19:39:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БЕЭЪТИМОДИИ ХАЛАБОНҲОИ “ТОҶИК ЭЙР” БА МУДИРИЯТИ ИН ШИРКАТ

Халабонҳои ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯянд, ки мудирияти ин ширкат онҳоро маҷбур мекунад, ки дар ҳавопаймоҳои фарсудае, ки эҳтимоли суқуташон мавҷуд аст, парвоз кунанд.

tajikairИн матлаб дар баёнияе, ки онро 51 нафар аз халабонҳои ин ширкат имзо кардаанд, эълом шудааст. Ин халабонҳо зимни ибрози беэътимодӣ нисбат ба Музаффар Исоқов, раиси “Тоҷик Эйр”, ҳамчунин гуфтаанд, ки мудирияти ширкат мусофиронро "фиреб медиҳад."

Дар баёния омадааст: “Музаффар Исҳоқов аз халабонхо тақозо дорад, ки барои парвоз аз фурӯдгоҳи Душанбе камтар маводди сӯхтӣ пур кунанд. Зеро қимати он дар ин фурӯдгоҳ гарон аст. Вале ин амр ба амнияти парвоз халал мерасонад, зеро дар фасли сармо мавориди зиёде мешавад, ки ба далели вазъи ҳаво мо ночор мешавем ба фурӯдгоҳи дигар биравем.”

Вале ба иддаъои халабонҳо, оқои Исҳоқов ҳушдор додааст, ки агар халабонҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе маводди сӯхтии бештар пур кунанд, вай онҳоро аз кор барканор мекунад. Ин дар ҳолест, ки худи оқои Исҳоқов дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошта буд, ки ба далели гарониии нархи маводди сӯхтӣ дар Душанбе, ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар фурӯдгоҳҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Туркманистон ва Қазоқистон, сӯхтгирӣ мекунанд.

Халабонҳои ин ширкат ин амрро "фиреби мусофирон" арзёбӣ кардаанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, дар қимати билети парвоз нархи гарони маводди сӯхтӣ дар назар гирифта шудааст, вале раҳбарии ширкат ба манзури ба даст овардани суди бештар дар фурӯдгоҳҳои кишварҳои дигар маводди сӯхтӣ пур мекунад.

Дар баёния омадааст: “Ин фиреб аст. Нахуст, бояд мусофирро қабл аз харидани билет огоҳ мекарданд, ки дар тӯли сафар ҳавопаймо дар шаҳри дигаре низ фурӯд меояд. Зеро дар ин сурат тӯли парвоз бамаротиб афзоиш меёбад. Вале дар ин бора ба мусофирон замоне эълом мекунанд, ки дари ҳавопаймо баста мешавад ва мусофирон гаравгон мемонанд.”

Аз сӯйи дигар, халабонҳо иддаъо доранд, ки ҳавопаймоҳои ин ширкат, ки умдатан ба иҷора гирифта шудаанд, аз лиҳози фаннӣ барои парвоз омода нестанд (аварийний), вале Музаффар Исҳоқов халабонҳоро маҷбур мекардааст, ки парвозро анҷом диҳанд. Дар сурати сарпечӣ аз ин амр халабонҳо бо хатари барканорӣ аз шуғли худ рубарӯ мешаванд.

Ҳамчунин, халабонҳо иддаъо доранд, ки онҳо водор мешаванд, ки дар шабонарӯз беш аз 16 соъат кор кунанд, ки тибқи меъёрҳои ҳавонавардӣ қобили қабул нест. Зеро дар ин ҳолат эҳтимоли суқути ҳавопаймо афзоиш меёбад.

Ба қавли халабонҳо, мудирияти “ТоҷикЭйр” пайваста изҳор медорад, ки бояд дар чунин шароит кор кунанд ва “агар намехоҳед, хоҳишмандони кор зиёд ҳастанд.” Ин дар ҳолест, ки дар ин ширкат камбуди халабонҳо эҳсос шуда ва раёсати “Тоҷик Эйр” халабонҳоро аз Литвонӣ, Чин ва Қирғизистон ба кор даъват мекунад.

Дар баёния омадааст, ки дар ҷаласаи ҳайъати халабонҳои ширкати “Тоҷик Эйр” тасмим шудааст, ки ба Музаффар Исҳоқов ва чанд тани дигар аз масъулони ин ширкат адами эътимод эълом шавад. Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи ширкати “Тоҷик Эйр” ва масъулони дигари ин ширкати ҳавопаймоӣ ҳозир нашуданд дар бораи баёнияи халабонҳо ибрози назар кунанд.

Аз сӯйи дигар, дар як соли ахир барои бори нахуст нест, ки кормандони “Тоҷик Эйр” аз фаъъолияти Музаффар Исҳоқов интиқод мекунанд. Дар пойизи соли гузашта оқои Исҳоқов чанд тан аз кормандони ин ширкатро аз симатҳояшон барканор кард.

Бархе аз ин афрод аз ин тасмими ӯ ба додгоҳ шикоят бурда ва ба симатҳои худ барқарор шуданд. Вале ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар ниҳоят, ин афрод бо далоили мухталиф водор шуданд, ки ин ширкатро тарк кунанд.

Ҳамчунин, гурӯҳе аз кормандони “Тоҷик Эйр” бо ирсоли номаҳои саргушода ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ожонси мубориза бо фасод аз вуҷуди фасоди густарда дар фаъолияти ин ширкат шикоят карданд.

Дар як соли ахир мусофирон низ талош мекунанд, ки умдатан аз парвозҳои “Сомон Эйр”, ширкати дигари ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки хусусӣ аст, истифода кунанд, зеро хадамоти ин ширкат беҳтар арзёбӣ мешавад ва ҳавопаймоҳои ҷадиде ҳам харидорӣ кардааст.

Аз сӯйи дигар, “Тоҷик Эйр” дар як соли ахир талош кардааст, ки бо харидории як ҳавопаймои ҷадиди сохти Чин масирҳои нави парвози ҳавопаймоҳои худро роҳандозӣ кунад. Аз ҷумла, эълом шуд, ки ин ширкат парвозҳо ба шаҳрҳои Машҳади Эрон ва Истонбули Туркияро аз сар мегирад. Вале баъд аз анҷоми ду-се парвоз, масъулони ночор шуданд ин парвозҳоро ба таъвиқ дароваранд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi