд. Ба гуфтаи Янис Вагнас, сухангӯяи ин ширкат гуфта буд, ки қиммати билетҳо дар масири Душанбе-Рига бетағйир мондаанд.
Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи масъулони ширкати AirBaltic парвозҳо ҳафтае ду маротиба анҷом мегирад, аммо дар тобистони соли ҷорӣ ин ширкат ҳафтае се парвоз анҷом хоҳад дод. Парвозҳои ширкати AirBaltic дар тирамоҳи соли гузашта ба таври ғайримунтазира қатъ шуда буд. Норавшан боқӣ мондани сабаби ин амр, шоеъотеро дар бораи пайдо шудани мушкилот миёни ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва ширкати "AirBaltic" ба миён овард.
Аммо масъулони AirBaltic ин шоеъотро таъйид накарда, аммо аз шарҳи он низ худдорӣ карда буданд. Ба далели камбуди парвозҳо аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ, ба ширкатҳои ҳавоии монанди AirBaltic, ки аз сӯйи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар умдатан барои анҷоми парвозҳои тронзитӣ истифода мешаванд, ниёзи мубрам вуҷуд дорад. Ҳоло дар бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон ба ҷуз ду ширкати ҳавоии Тоҷикистон – “ТоҷикЭйр”-и давлатӣ ва “СомонЭйр”-и хусусӣ, ҳудуди бист ширкати хориҷӣ фаъол ҳастанд.
Ҳарчанд қиммати билетҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ боло маҳсуб шуда ва аз сервиси ин ширкатҳо пайваста интиқод мешавад, “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” ҳудуди 40 дарсади бозори ҳамлу нақли мусофиронро дар ихтиёр доранд. Дар ҳоли ҳозир қимати билетҳои клоси "экономи" дар масири Душанбе - Рига 190 дулор аст, ки чунин қимат дар муқоиса бо қиматҳои ширкатҳои дигари фаъол дар Тоҷикистон арзон маҳсуб мешавад.
Би-Би-Си