09:22:11 02-уми Марти 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Март 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БА ШАРТҲОИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО БАРОИ ОШТӢ ФИКР ХОҲАД КАРД

 

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба бародарон Ҳоҷиакбар ва Нуриддин Тӯраҷонзодаҳо, рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои ин кишвар пешниҳод кардааст, ки қазияи додгоҳиро бо “мусолеҳа” анҷом бидиҳанд.

nuriddinҚарор буд имрӯз, рӯзи 25-уми январ додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасии шикояти бародарон Тӯраҷонзодаҳоро алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзодаро оғоз мекард. Аммо додгоҳ хостааст, ки тарафҳо бо ҳам созиш кунанд. Оқои Тӯраҷонзода, ки пас аз ин ҷаласаи додгоҳӣ бо хабарнигрон сӯҳбат мекард гуфт, ки пешниҳоди додгоҳро эътироф кардааст. Ӯ гуфт: “Мо гуфтем бале, худо тарафдори сулҳу хайр аст. Мо аз ҳамин даъвобозиҳо худамон дар хиҷолат ҳастем.”

Аммо оқои Тӯраҷонзода афзуд, ки “оштиро” дар сурати иҷрои ду шарти аслӣ аз сӯи раиси Шӯрои уламо хоҳанд пазируфт. Яке ин ки қарор шӯро дар бораи бародарон Тӯраҷонзодаҳо ботил шинохта шавад ва дигар ин, ки иҷозаи фаъъолият ба масҷиди марбут ба ин хонавода дар ноҳияи Ваҳдат содир шавад. Нуриддин Тӯраҷонзода, ки низ дар ҷаласаи нахустини додгоҳ ҳузур дошт, дар сӯҳбат бо хабарнигорон танҳо илова кард, ки “Сулҳа худо дуст медорад.”

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон пас аз ҷаласаи додгоҳ аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ кард. Аммо Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеъи оқоён Тӯраҷонзодаҳо гуфт, ки раиси шӯрои уламо аз пешниҳоди раёсати додгоҳ дар бораи мусолеҳа истиқбол кард вале гуфт, ки дар мавриди иҷрои шароити тақозошуда аз сӯйи Тӯраҷонзодаҳо ба вақт ниёз дорад. Вакили мудофеъи оқоён Тӯраҷонзодаҳо гуфт: “Раиси шӯрои уламо ҳамчунин гуфт, ки намехоҳад қазия сиёсӣ шавад.”

Оқои Ёров дар ин бора гуфт: “Ба гуфтаи онҳо ботил кардани қарори Шӯро вақт мехоҳад, зеро бояд меканизми онро пайдо кунанд. Хуб, механизмаш ҳам эҳтимолан ин хоҳад буд, ки як қарори дигар қабул кунанд.”

Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода дар бораи қароре, ки ботил шуданашро тақозо кардааст, гуфт: “Қароре, ки бароварданд (Шӯрои уламо) дар ҳаққи мо золимона аст, мо шиъа нестем, моро шиъа гуфтанд. Шӯро бояд як қарор барорад ва инро эътироф кунад, ки ин ҳарф хато аст ва мо шиъа нестем.”

Шикояти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода алайҳи Сайидмукаррам Абдулқодирзода пас аз нашри баёнияе марбут ба ӯ аз номи Шӯрои уламо оғоз шуда буд. Оқои Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистонро ба тақаллуб дар таҳияи баёнияи ин ниҳод ва тавҳин алайҳи хонаводаи худ муттаҳам кардааст.

Дар баёнияи Шӯрои уламои исломӣ омада буд, ки бародарон Ҳоҷӣ Акбар ва Нуриддин Тӯраҷонзода дар масҷиди таҳти назари худ дар ноҳияи Ваҳдат маросими "Ошӯро"-ро, ки хосси мазҳаби шиъаи ислом аст, баргузор карда ва аз ин роҳ қасд доштаанд дар миёни мусалмонон "фитна" ангезанд.

Аммо бино ба иддаъои оқои Тӯраҷонзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ бидуни машварат бо аъзои ин шӯро аз номи ин ниҳод баёния мунташир карда ва хонаводаи ӯро ба пайравӣ аз мазҳаби шиъа муттаҳам кардааст.

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 27.01.2012 15:08
салом ба мардуми тоҷик бидонед ки худованд мусулмонони ҳақиқиро ёрдам мекунад
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi