13:38:17 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ЯК КУШТА ДАР ЗИЛЗИЛАИ ТОҶИКИСТОН

Соати 04:28 дақиқаи субҳи рӯзи 13-уми май, заминларзаи шадиде Тоҷикистонро такон дод. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, маркази заминларза дар152 километрии шимолу шарқи Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт будааст.

/images/stories/2012/05/13_khonai-vayron-13512.jpgШиддати зилзила дар маркази он 5-6 дараҷа, дар шаҳри Душанбе 4 дараҷа ва дар ноҳияи Рашт 6 дараҷаро ташкил додааст. Аммо созмони геологии Амрико маркази ин офатро тақрибан 100-километрии шимолушарқи Кӯлоб ва шиддаташро 5,7 балл ҳисоб кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари ин зилзила Шоев Қудрат, соли таваллудаш 1953, сокини деҳаи Пандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори таҳоратхона монда, ҳалок шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари ин зилзила ҳамчунин даҳҳо манзил дар деҳоти шарқи кишвар тахриб шуда ва мардум бе сарпаноҳ мондаанд. Заминларза инчунин роҳи мунтаҳӣ ба шарқи кишварро низ хароб карда ва ин роҳ дар ҳоли ҳозир ниёз ба поксозӣ ва таъмир дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамакнун комиссияи ҳолатҳои фавқулодда барои бартараф кардани оқибатҳои ин офати табиӣ ба кор оғоз кардааст. Тибқи гуфтаи мутахассисон, Тоҷикистон як минтақаи зилзилахез маҳсуб шуда, ҳамасола ҳазорҳо ларзиши замин дар ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi