11:31:28 23-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

КУМИТАИ УМУРИ ДИНИ ТОҶИКИСТОН БА РИШ КОРЕ НАДОРАД

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, гузоштани риш ба андоза ва ҳаҷми муайян дастури ин Кумита нест. Мавлон Мухторов - муовини аввали раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба мо гуфт, ки ин ҳарф асоси воқеӣ надорад.

/images/stories/2012/12/05_mavlon-mukhtorov-51212.jpgБа назари Мавлон Мухторов масъалаи ришгузорӣ ва риояи зарофатҳои шаръӣ ба ихтиёри бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аст. Аммо яке аз масъулини Маркази исломии Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад мегӯяд, воқеан ду моҳ қабл Кумитаи умури дини Тоҷикистон ба шӯъбаи фатвои маркази исломӣ мактуб фиристода хоста буд, то уламо тибқи талаботи мазҳаби Ҳанафия шаклу миқдори ришмониро муаяйн кунанд.

Уламои марказ баъд аз таҳқиқ ба хулоса омаданд, ки мувофиқи таълимоти мазҳаби Ҳанафия дарозии риш набояд аз як мушт камтар бошад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон, дар робита ба мондани риш мегӯяд, ки “мондани риш як қабза аст, ҳамон риши суннатие, ки Паёмбар (с) мондаанд ва тавсия низ кардаанд»

Соҳиб Абдулоев донишҷӯи Донишгоҳи милии Тоҷикистион мегуяд, ки барои доштани риш ӯро аудитория роҳ намдедоданд ва ночор ришти худро гирифтааст.

Ду сол қабл мақомоти интизомии кишвар як амалиёти ғайрирасмӣ алайҳи ришдоронро пиёда карда буданд, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр афроди ришдор ба хусус шахсонеро, ки  риши дароз доштанд, манъ мекарданд ва ба шӯъбаи умури дохилӣ мебураднд.

Ҳоло дар Тоҷикистон навъҳои мухталифи ришгузорӣ роиҷ аст.Бархе аз афроде, ки худро пайрави салафиҳо мешуморад бо риши то сари сина мегардад, ки бештар ҳамин навъи риш ба чашми мақомдорони умури дохилӣ мехалидааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi