21:58:03 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ЛАТИФИ ПИДРОМ - ШАҲРВАНДИ ИФТИХОРИИ ТОҶИКИСТОН

Шоир, раиси Кунгураи миллӣ ва узви порлумони Афғонистон шаҳрванди ифтихории Тоҷикистон шуд. Латифи Пидром зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ин унвони пурифтихорро дар ҷараёни маросими таҷлили расмии Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб, тавассути Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб, дарёфт кардааст.

/images/stories/2012/03/23_latif-pedrom-23312.jpgӮ аз лутфи давлату миллати Тоҷикистон изҳори сипосгузорӣ карда ва гуфт, "воқеан ин рӯзи беназир дар зиндагии сиёсӣ ва фарҳангии ман ба унвони як тоҷик аст." Ҷаноби Пидром аз аввалҳои соли 1990 ба ин сӯ дар Тоҷикистон ба унвони як шоир шинохта шуда ва маҷмӯи шеъри ӯ низ бо ҳуруфи сириллик нашр шудааст.

Латифи Пидром аз сӯи Анҷумани "Пайванд" ба манзури ширкат дар ҷашнҳои марбут ба "Наврӯзи байналмилалӣ - 2012" дар Тоҷикистон даъват шудааст ва рӯзи 22-юми март бо ҷамъе аз меҳмонон дар барномаҳои таҷлили расмии Наврӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб ширкат кард. Ба гуфтаи ӯ, барномаҳои ҷашнӣ ба ифтихори бузургдошти иди миллии форсизабонҳо дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷараён дорад ва мизбони "Наврӯзи байналмилалӣ - 2012" будани Душанбе низ далели он аст, ки ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ мақоми вижае дорад ва метавонад ба унвони меросбари фарҳангу тамаддуни сулҳофарин иқдомоти муҳиму муассирро амалӣ созад.

Ҷаноби Пидром ба ин бовар аст, ки Наврӯз омили сулҳу субот ва осоиштагист ва метавонад фазои муносиберо барои ҳалли мушкилот, махсусан, мушкилоти Афғонистон фароҳам кунад.

Бо ин ният, вай иброзӣ умедворӣ кард, ки Афғонистон битавонад дар соли оянда ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо ҳузури ҳамсоягону намояндагони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҷлил кунад ва дар ин замина вилояти Балх, зодгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба унвони беҳтарин мизони ин иди бузург хоҳад буд.

Дар зимн, Латифи Пидром, раиси Кунгураи миллӣ ва вакили порлумони Афғонистон аз аъзои фаъоли раёсати олии Анҷумани "Пайванд" буда ва "шаҳрванди ифтихорӣ"-ро касб кардани вай низ барои хадамоти шоёнаш дар густариши муносибатҳо ва равобиту ҳамкориҳо миёни Афғонистону Тоҷикистон аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳайате аз Афғонистон ба раҳбарии Ҳомиди Карзай, рӯзи шанбеи 24-уми март вориди Тоҷикистон хоҳад шуд ва дар ҷашнҳои марбут ба "Наврӯзи байналмилалӣ - 2012" ва "Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон" ширкат хоҳад кард.

Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi