БОЗДОШТИ САРДОРИ ГУМРУКИ ПАНҶИ ПОЁН
Сардори гумруки гузаргоҳи Панҷи поён ба гумони "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" дастгир шудааст. Сарҳанг Абулхайр Мӯъминов, сардори Идораи гумруки Панҷи поён дар асоси қисми аввали моддаи 316-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне бо иттиҳоми «берун рафтан ҳадди ваколатҳои хидматӣ» аз сӯи мақомоти амниятӣ боздошт шудааст.
Дастури ҳабси пешакии Абулхайр Мӯминов, сардори Идораи гумруки Панҷи поён тавассути додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе содир шудааст. Аммо тарафи мудофиъаи полковник Мӯъминов тасмими додгоҳ дар мавриди ҳабси пешакии зерҳимояи худро ғайри қонунӣ медонад.
Коршиносони ҳуқуқӣ низ мегӯянд, ки барои берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ то ҳукми додгоҳ гумонбар ё муттаҳам метавонад дар озодӣ бошад, аммо додгоҳ ба далели он ки дар озодӣ будани Муъминов имкон даорад ба раванди тафтиши парванда халал ворид кунад, ҳукми боздоти ӯро содир кардааст. Тафтиши муқаддамотии қазияи мазкур тавассути бозрасони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ анҷом дода мешавад.
Гуфта мешавад сарҳанг Абулхайр Муминов ба унвони сардори Идораи гумруки Панҷи поён ба зердастони худ дастури ғайриқонунӣ дода ва ҳамчунин барои убури ғайримуҷози мошини борбар мусоидат кардааст. Ҷуъзиёти бештари қазия ошкор нашудааст. Дар сурати таъйиди иттиҳом ба ин навъи ҷиноят қонунгузории кишвар ҷарима аз 500 то 1000 ҳадди ақали маош ва ё то чаҳор соли зиндон пешбинӣ мекунад.
«Озодӣ»