АЗ МӮҲЛАТИ ҲАБСИ ЁҚУБ САЛИМОВ ДУ СОЛ КАМ ШУД
Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ, акнун танҳо наздик ба 5 соли дигар дар зиндон боқӣ хоҳад монд. Як манбаъ дар Раёсати умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ин тасмим дар пайи иҷрои Қонуни афв сурат гирифт, ки ҳафтае қабл аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон тасвиб ва аз сӯи раисиҷумҳур ба имзо расид.
Бино ба қавли ин манбаъ, фармондеҳи собиқ ва вазири пешини умури дохилӣ, Ёқуб Салимов, ҳудуди панҷ соли дигар дар зиндон боқӣ хоҳад монд. Ин дар ҳолест, ки наздикони ӯ, аз ҷумла модараш борҳо ба идораҳои давлатии Тоҷикистон нома навишта ва аз вазъи сиҳҳати ӯ дар як соли ахир изҳори ташвиш кардаанд. Онҳо мегӯянд, генерал Салимов ҳоло аз бемории қалб, ревматизим ва биноӣ ранҷ мебарад.
Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон, соли 1997 ба ҳамдастӣ дар ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам шуда, аз Тоҷикистон фирор кард. Ӯ соли 2003 дар шаҳр Маскав боздошт гардид ва дар соли 2004 бо тақозои мақомоти Душанбе, ба Тоҷикистон оварда шуд.
Генерал Ёқуб Салимов 25-уми апрели соли 2005 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҷароими сангине ба мисли хиёнат ба ватан, ҳифзу тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб, ки паёмадҳои вазнин ба дунбол доштааст, ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.
Бо ҳукми додгоҳ ҳамчунин генерали собиқи тоҷик аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ маҳрум гардид. Ёқуб Салимов аз фармондеҳони маъруфи Фронти Халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буда, дар соли 1992 дар амри ба сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон, нақши муҳиме доштааст.
Афви Ёқуб Салимов дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки дар арафаи эълони афв расонаҳо ва таҳлилгарон борҳо ба эҳтимол ва зарурати афв шудани ӯ ишора мекарданд. Бархе аз нашрияҳо ёдовар мешуданд, ки Салимов раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳама ба ҷонаш дар Хуҷанд ҳифз кард ва наҷот дод.
«Озодӣ»