ТАРҲИ ҶИЛАВГИРӢ АЗ АФЗОИШИ МАСРАФИ ДОРУҲОИ МУХАДДИР
Масъулини Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯянд тарҳеро таҳия кардаанд, ки ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз густариши истифодаи ғайримуҷози доруҳои дар таркибашон маводи мухаддир аст.
Алишер Ташрифов, раиси бахши назорат бар маводи мухаддири ин ожонсӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ дар миёни муътодони маводди мухаддир, теъдоде аз масрафкунандагони доруҳое, ки дар таркибашон маводди мухаддир ва ё ба истилоҳ “маводдҳои синтетикӣ” доранд, сабт шудаанд. Ҳарчанд вай мегӯяд, ки теъдоди мушаххаси ин афрод ҳануз муъайян нашуда, вале бештари онҳо аз ҷумлаи ҷавононе ҳастанд, ки ҷадидан ба ин "кирдори номатлуб" даст задаанд.
Оқои Ташрифов афзуд: “Ба мушоҳидаи мо бештари ин ҷавонон ба масрафи маводди синтетикии навъи амфетамин даст мезананд ва дар авохири соли 2010 ва авоили соли ҷорӣ иддае аз ин ҷавонон аз сӯйи пулис боздошт шудаанд.”
Ба гуфтаи ин масъули ожонсӣ бисёре аз доруҳои синтетикӣ ва ё доруҳои мухаддирӣ аз ҷумла маводди кимиёии пеперазинҳо дар феҳристи миллии воситаҳои маводди мухаддир дар Тоҷикистон шомил набудаанд. Аз ин рӯ ба гуфтаи вай ба хотири ҷилавгирӣ аз ворид шудани ин маводд ба Тоҷикистон дар ожонсӣ, кумисиюни вижае таъсис шуд, ки тарҳи вижаеро барои ворид кардани ассомии ин маводд ба феҳристи ассомии маводди мухаддирдор таҳия кардааст. Вай афзуд, ки ин тарҳ барои баррасӣ ба вазоратхонаҳои зиддахли Тоҷикистон равона шудаааст.
Ба гуфтаи оқои Ташрифов, дар ҳоли ҳозир, расман дар Тоҷикистон ҳафт ҳазору 276 нафар муътодони маводди мухаддир сабти ном шудаанд, ки 285 нафар аз онҳоро занон ва духтарон ташкил медиҳанд. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи масъулони маркази бозпарварии “Спин-Плас”, ки ба дармони ҷавонони муътод ба маводди мухаддир машғул ҳаст, дар миёни афроде, ки барои раҳоӣ аз муътодӣ ба онҳо муроҷеъа мекунанд, теъдоде ҳам будаанд, ки доруҳои мухаддирӣ масраф мекардаанд.
Аз сӯйи дигар коршиносон афзоиши масрафи маводди мухаддир ва доруҳои мухаддирӣ дар миёни ҷавононро ба фаъолиятҳои ғайримуасири кормандони интизомии Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо ин маводд марбут медонанд. Ба гуфтаи ин коршиносон камбуди мутахассисони варзида дар бархе аз ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддир, яке аз сабабҳои кундии фаъолияти ин ниҳодҳо будааст.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>