12:20:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲНИТ ГУФТ, "СОБИРИ ВАНҶӢ" ҲЕҶ ГОҲ УЗВИ ҲИЗБ НАБУД

Собир Ардабоев ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда ва эътироф кардааст, ки узви ҲНИТ мебошад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон узвияти Собир Ардабоев дар ин ҳизбро рад кард.

geroinҲНИТ дар раддияи худ ба номи  Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навиштааст, иттилои ин идора дар бораи узви ҲНИТ будани Ардабоев тӯҳмате беш нест. "Собир Ардабоев ва Назриаллоҳ Ҷаъфаров, ки аз тарафи ниҳодҳои амниятӣ боздошт шудаанд, ҳаргиз узви Ҳизби наҳзати исломӣ набуданд",-таъкид шудааст дар раддия.

Дар идомаи он мехонем, "дар содир намудани ҷиноят ва қонуншиканиҳо аъзои ҲНИТ кам андар кам даст доранд. Аммо бо дар амал сурат гирифтани қонуншикание дарҳол мақомот ҳизбияти гумонбарро муҳим шуморида, бо ангушти иттиҳом ба сӯи ҲНИТ ишора мекунанд. Аммо дар мавриди ҷиноятҳои аъзои ҲХДТ, ки ба ҳама гуна ҷиноят даст мезананд, мақомот ҳизбияти онҳоро ошкор намесозанд."

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон гуфтанд, гурӯҳеро ошкор кардаанд, ки бино ба тафтиши пешакӣ, раҳбари он яке аз аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) будааст. Дар ин бора Нозирҷон Бӯриев, масъули дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод.

Вай гуфт, Собир Ардабоев, ки ӯро бештар бо номи "Собири ванҷӣ" мешиносанд, аз аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ будааст. Бино ба хабари ин манбаъ, 3-юми феврал якҷоя бо Ардабоев як нафари дигар низ ҳангоми раҳсипор шудан аз ноҳияи Рӯшон барои интиқоли тақрибан 20 кило ҳашиш боздошт гардидааст.

Кормандони амнияти миллӣ мегӯянд, ин гурӯҳ бо гурӯҳе аз Афғонистон ҳамкорӣ дошта, номи ҷониби дигар ҳам барои онҳо маълум аст. Шоми панҷшанбе, 9-уми феврал, Собир Ардабоев дар лаҳзаҳое аз навори бозпурсӣ, ки тавассути телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд, эътироф кард, аз соли 2006 узви Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар минтақа буда, пас аз ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дуввумин ҳизби нерӯманд дар Тоҷикистон дониста мешавад. Дар ҳоли ҳозир теъдоди аъзои ин ҳизб тақрибан ба чиҳил ҳазор нафар мерасад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi