02:06:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"МАЪРИФАТИ ИСЛОМ" ДАР СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Ба барномаи таълимии мадориси ҳамагонии Тоҷикистон дар соли нави таҳсил, барои бори нахуст фанни "маърифати ислом" ворид шудааст. Ин фанн дар клосҳои 8 ва 9 бар авази фанни таърихи адён ҳафтае як соат тадрис мешавад. Тадриси ин фанни ҷадид барои наврасони тоҷик дар мактабҳои давлатӣ дар миёни ҷомеъа тарафдорон ва мухолифони худро доштааст.

Дар ҳоле, ки хонаводаҳои суннатгарои Тоҷикистон аз тасмими вазорати маъорифи ин кишвар дар бораи ворид кардани фанни "маърифати ислом" истиқбол мекунанд, аммо хонаводаҳое низ зиёданд, ки тадриси ин фаннро дар мактабҳои кишваре секулор амри нодуруст мепиндоранд. "Маърифати ислом" пас аз баҳсу баррасиҳои доғ перомуни ин мавзӯъ дар маҳофили масъулони давлатӣ ва равшанфикрони тоҷик ба барномаи таълими мадориси Тоҷикистон ворид шудааст.

 

Масъулони Вазорати маъорифи Тоҷикистон далели ин тасмими мақомоти вазорати маъорифро афзоиши гаравиши ҷавонони тоҷик ба мазоҳиб ва фирқаҳои ғайриҳанафӣ хонданд.

Мирзошариф Шодиев, масъули бахши мадориси ҳамагонӣ ва касбии Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар ин бора ба Би-би-сӣ гуфт: "Шумо медонед, ки ахиран дар Тоҷикистон тарафдорони ҷараёниҳои мухталифи ислом аз ҷумла салафиҳо афзоиш ёфтааст. Ба назари мо, ин раванд ба сатҳи поини огоҳии ҷавонони мо дар бораи ислом, реша ва ҳадафҳои он марбут аст. Барои ҳамин беҳтар аст, ки онҳо дар мактаб аз таърихи пайдоиш ва арзишҳои ислом огоҳ шаванд."

Мақомоти давлатии Тоҷикистон нигаронии худро дар мавриди ин раванд борҳо дар маҳофили мухталиф изҳор доштаанд ва рӯзи сешанбе, 1 сентябр низ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоташ бо донишҷӯён ва омӯзгорони тоҷик, ки ба таври мустақим дар шабакаи аввали телевизиюни кишвар пахш мешуд, ба ин мавзӯъ ишора кард.

Вай гуфт: "Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни мамлакатамон баъзе гурӯҳҳои экстремистии диние пайдо шудаанд, ки ҳадафи фаъолияти онҳо ҷудоиандозӣ дар байни мусулмонон мебошад. Ин масъала набояд аз мадди назари мову шумо дур бошад. Зеро мақсади ин гурӯҳҳо таҳмил кардани ақидаҳои носолим дар миёни ҷомеъа, алалхусус ҷавонони мо мебошад."

Оқои Раҳмон дар ин мулоқот ҳадаф аз ворид кардани фанни "маърифати ислом" дар барномаи таълимии мактабҳои ҳамагониро чунин шарҳ дод: "Бо ин роҳ мо метавонем хонандагону донишҷӯёнро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем."

Дар ҳоле, ки дар мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон фанни ҷадиди "маърифати ислом" дар соли ҷадиди таҳсил барои бори нахуст тадрис хоҳад шуд, фанни мавсум ба "таърихи адён" аз барномаи таълимии мадориси ҳамагонӣ барчида шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi