19:11:34 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

35 СОМОНӢ - ҲАҚҚИ ҲХДТ АЗ МУАЛЛИМОН ДАР КӮЛОБ

Аъзоҳаққии яксолаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Кӯлоб аз маоши омӯзгорони аъзои ин ҳизб гирифта мешавад. Омӯзгорон мегӯянд, бидуни розигии онҳо ҳаққи узвият дар ҳизб аз музди моҳонааш нигоҳ дошта мешавад. Фарзона, як омӯзгори ҷавон мегӯяд, аз маоши ӯ 35 сомонӣ гирифтаанд, дар ҳоле, ки ба ӯ ваъда дода буданд, ки аз аъзо шудан ба ҳизб манфиат мебинад.

/images/stories/2012/12/29_maktab-kulob-291212.jpgИн омӯзгор мегӯяд, дар ҳоле, ки пеш аз Соли Нав маош мегирифтанд, муҳосиб рӯйхати аъзоёни ҳизбро нишон дод, ки бояд ҳаққи аъзогӣ супоранд: «Бо ин пули омӯзгорӣ зиндагӣ карда ҳам намешавад. Шояд 35 сомонӣ барои дигарҳо пуле ҳам набошад, аммо барои мо як попушӣ мешавад. Ними пуламонро барои обуна мегиранд, ними дигарашро барои аъзоҳақӣ. Охир ҳамин маблағи камро ҳам мегузоранд, ки дар зиндагиамон истифода барем?»

Самандар, омӯзгори дигар мегӯяд, дар охири сол ҳангоми гирифтани маошаш фаҳмидааст, ки ӯ узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи ӯ, агар мефаҳмид, ки аз маошаш, маблағеро ғасб мекунанд, ҳаргиз аъзои ҳизб намешуд: «Ёд надорам, ки кай аъзо шудаам. Директори  мактаб якбор маҷлис карда дар бораи ҳизб гап зада буд, аммо напурсид, кӣ аъзо мешавад. Дар охири сол фаҳмидам, ки аъзои ҳизбам."

Самандар мегӯяд ба ғайр аз пардохти ҳаққи аъзогӣ узвият дар ҲХДТ дигар бадие надорад ва эҳсос ҳам намешавад.

Дар ҳамин ҳол бархе омӯзгорон мегӯянд, огоҳона аъзои ҳизб шудаанд ва ҳеҷ нороҳатие надоранд. Садафмоҳ Раҷабалиева, як омӯзгори дигар гуфт, мо ҳадафмандона ба ин ҳизб аъзо шудаем ва чанд сомоние супоридан ҳеҷ мушкилӣ надорад: «Ин ҳизб бунёдкор ва ояндадор аст. Барои фаъолиятҳои хуби ҳизб ҳеҷ ҷои бадӣ надорад, ки чанд сомоние дар як сол супорем.»

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар яке аз мактабҳои шаҳр, ки нахост, номашро зикр кунем, гуфт, аъзоҳаққии ҳизб як фоизи маошро ташкил мекунад, ки маблағи ночиз аст. Ӯ гуфт, аз онҳое, ки 20 ва 30 сомонӣ гирифтаанд, ин маблағи яксола ҳаст. Аммо ба гуфтаи ӯ, то кунун касе аз омӯзгорон аз пардохти ҳаққи узвият дар ҳизб расман шикоят накардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Бурҳон Сафарӣ, рӯзноманигори маҳаллӣ, мегӯяд, аъзоҳаққиро бояд аъзои ҳизб аз пеши худ супоранд. Дар сурати маҷбуран супурдани аъзоҳаққӣ аллакай ӯ аъзои ҳизб нест ва ин ҳам аввалин нақзи арзишҳои демократӣ аз ҷониби ҳизб дониста мешавад.

Ҳизби халқӣ-демокартии Тоҷикистон ҳизби ҳокими кишвар буда, аз серъазотарин ҳизби сиёсӣ дониста мешавад. Аъзои ин ҳизб асосан, кормандони давлатӣ ва омӯзгорон мебошанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi