17:26:36 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАХУСТИН ЗАХМИҲО БА ДУШАНБЕ ИНТИҚОЛ ДОДА ШУДАНД

Бино ба иттилои як манбаъ дар вазорати умури дохилӣ, нимаи дуввуми рӯзи сешанбе тавасути чархбол аз Хоруғ ҳудуди 8 корманди ВУД ва КДАМ ба пойтахт интиқол дода шуданд. Ин манбаъ вазъи ду тан аз ин захмиёнро вазнин арзёбӣ кард.

/images/stories/2012/07/24_gbao-khorugh-240712.jpgИн афрод дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои қудратӣ дар мавзеъҳои Хоруғи боло, Хлебзавод ва Шошхоруғ алайҳи гурӯҳҳои созмонёфта захмӣ шуда ва ҳоло дар бемористони вазорати дифоъ воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Ин манбаъ хабари кушта шудани сарбозони давлатиро дар ин амалиёт тасдиқ кард, вале дар мавриди шумораи дақиқи онҳо изҳори бехабарӣ намуд. Вай афзуд, ки дар парвози нахустини чархбол ба Душанбе кӯшиш шудааст, ки аввал захмиҳоро интиқол диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бемористони вазорати дифоъ воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, Қаряи Боло ва шумораи 5 мавсум ба "Медгородок"-и шаҳри Душанбе дастур гирифтаанд то ҷиҳати қабули маҷрӯҳон омодагиҳои лозимро бигиранд.

Ҳамзамон, ба мушоҳидаи хабарнигори мо дар бемористони вазорати дифоъ тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст.

"ТОЛИБ АЁМБЕКОВ БА АФҒОНИСТОН ФИРОР КАРДААСТ"

Дар ин бора, як манбаи мӯътамади радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манобеи мустақил, дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ то кунун ҳудудан 20 нафар кушта шудаанд.

Дар миёни онҳо, яке аз  писарони Аёмбеков ва ҳам Ёдгор Шоҳмусалламов, яке аз фармондеҳони гурӯҳҳои худсар, ки аслан аз Поршнев будааст, ном бурда мешаванд. Аз рӯи иттилои як манбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, "амалиёт ба марҳилаи ниҳоиаш расидааст".

ЗАХМӢ ШУДАНИ ДОДСИТОНИ РӮШОН

Тибқи иттилои расида бар асари партоби норинҷак ба манзили додситони ноҳияи Рӯшон дар шаҳри Хоруғ, додситон Нафасбек Чоршанбиев захм бардоштааст.

Яке аз хешовандони Нафасбек Чоршанбиев дар тамоси телефонӣ ба мо гуфт, ки афроди ношинос соати 09:00 субҳи сешанбе ба манзили додситон маводи тарканда партоб мекунанд.

Дар натиҷа Нафасбек Чоршанбиев сахт маҷрӯҳ шуда ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол дода мешавад. Аммо аъзои дигари хонавода аз таркиши норинҷак эмин мондаанд.

Субҳи сешанбе, 24 июл Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, "дар шаҳри Хоруғ амалиёт барои боздошт ва маҳви аъзои гурӯҳи ҷиноятии созмонёфта оғоз шуд." Вай афзуд ин гурӯҳҳо бояд боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд.

Ҳамзамон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон субҳи сешанбе бо пахши як баёния аз тариқи шабакаи «Ҷаҳоннамо», Толиб Аёмбековро дар куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон муттаҳам эълон карданд.

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби аъзои дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ва фармондеҳи Бахши сарҳадии минтақаи Ишкошим содир гардидааст.

Аёмбекови 47-сола дирӯз дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки тибқи талаби сохторҳои интизомӣ, аз чаҳор нафар - ду гумонбари ҳодисаи куштори генерал Назаровро ба органҳо таслим кардааст. Вай гуфт, ки дар бораи маҳалли буду боши ду нафари дигар хабар надорад.

Дар  амалиёти низомии зидди Аёмбеков дар маркази Бадахшони Кӯҳӣ  “дар ҳудуди 20 нафар, асосан аз миёни аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, кушта шудаанд”. Тибқи иттилои хабаргузории Итар-Тасс, дар миёни нирӯҳои ҳукуматӣ 9 нафар кушта шуда, 25 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин манбаъ гуфт, манотиқи дигари шаҳри Хоруғ “ором асту вазъиятро нирӯҳои ҳукуматӣ назорат мекунанд”. Вай мегӯяд, ки овозаҳо дар бораи “бомборон ва қатли мардуми зиёд” бепоя буда, амалиёти низомӣ асосан дар ду макони шаҳри Хоруғ – дар маҳаллаи мавсум ба “Хлебозавод”, маҳалли иқомати Толиб ва “УПД” ҷараён доранд. Аз рӯи иттилои ин манбаъ, қурбониҳо ва зарардидаҳои ин амалиёт  асосан дар миёни “аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ” ба чашм мехӯранд.

Бино ба иттилои бархе манобеъ, эҳтимоли тасодуфан кушта шудани сокинони осоишта низ рӯй додааст. Аз рӯи иттилои ин манбаъ, бархе аз сокинони Хоруғ аз дирӯз талош карданд маҳалҳои зисти худро тарк карда, дар хонаи хешовандон дар манотиқи амн ҷо гиранд. Дигарҳо дар манзилҳои худ монда, кӯшиш мекунанд, ки берун нараванд.

Ҳоло дар Хоруғ Ситоди амалиёти муштараки неруҳои қудратӣ таъсис дода шудааст ва вазъи тамоми шаҳри Хоруғ таҳти назорати неруҳои давлат қарор дорад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ки Толиб Айёмбеков ва ҳамроҳони ӯ аз даъвати мақомот барои бозпурсӣ оид ба ҳодисаи куштори Абдулло Назаров сарпечӣ кардаанд.

Бо вуҷуди пешниҳоди роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони фарҳангиву уламои динии Бадахшон ва музокироти се рўза, Толиб Айёмбеков ҳозир нашудааст силоҳҳои худро ба замин гузошта таслим шавад. Дар ҷавоб Толиб Айёмбеков ба ҷамъоварии афроди мусаллаҳ оғоз кардааст.

Барои анҷоми амалиёти мазкур ҷузъу томҳои нерӯҳои зудамал, Горди президентӣ, ОМОН, Алфа, КГБ, ВКД – ҳама воҳидҳои низомӣ сафарбар карда шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомот эъломи фиристодани нерӯҳои изофӣ аз марказ ба вилояти Бадахшонро рад карда буданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi