10:55:25 09-уми Майи 2025 сол

ОҒОЗИ МУҲОКИМАИ ҶӮРАХОН ОХУНОВ ДАР ДОДГОҲИ ОЛӢ

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 4-уми август муҳокимаи парвандаи раиси ширкати “Мовароуннаҳр”-ро оғоз кард. Додситони кулли Тоҷикистон Ҷӯрахон Охунов, раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”, ки ба сохтмони маскан машғул буд, дар “қаллобӣ ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон” муттаҳам карда буд.

/images/stories/2011/08/04_sudi-oli_4.8.2011.jpgВале, дар оғози муҳокимаи парванда дар додгоҳ эълом шудааст, ки оқои Охунов ҳамчунин ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ низ муттаҳам шудааст. Шӯҳрат Қодиров, вакили мудофеъи оқои Охунов ба Би-би-сӣ гуфт, ки иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ ду соли пеш матраҳ шуда буд, аммо сипас лағв шуда буд. Вале дар ҷараёни нахустин ҷаласаи додгоҳ дар робита ба парвандаи оқои Охунов додситонӣ ин мавзӯъро ғайричашмдошт барои вакили мудофеъ дубора матраҳ кард.

Ба гуфтаи оқои Қодиров ин парванда аз сӯйи Шавкат Абдулхайров, қозии Додгоҳи олии Тоҷикитсон аз рӯи ду модаи қонуни кайфарӣ баррасӣ мешавад. Дар сурати таъйиди ин ду иттиҳом, додгоҳ метавонад, оқои Охуновро аз даҳ то понздаҳ соли зиндон маҳкум кунад.

Вале, ба гуфтаи оқои Қодиров, тибқи лойиҳаи қонуни авфи Тоҷикистон, ки ахиран ба порлумони ин кишвар барои баррасӣ ироа шудааст, раиси ширкати “Мовароуннаҳр” бояд “ҳатто дар сурати собит шудани ҷиноят, аз зиндон озод шавад.”

Оқои Қодиров афзуд: “Вақте ин қонун ба тасвиб расид, мо мушаххас хоҳем кард, ки муваккили ман таҳти иҷрои кадоме аз муфоди ин қонун қарор мегирад. Вале, тибқи тарҳи пешниҳодшуда, Ҷӯрабек Охунов бояд авф шавад.”

Зимнан, Ҷӯрабек Охунов 9-ми ноябри осли 2010 аз сӯйи масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон ба иттиҳоми тасарруф ва фиреби мизоҷон боздошт шуда буд. Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки ин ниҳод далоили кофӣ барои боздошти ӯро дар ихтиёр дорад. Вай аз ҷумла иддаъо кард, ки бозрасон собит кардаанд, ки раиси ширкати “Мовароуннаҳр” дар чанд маврид як оппортумонро ба ду нафар ба фурӯш гузошта ва аз онҳо маблағ гирифтааст. Вале масъулони “Мовароуннаҳр” ин иддаъоро радд мекунанд.

Ҳамчунин гузориш шуда буд, ки маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон фаъолияти ширкати “Мовароуннаҳр”-ро мавриди таҳқиқ қарор дода ва мавориди сирқат дар фаъолияти ин ширкат ҷой надоштааст. Ҳарчанд ин бозрасӣ бар асоси ҳукми Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом шудааст, вале бо ин вуҷуд, парвандаи Ҷӯрабек Охунов ба додгоҳ ироа шуд.

Баъд аз боздошти Ҷӯрабек Охунов, фаъолияти ширкати “Мовароуннаҳр” комилан мутаввақиф шуд. Манобеъи ин ширкат мегӯянд, ки ҳудуди 500 тан аз муштариёни ин ширкат, ки сохтмони манозили маскунии худро сармоягузорӣ кардаанд, кумитаеро барои дифоъи Ҷӯрабек Охунов таъсис доданд.

Дар тӯли ин муддат ба ибтикори ин кумита, унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ниҳодҳои зирабт ҳудуди 25 муроҷеъатномаҳо ирсол шуд, ки дар бештаре аз онҳо озодии оқои Охунов талаб шуда буд. Ба эътиқоди масъулони ин кумита, дар сурати озодии Ҷӯрабек Охунов онҳо имкон пайдо хоҳанд кард, ки маскан ва ё пули масрафшудаи худро бозпас бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар гузашта “Мовароуннаҳр” бузургтарин ширкати сохтмонии маскан дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва арзиши манозили сохтаи онҳо дар муқоиса бо ширкатҳои дигар арзонтар буд.

Ба ин далел, онҳо мегӯянд, чунин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки қазияи раиси ширкати “Мовароуннаҳр” як амали тарҳрезишуда, ба суди ширкатҳои дигари машғули сохтмони маскан дар Душанбе бошад ва гурӯҳҳое дар бозори сохтмон ба нокомии "Мовароуннаҳр", алоқаманд ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ