17:24
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ТАРМАФАРОӢ ҲАМ ДАР ҶИРГАТОЛ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТРО ҚАТЪ НАКАРД
Мақолаҳо - Иҷтимоъ
05.02.2012 11:53

Бориши зиёди барф ва шамоли сахту хунукиҳои зиёд дар манотиқи кӯҳистони кишвар боиси пайдо гардидани мушкилиҳои зиёд барои мардум ва нақлиёт гардидааст.

тарма ЧиргатолБахусус бориши аз меъёр зиёди барф дар ноҳияи Ҷиргатол кори ҳамаи ниҳодҳои ноҳияро душвор намуд. Агар аз як тараф омадани тарма дар роҳҳои автомобилгард ҳаракати мунтазами нақлиётро халалдор карда бошад, аз тарафи дигар боришоти беисти барф кори кормандони хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияро низ вазнин намудааст.

Имрӯзҳо ҳама ниҳодҳои ноҳияи Ҷиргатол дар навбатдории шабонарӯзӣ қарор доранд. Бахусус ситоди ҳолатҳои фавқулода ҳар лаҳза маълумотҳоро аз гӯшаву канори ноҳия ҷамъоварӣ намуда, ҳамаи воситаву имкониятҳои мавҷударо баҳри бартараф намудани офати табиӣ сафарбар намудааст.

Қутбуддин Муродов, сарвари ниҳоди дар ноҳияи Ҷиргатол будаи вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар иртибот бо вазъи кунунии ноҳияи Ҷиргатол иброз дошт, ки кори шабонарӯзӣ ва дастаҷамъонаи ниҳодҳои муталиф имкон медихад, ки роҳҳо сари вақт кушода шаванд, алоқа қатъ нагардад ва муассисаҳои тандурустиву дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия фаъолияти худро дар реҷаи муқаррарӣ пеш баранд.

Имрӯзҳо яке аз муҳимтарин шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ шоҳроҳи Душанбе -Ҷиргатол- Саритош кушодааст ва нақлиёти мусофирбару боркаш мунтазам ҳаракат карда истодаанд. Вале ба гуфти мутахассисон рӯзҳои наздик то ба эътидол омадани боду ҳаво аз сафар кардан ба минтақаҳои кӯҳистон бояд худдорӣ намуд.

Далер Сафаров, ноҳияи Ҷиргатол барои «Рӯзгор»

Миқдори нигориши мавод: 177

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh