10:11:18 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РУСИЯ МАҲСУЛОТИ РУСТАНИИ ТОҶИКИСТОНРО "ЧАП ГИРИФТ"

Русия аз нимаи дувуми моҳи апрел воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистон ба ин кишварро манъ хоҳад кард.

/images/stories/2012/04/14_piyoz-kartoshka-1412.jpgБино ба хабарҳо, сар аз 16-уми апрели соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти рустанӣ аз Тоҷикистону Озарбойҷон ва Узбакистон дар бордону ҷомадонҳои дастӣ ба Русия манъ хоҳад шуд. Зеро ба таъкиди “Росселхознадзор”, ниҳоди нозир бар тавлидоти кишоварзӣ, воридоти рустаниҳои зиёновар ба Русия аз ин кишварҳо афзудааст.

Ба қавли масъулони ин ниҳод, дар соли 2011-ум, аз ҷумла аз Тоҷикистон 228 мавриди овардани рустаниҳое сабт шуда, ки воридоти онҳо ба Русия мамнӯъ будааст. Аз Узбакистон ҳам бештар аз 120 бор талош шудааст, то тавлидоти мамнӯъро ба қаламрави Русия ворид намоянд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ “Росселхознадзор” бо нашри баёнияе гуфта буд, онҳо “аз ҳаққи манъи воридоти тавлидоти кишоварзӣ" аз ин кишварҳо бархӯрдоранд ва ин амр бо қонунҳои байнулмилалӣ муғойират надорад.

Соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Русия борҳо аз тавоноиҳои "Росселхознадзор" ва "Роспотребнадзор"-и худ бар зидди кишварҳо истифода кардааст. Қаблан, дар авҷи бад шудани робитаҳои Русия бо Гурҷистон, Молдова ва Беларус Маскав ба таҳрими майи гурҷиву молдовӣ ва шири беларусӣ даъват карда буд.

Русия чунин маҳдудиятро барои меваҳои хушки Тоҷикистон дар соли 2010-ум ва он ҳам ба дунболи бурузи бемории фалаҷи атфол ё полиомиелит ҷорӣ намудааст, ки баъдан лағв шуд. Ҳамчунин, дар пайи баҳси додгоҳии ду халабони ширкати русии "Ролкан" дар моҳи ноябри соли 2011-ум "Росселхознадзор" таҳдид намуд, ки воридоти маҳсулоти зироатӣ аз Тоҷикистонро мамнӯъ хоҳад кард.

Ин изҳороти хадамоти "Росселхознадзор"-и Русия баъд аз баёнияи раиси “Роспотребнадзор” ва сарпизишки санитарии Русия Геннадий Онишенко он замон дувумин даъват ба таҳримҳои зидди Тоҷикистон буд. Онишенко гуфт, бояд вуруди тоҷиконро ба Русия манъ кард, зеро бемориҳои вогир, аз ҷумла сил ва СПИД дар байни онҳо зиёд аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi